Принсипхои ташаккули сохтори истехсолии корхонахо ва намудхои он

Таҷрибаи кори корхонаҳо се намуди сохтори истеҳсолиро муайян намудааст: сохтори технологӣ, предметӣ ва омехта (технологию предметӣ).

Корхонаҳое, ки сохтори технологӣ доранд сеху участкаҳои онҳо дар асоси ҳамнавъии технологӣ сохта шудаанд. Масалан, дар корхонаҳои бофандагӣ истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ ва рангубор ташкил карда шудааст, ё ки корхонаи мошинсозӣ аз истеҳсолотӣ рехтагарӣ, механикӣ, термикӣ, оҳангарӣ ва ҷамъсозӣ иборат аст.

Чунин сохтор махсусгардонии технологии истеҳсолотро таъмин мекунад, идораи онро осон менамояд.

Аммо сохтори технологӣ аз камбудӣ холӣ нест, чунки дар он дар ҳар як қисми истеҳсолот намудҳои гуногуни маҳсулот истеҳсол мегардад. Аз ин сабаб ҳангоми аз нав омода сохтани таҷҳизот талафоти вақти корӣ зиёд мешавад.

ғайр аз ин, дар сохтори технологӣ таҷҳизотро бо гурӯҳи дастгоҳҳои якхела ҷойгир намудан лозим аст, ки дар натиҷа ҳаҷми кашондани ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр меафзояд ва дарозии сикли истеҳсолӣ зиёд мешавад.

Дар сохтори предметӣ ҳар як сех намуди муайяни маҳсулот ё қисми онро иҷро менамояд. Масалан, дар корхонаи автомобилбарорӣ сехи моторҳо, шассӣ, мости ақиб ва ғайра мавҷуд аст.

ҳангоми истифодаи сохтори предметӣ дар корхона дараҷаи махсусгардонӣ баланд мешавад, барои ҷорӣ намудани техникаи нав шароити хубтар фароҳам мешавад, ихтисоси коргарон баланд шуда, дастгоҳҳо мувофиқи рафти ҷараёни истеҳсолӣ ҷойгир карда мешаванд, сикли истеҳсоли кӯтоҳ мешавад.

Аммо сохтори предметиро на ҳама вақт ҷорӣ намудан мумкин аст, чунки ҳар як сех ё қисми корхона ҳамаи гурӯҳи таҷҳизотро бояд дошта бошад. Дар натиҷа як қисми дастгоҳҳо бо иқтидори пурра кор намекунанд, идораи корхона душвор мегардад ва ғайра.

Бинобар он дар бисёр корхонаҳо сохтори омехта (технологӣ- предметӣ) истифода мешавад. Дар он сехҳои тайёркунанда бо принсипи технологӣ (сехҳои рехтагарӣ, оҳангарӣ) ва сехҳои коркард ва ҷамъсозӣ бо принсипи предметӣ сохта мешаванд.

Омилҳои ташаккули сохтори истеҳсолии корхона ва равандҳои беҳтар намудани он

Сохтори истеҳсолии корхона вобаста ба чунин омилҳо ташаккул меёбад:

Дараҷаи истеҳсолӣ- техникии истеҳсолот;

Дараҷаи махсусгардонӣ ва кооперикунонии истеҳсолот ва шаклҳои онҳо;

Ихтисоси истеҳсолии корхона, яъне характери маҳсулоти корхона;

Навъи истеҳсолот ( оммавӣ, гурӯҳӣ ва воҳидӣ);

Сохтори истеҳсолии бисёр корхонаҳои амалкунанда дигаргуниҳоро талаб мекунад, чунки онҳо дар даврони пешин сохта шудаанд ва ба шароити ҳозира мувофиқ нестанд.

Масъалаи интихоб ва беҳтар намудани сохтори корхона дар ҳолати сохтмони корхонаи нав, васеъкунӣ, азнавсозӣ ва азнав таҷҳизонидани корхонаҳои амалкунанда, тағйир додани ихтисоси корхона, ки дигаргунсозии сохториро талаб мекунад, ҳал карда мешавад.

Равандҳои асосии такмил додани сохтори истеҳсолии корхона чунинанд:

1.Интихоби ҳаҷми оқилонаи корхона ва сехҳо;

2.Интихоби принсипи сохтори сехҳо ва участкаҳои истеҳсолии корхона;

3.Кам кардани вазни қиёсии сехҳо, хоҷагиҳои ёрирасон ва хизматрасон;

4.Оқилона намудани тарзи сохти корхона;

5.Таъмин кардани мутаносибии ҳамаи қисмҳои корхонаи саноатӣ.

6.Дигаргунсозии (таҷдиди) сохтории корхона.

960
Нет комментариев. Ваш будет первым!