Функсия ва принсипҳои асосии менеҷмент.

Фаъолияти мақсаднокеро, ки бо ёрии он дар корҳонаву ташкилотҳои гуногун менеҷерон ба объекти идорашаванда – истеҳсолот ва кормандон дар иртибот бо қорорҳои дахлдор ба самти фаъолият таъсир мерасонанд, функсияҳои менеҷмент меноманд.Нақша:
1.Чор функсияи поягии менечмент
2.Накшагири хамчун унсури мухими менечмент
3.Созмондихи ё ташкил дар раванди идоракуни
4.Мотиватсия ва шархи мухтасари назарияҳои он.

Фаъолияти мақсаднокеро, ки бо ёрии он дар корҳонаву ташкилотҳои гуногун менеҷерон ба объекти идорашаванда – истеҳсолот ва кормандон дар иртибот бо қорорҳои дахлдор ба самти фаъолият таъсир мерасонанд, функсияҳои менеҷмент меноманд. Воқеан, моҳияти менеҷмент дар чор функсияҳои асосӣ, он – нақшагирӣ, созмондиҳӣ, мотивасия ва назорат, ки бо ҳамдигар иртиботи хеле зич доранд, ифода меёбад.
2. Нақшагирӣ ҳамчун функсияи муҳими менеҷмент амалӣ пешгӯӣ ва асоснок намудани мақсаду мароми корҳона ва роҳҳои афзалиятдору камхарҷи ба даст овардани онро тақозо менамояд.
Нақшагирии стратегӣ – ин кӯшиши тартиб додани дурнамои дарозмуддати корҳона аст.
ҳар як корҳона бояд робитаи худро бо иштирокчиёни дохилию берунии истеҳсолот, бо ҳамаи онҳое, ки бо ҳамдигар алоқаҳои зичи шартномавӣ доранд, бо истеъмолгарон, таҳвиягарони ашёи ҳому таҷҳизот, бонкҳо, идораҳои андозу гумрук ва дигар ташкилоту сохторҳои гуногун мустаҳкам менамояд.
Нақшагирии стратегӣ бо муайян кардани миссия ва мақсади корҳона иртиботи қавӣ дорад.
Дар ин ҷо, мо шарҳи истилоҳи «миссия»-ро зарур меҳисобем. Мафҳуми миссия як тимсолест, ки ҳар гуна амал ё фаъолиятро ба таври умда инъикос ё идора мекунад. Аслан функсия ё вазифаҳои идоракунӣ аз миссия шурӯъ мешавад, ва бо он пайванд мебошанд.
Миссия бо моҳияту мазмуни худ аз истилоҳи «мақсад» дида васеътар мебошад, ҳарчанд моҳиятан онҳо ба ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд.
Миссия ин маҷмӯи принсипҳои интиҳоб ва эътирофи роҳи интиҳобкардаи корҳона мебошад. Миссия фаъолияти роҳбарон, менеҷерон ва кормандони корҳонаро дар роҳи расидан ба мақсаду мароми ягонаи корҳона муттаҳид сохта, намудҳои алоҳидаи фаъолияти ҳоҷагиро бо ҳамоҳанг ва танзим месозад.
Самаранокии нақшагирӣ ҳамчун функсияи менеҷмент аз принсипҳои зерин иборат аст:

Комили нақшагирӣ. Дар раванди нақшагирӣ бояд ҳама гуна ҳодисаву ҳолатҳое, ки ба фаъолияти корҳона таъсир мерасонанд, пурра ба назар гирифта шаванд.
Дақиқии нақшагирӣ: тавассути нақшагирӣ бояд усулҳо ва воситаҳои таъмини дақиқии пешгӯиҳо истифода шаванд.
Возеҳияти нақшагирӣ: Мақсад ва механизми нақшагирӣ бояд ба ҳамаи аъзои корҳона фаҳмо ва равшан бошад.
Бефосилагии нақшагирӣ: Нақшагирӣ амали яквақта набуда љараёни бефосила ва айни замон таѓийрёбанда аст.
3. Функсияи идоракуние, ки тартиботи бунёди техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии рӯҳӣ ва ҳуқуқии фаъолияти корҳонаро таъмин менамояд, созмондиҳӣ ё ташкили ҷараёни идоракунӣ номида мешавад.
Функсияи ташкили корҳона (ташкилот) барои ба низом даровардани фаъолияти мақсадноки менеҷер ва иҷрокунандагон хизмат мекунад.
Созмондиҳии фаъолияти корҳона ҳамчунин ба саволҳои зерин ҷавоб мегардонад:

