Роҳҳои пешгири ва ҳалли низоъ дар афкори  гузаштаи халқи тоҷик

  1. Марҳилаҳо ва ҳалли низоъ дар афкори гузаштаи халқи тоҷик.
  2. Ҳалли низоъ дар афкори гузаштаи халқи тоҷик.
  3. Роҳҳои ҳалли низоъ

Дар сарчашмахои зиёди фалсафи, таърихи ва адабии халки точик заминахои пайдоиш ва окибатхои рафъи низоъ таъкид ёфтаанд. Дар сарчашмаҳои таърихии кадима, рисолаю тазкираҳо доир ба усули давлатдории шохону вазирони ахди кадим, асрхои миёна ва замони нав маводи пурарзише вуҷуд дорад, ки дар онхо оид ба низоъхои ичтимоию сиёси ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот дода шудааст. Дар таърихномаҳо ва асархои пурмазмуни мутафаккирони форсу точик баробари инъикоси хукуки маънавии инсон, шарму озарм, дури аз ошуб ва пайрави аз миёнарави, амният барои дигарон, даъват ба сулху салоҳ, усули сиёсатмадори маънидод карда мешавад. Равияи сулхпарвари, ватандусти, оштии милли, ойини раиятпарвари, баромадан аз чангу низоъ дар асархои таърихи, ба монанди << Таърихи Табари>>, <<Таърихи Систон>>, <<Сиёсатнома>>, <<Ахлоки Мухсини>>, <<Таърихи Бухоро>> возеху равшан нишон дода шудаанд. Амирони Сомони дар таърихи давлатдории худ усулу воситахои мухталифи пешгири ва бартараф сохтани низоъхоро истифода менамуданд. Онхо ин усулро ба ду тарз корбаст мекарданд: <<Аввалан, бо намояндагони хилофат созиш намуда, бо рохи сулху салох максади худро ба анчом мерасониданд. Сониян, бо бародарон <<сулх>> пеша карда, пеши рохи чангу чидолро мегирифтанд. Дар хар ду маврид хам хадафи онҳо роҳ надодан ба низоъ ва ҷангҳои дохили мебошад. Ин таҷриба борхо натичаи хуб додааст>>.

Кайд кардан лозим аст, ки андешахои мухталиф, мисли рохнамои ба сулх, дури чустан аз низоъ, рохандозии сулх дар асархои мутафаккирони форсу точик ба монанди Рудаки, Фирдавси, Ибни Сино, Носири Хусрав, Абдурахмони Чоми, ва дигарон инъикос гардидаанд. Мусаллам аст, ки равиши таърих усул ва роххои кушоиши гирехи низоъро баъзан тагйир дода, аксари онхоро мукаммал сохт. Инсоният дар тамоми хаёти худ хамавакт дар чусту чу буд, то он чихатхои манфиеро, ки ба хаёти у халал мерасонанд, бартараф созад. Махз ба туфайли дониш, хирад, саъю кушиш инсон сангинтарин муаммохои хаёти иктисодию маънавии чомеа, оила, шахсиро хал намуда, мехнат, саломати, зиндагии дигарон ва худро зебову ғани месозад.

Маълумоти таърихию этнографии мухаккикони рус ва точик аз он гувоҳи медиҳанд, ки дар Бадахшон масъалахои марбут ба низоъ ва ҷиноятро доварони халқи –қози, аҳли ҷамоат, муйсафедон, диндорон ва шахсони сохибэҳтиром ҳал мекарданд.

Куштор барои ин мардум кариб бегона буд ва танхо дар холатхои тасодуфи одам аз тарафи одам кушта мешуд. Масалан, хангоми таксими об гохо тасодуфан вокеаи куштор бо задани бел ё санг ба амал меояд. Дар холате ки куштор содир мешуд, ба гайр аз хукмнома, аз шахси ҷинояткор ба миқдори 1000 рупия ба фоидаи хазинаи хоким чарима мегирифтанд. Муҳимаш он аст, ки чаримаро сокинони махаллае месупориданд, ки шахси қотил дар он ҷо мезист.

Дар байни ахоли ходисаи дузди хам хеле кам буд. Бо хукми кози айбдоршаванда ба ивази моли дуздидааш ба сохиби мол 1,5 баробар зиёдтар аз нархаш пул мепардохт. Инчунин барои дузди уро чазои чисмони медоданд.

Мардуми кухистон байни хамдигар алокахои мустахками хешутабори ва кавми доранд. Дар мавриде ки ягон кас аз байни хешовандон озор бинад, барои химояаш кариб хамаи авлод бармехезанд ва ё агар аз шахсе чарима гирифта шавад, хамаи хешовандон ин маблагро чамъ намуда, месупоранд. Агар ду нафар бо хамдигар чанг мекарданд ва дандони яке аз онхо мешикаст, бо хукми кози уро як гови кори чарима мебастанд, ки он <<хакки дандон>> номида мешуд.

Бештар барои халли низоъ усули мувофика кардан, миёнарав шудан, маслихати хешутабори-авлоди, истифода аз хизмати хомиёни дин, эшонхо, шахсони сохибэхтироми мансабдор ва амсоли инхоро ба кор мебурданд. То давраи инкилоби соли 1917 дар он дехахое, ки об барои обёрии замин ками мекард ва байни мардум низоъро ба вучуд меовард, чунин усули бартараф намудани низоъро истифода мебурданд: Мироб обро мувофики чадвал такрибан баъди 9-10 руз ба хар як хонавода барои обёрии замин таксим мекард, ки он низоъро бартараф менамуд. Чунин шакли истифодаи об дар тамоми нохияхои Бадахшон хеле маъмул буд ва имруз низ аз он истифода мебаранд.

Инсоният дар тули таърихи худ, хусусан, чахо асри охири он (XVII-XX), ки пур аз зиддият, инкилоб, чангу хунрезихо буд, вокеаю ходисахои мухталиферо аз сар гузаронид. Хамзамон чомеа усулу роххои гуногунро, ба монанди созиш бастан, истифода аз навъхои гуногуни музокирот, миёнарави дар ислохоти низоми давлатдори ва гайра ба кор бурда, давлатхо ва халкхоеро, ки дар мукобили хамдигар карор доштанд, ба хамзистии осоишта, сулху субот даъват мекунад. Тасдики ин гуфтахо ду чанги чахонии солхои 1914 ва 1939-и асри XX шуда мешуд.

459
Нет комментариев. Ваш будет первым!