Барои расидан ба мақсади асосӣ кадом ва чӣ миқдор ресурсҳои иқтисодӣ лозиманд?
Кадом амалиётро иҷро кардан ба мақсад мувофиқ аст?
Кадом самтҳои фаъолиятро ба роҳ мондан беҳтар мебошад?
Барои хубтар иҷро кардани вазифаҳо роҳбарон кадом ваколатро бояд ба дигарон диҳанд?
Вазифаи дигари ташкили фаъолият аз он иборат аст, ки истифодаи самарабахши ресурсҳои иқтисодӣ – молиявӣ, моддӣ ва меҳнатиро ба роҳ монад. Инак, созмондиҳӣ ё ташкили фаъолият функсияи дуюми менеҷмент буда, одатан ба ду нуқтаи муҳим такя мекунад:
1.Ташкил, ин як унсури зарурии сохтори системаи оиди ҳамкорӣ, ҳуқуқҳо, мақсадҳо, нақшҳо, намуди фаъолият ва дигар омилҳое, мебошад, ки ба меҳнати мақсадноки кормандон таъсир мерасонад .
2.Ташкил ин як амалест, ки тавассути он сохторҳои корҳона барои ноил шудан ба мақсади муайян ва асоснок майл мекунанд.
Истифодаи механизмимотиватсионӣ ба менеҷер имкон медиҳад, ки ӯ кормандонро ба кор фаъолона ва ҳавасмандона ҷалб намояд ва кӯшиши онҳоро ба самти зарурӣ равона созад.
Назарияҳои муосири мотивасия, ки онҳоро мо дар зер шарҳ ҳоҳем дод, собит месозанд, ки омилҳои асосии ангезиши кормандон мураккаб ва хеле гуногунанд. Ба ақидаи иқтисоддонон ва равоншиносон, омили муҳими ҳавасмандгардонии меҳнати инсон, ин қонеъ намудани ниёзҳои гуногуни ӯст.
Асоси назарияи мазмунии мотивасиониро омӯзиши ниёзҳои инсон ташкил медиҳад. Намояндагони барҷастаи ин назария равоншинисони амрикои Абраам Маслоу, Фредрик Герсберг ва Давид Мак-Киелланд ва дигар олимон мебошанд, ки ҳар яке аз онҳо назарияҳои хешро таҳия сохтанд.
Назарияи мотивасионие, ки А. Маслоу асоснок гардонидааст, бо номи «Аҳроми ниёзҳо аз назари А. Маслоу» машҳур аст, ки он ба омӯзиши силсилаи ниёзҳои инсон бахшида шуда аст.
Таснифоти ниёзҳои Маслоуро олими дигар – Давид Мак-Киелланд бо фикру андешаҳои ҷолиби худмукаммал намуд. Вай 3 намуди дигари ниёзҳоро пешниҳод карадааст:

Ниёз ба ҳокимият – ин ҳоҳиши ба дигарон таъсиррасонидан аст, ва ба ақидаи Давид Мак-Киелланд шахсоне, ки ин гуна ниёз доранд воқеан ташнаи ҳокимият мебошанд ва аз ин рӯ, онҳо бояд ба мансаби роҳбарӣ пешниҳод гарданд.
Ниёз ба муваффақият – ин маънои муваффақияти шахсиро надошта, балки ҳоҳиши ба муваффақият ба итмом расонидани ягон навъи кор аст. Ба шахсоне, ки дорои ин гунна ниёзанд, менеҷер бояд салоҳияти истифодаи ташаббусро диҳад.
Ниёз ба мансубият – одамон баъзан майлу ҳоҳиш доранд, ки доираи дӯстонашон зиёд шуда бо ҳам муносибати хуб дошта бошанд ва ба дигарон дар мавриди зарури кӯмак расонанд. Вазифаи муҳими роҳбар дар корҳона, нигоҳ доштани муҳити солим аст, ки набояд муносибатҳои байни шахсиро маҳдуд созад.
Назарияи мотивасионии адолат.
Одатан кормандон барпои меҳнати пурсамари худ қадр карда мешаванд, вале онҳо андозаи мукофоти хешро ҳатман ба сатҳи мукофоти кормандони дигар муқоиса ҳоҳанд кард. Дар ин маврид, вазифаи менеҷер аз он иборат аст, ки дар корҳона ба пайдоиши ин гуна беадолатиҳо роҳ надиҳад. Назарияи мотивасионй Портер-Лоулер моҳияти муҷтамаъ дошта, дар худ назарияҳои интизорӣ ва адолатро бо ҳам муттаҳид намудааст.
Корманд ба қадркунӣ дар асоси меҳнати сарфкардаи худ баҳо медиҳад ва боварӣ дорад, ки хизмати вай одилона қадр мегардад.
Бояд қайд намуд, ки дар назарияи идоракуние, ки дар ҳориҷа ҳукмфармост, мотивасия ба гурӯҳи функсияҳои асосии идоракунӣ дохил карда шудааст. Дар мамолики Uарб ва Ҷопон мотивасияро ҳамчун омили пурқуввати ҳавасмандии меҳнати корманд медонанд. Дар натиҷаи дуруст истифода намудани механизми ҳавасмандгардонӣ дар ҳақиқат ҳоҳиши пурсамар кор кардани одам ба миён меояд, ки вай барои расидан ба миссия ҳамчун мақсади олии корҳона бештар мусоидат мекунад.
Функсияи назорат – яке аз функсияҳои муҳими поягии менеҷмент ба ҳисоб меравад ва онро дар ҳориҷа бо номҳои «контроллинг» ва «мониториг» мешиносанд.
Назорат ин системаи мушоҳида ва тафтиши иҷрои нақшаҳое, ки дар асоси мақсадҳои стратегию тактикӣ ташкилот тартиб дода шудааст. Аз тарафи дигар назорат муқоисаи мақсадҳои пешбинигашта ва натиҷаҳои ба даст омада мебошад. Маълум аст, ки ҳар коре, ки роҳбар иҷро мекунад, бояд ба ояндаи неки корҳона нигаронида шавад. Роҳбар ҳамчунин ташкили корро бояд тавре ба роҳ монад, ки фаъолияти ҳоҷагии корҳона торафт беҳтар гардад ва ба он ҳеҷ ягон намуди хавфу хатар таҷдид накунад. Барои корҳонаро аз ин гуна хавфу хатар эмин доштан, назорати маъмуриро дар бобати иҷрои ҳатмии супориши қарорҳо пурзӯр кардан зарур мебошад.
Назорат дар вобастагӣ ба вақт 3 намуди асосӣ – пешакӣ, ҷорӣ ва ҳотимавӣ ва бо назардошти мақсад-стратегӣ ва фаврӣ, аз нигоҳи предмет –молиявӣ ва маъмурӣ мешавад.
Назорати пешакӣ бояд иҷрои талаботу қоидаҳо, тартиботу стандартҳои мавҷударо таъмин намоем. Гузаронидани назорати пешакӣ барои он лозим аст, ки маҳсулоти барои фурӯш пешбинишуд бояд ба стандартҳои амалкунии давлатӣ ва муқаррарӣ мувоффиқат кунад: ҳангоми интиҳоби кормандон ба талаботи вазифагию сифатҳои шахсии онҳо диққати ҷиддӣ додан мантиқ дорад.
Назорати ҷорӣ- назорати доимии маъмурияти корҳона мебошад. Назорати ҷорӣ дар низоми идоракунӣ ба ташкили алоқаҳои баръакс такя мекунад. Ин маънои онро дорад, ки дар натиҷаи тафтиши фаъолияти ташкилот ё ягон қисмати он ба роҳбар иттилооти зарурӣ оиди рафти иҷрои нақшаҳои пешбинишуда пешкаш мегардад ва дар асоси он роҳбар метавонад қарорҳои идоракунии заруриро доир ба беҳтар намудани фаъолияти ҳоҷагии корҳона ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта сари вақт қабул намояд.
Назорати ҳотимавӣ- танҳо баъди ба охир расидани корҳои ҳоҷагидорӣ ва муқоисакунии натиҷаҳои бадастомада бо нишондиҳандаҳои пешбинишуда амалӣ мегардад. Нақшаи ин намуди назорат ҳам баuоят калон аст. Ба uайр аз ин, назорати ҳотимавӣ имконият медиҳад, ки дар натиҷаи таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти корҳона роҳҳои боэтимоди фаъол гардонидани, ҳавасмандии кормандон муайян карда шаванд.
ҳамин тавр, назорат ҳам мисли дигар функсияҳои идоракунӣ дар таъмини фаъолияти самарабахши истеҳсолию тиҷоратии корҳона нақши бузург мебозад.
Бояд қайд кард, ки функсияҳои шарҳдодашуда хусусияти умумӣ дошта, онҳоро барои ҳар гуна системаи идоракунӣ истифода бурдан комилан ба мақсад мувофиқ аст.
3.3. Принсипҳои менеҷмент
Принсипҳои менеҷмент дар асоси фаҳмиш, ақл, ҳиссиёт ва мақсаднокии инсон амалӣ мегардад.
принсипҳои идоракунӣ худ дар муносибати идоракунӣ таҷассум меёбанд. Яъне онҳо талаботҳои асосиро дар низом ва сохтори идоракунӣтаҷассум менамоянд.
Принсипе, ки таркиби назария ва амалияи идоракуниро таҷссум менамояд вуҷуд надорад. Дар менеҷменти муосир ҳамчунин маҷмӯи принсипҳое, ки дар низоми идоракуниӣ маъмул ва ягона мебошанд вуҷуд надорад. Аз ин рӯ ҳар як олиме, ки оиди ин мафҳум тадқиқот бурдааст нуқтаи назари худро дорад.
ҳамаи принсипҳои менеҷментро аз рӯи таркиб ва мазмунашон ба ду гурӯҳи асосӣҷудо менамоянд: принсипҳои умумии идоракунӣ ва принсипҳои ҷузъӣ принсипҳои умумии идоракунӣ- ин принсипҳое мебошанд, киба ҳамаи низоми идоракунӣ тааллуқ доранд. Ба сифати чунин принсипҳо дохил мешавад:

принсипи асоси илмӣ доштани идоракунӣ;
принсипи муносибати бонизом дар ҳалли вазифаҳои идоракунӣ
принсипи идоракунии беҳтарин;
принсипи демократии идоракунӣ;
принсипи ӯҳдабароии идоракунӣ
принсипи батартибандозӣ;
принсипӣқонунӣ будани идоракунӣ
Принсипӣ самтгириба қисматҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ экологӣ
Принсипҳои ҷузъи – инпринсипҳое мебошанд, ки ба элементҳои ҷудогона ва ё қисматҳои алоҳидаи идоракунӣ таллуқ доранд. Ба ин дохил мешавад:

принсипи муносибгардонӣ
принсипи uайримарказонидани идоракунӣ;
принсипи мувофиқгардонӣ;
принсипи роҳбарияти олӣ дар раванди назорати иҷрои вазифаҳои муҳим шахси аввалиндараҷа мебошад.
Саволҳо барои худсанҷишӣ:

Тафовут ва моҳияти функсияҳои менеҷментро шарҳ диҳед.
Моҳият ва зарурияти мотиватсия ҳамчун функсияи асосии менеҷмент.
Намудҳои назорати идоракунӣ.
Принсипҳои менеҷментро шарҳ диҳед.

1.78K
Нет комментариев. Ваш будет первым!