Ноу-хау

Ноу-хау

Қисми муҳимиалоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ мубодила дар шакли дониш, таҷриба ва иттилоотиилмӣ-техникӣ ба ҳисоб меравад. Ин мубодила ноу-хау мебошад.

Ноу-хау (англ, know-how – медонам чӣ тавр) – маҷмӯидонишҳои техникӣ ва сирри тиҷоратӣ мебошад.

Ноу – хау бохосияти техникӣ дар бар мегирад:

  • намунаҳоитаҷрибавии бақайд гирифта нашудаи маснуот, мошин ва дастгоҳҳо, қисмҳои алоҳида,асбобҳо, ҷиҳоз барои коркард ва ғ.;
  • ҳуҷҷатҳоитехникӣ – формулаҳо, ҳисобҳо, нақша, нақшаи натиҷаи таҷрибаҳо, рӯйхат вамундариҷаи корҳои илмӣ-татқиқотии гузаронидашуда ва натиҷаҳои онҳо; ҳисобҳое,ки дар технология ё истеҳсолоти мазкур истифода бурда мешаванд;
  • маълумотҳодар бораи сифати маводҳо; барномаҳои таълимӣ барои омодасозии ҳайати кормандон;
  • тавсияҳое,ки маълумотҳо дар бораи сохтор, тайёркунӣ ё истифодаи маҳсулот, таҷрибаи истеҳсолӣва тавсифи технологияро дар бар мегиранд;
  • нишондодҳоиамалӣ доир ба дизайн; дастурамалҳои техникӣ, маълумотҳо дар бораи банақшагирӣва идоракунии истеҳсолот;
  • донишумаҳоратҳо дар бахши ҳисобдории муҳосибӣ, оморӣ ва молиявӣ, фаъолияти иқтисодӣва ҳуқуқӣ;
  • донишҳоиқоидаҳои гумрукӣ ва савдо ва ғ.

Ба ноу-хау бохосияти тиҷоратӣ дохил мешаванд:

  • базаимаълумотҳои суроғавӣ;
    • картотекаимизоҷон;
    • картотекаитаҳвилгарон;
    • маълумотҳодар бораи ташкил ва самаранокии истеҳсолот, ҳаҷми барориши маҳсулот;
    • маълумотҳодар бораи ташкили фурӯш ва паҳнкунии маҳсулот;
    • усулҳова шартҳои таблиғот;
    • маълумотҳодар бораи омӯзиши ҳайати кормандон ва ғ.

Назар ба сирриистеҳсолот ноу-хау патент кунонида намешавад, чунки аксаран аз усуллу маҳоратҳоимуайян иборат мебошад. Ноу-хау барои ҷараёни истеҳсолии муайян моликияти ин ёон шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ объекти хариду фурӯшмегардад. Чун қоида, ноу-хау ба сифати мол чун идомаи фурӯши патент ва иҷозатномаҳоба ҳисоб рафта, онҳоро ҳамроҳӣ мекунад, аммо метавонад мустақиман низ ба фурӯшбароварда шавад. Ба даст овардани ноу-хау якҷоя бо харидории ичозатнома ба роҳмондани истеҳсолотро осон ва арзонтар мегардонад ва супоридани нисбатан пуррасирри истеҳсолотро таъмин менамояд. Фурӯшиноу-хау махсусиятҳои худро дорад. Барои баҳо додан ба ноу-хау харидор бояд бомоҳияти он қисман шинос шавад, ҳамзамон фурӯшанда таваккал мекунад, киноу-хауро нафурӯхта инҳисор ба онро аз даст диҳад. Дар ин ҳолат соҳибмулк бароишиносоӣ маълумотҳоеро медиҳад, ки бо патент ҳимоя карда нашудаанд, ба истисноилаҳзаҳои калидие, ки имконият медиҳанд ноу-хау мустақилона истифода кардашавад. Агар ин бо ягон сабаб мумкин бошад, ба ҷонибҳо тавсия дода мешавад, кибарои шиносоии пеш аз фурӯш бо ноу-хау шартномаи пешакӣ банданд. Дар иншартнома махфияти иттилоот ва ҷавобгарӣ дар ҳолати истифодабарии ноу-хау бехаридории он шарҳу эзоҳ дода мешавад. Ҳангомимуайян намудани нархи ноу-хау дар хотир доштан зарур аст, ки он бо фоидаиояндае, ки истифодабаранда ба даст меорад, руйпӯш карда мешавад, дар акси ҳол ӯ фоидаи кам ба даст меорад ё умуманфоида ба даст намеорад. Вазифа осон мегардад, агар дорандаи ноу-хау ҳисобнамоиииқтисодӣ-техникиро бо ноу-хау ва бе ноу-хау гузаронад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣнархи ноу-хау 5% фоидаи ояндаро ташкил мекунад, аммо ҳолатҳое мавҷуданд, ки онба 20% мерасад. Якчанд усули пардохтнамудани ноу-хау мавҷуданд. Асосии онҳо: а) Роялти(англ, royalty –плата за недра, ҳақмузди муаллифӣ) – тадриҷан пардохт намудан баробари нишондиҳандаҳоимуайян ҳангоми истифодабарии он. Роялти асосан бо пайванд кардан ба нишондиҳандаҳоиафзоиши фоида ё рушди барориши маҳсулот ҳисоб карда мешавад. Он дар охири ҳарсоли амали шартномаи литсензионӣ, шурӯъ намуда аз лаҳзаи барориши маҳсулотитайёр пардохт карда мешавад. Шакли ҳисобкунӣ аз маблағи фурӯш вақте истифодабурда мешавад, ки фоидаи воқеиро муайян намудан душвор аст. Ҳаракати нархҳо дарбозори ҷаҳонӣ пардохти роялти аз рӯи меъёри фиксажкардаро ниҳоят гаронмекунанд. Аз ин рӯ, ҳангоми бастани шартномаҳои дарозмуддат ставкаҳое истифодабурда мешаванд, ки аз рӯи солҳо тафриқа карда шудаанд; б)пардохти умумӣ (нем. – пурра гирифтан) – пардохти пешакӣ муайянкардашудаияккарата. Пардохтҳои умумӣ вақте истифода карда мешаванд, ки муайян намуданисамараи амали ноу-хау мушкил ё арзиши иҷозатнома на он қадар баландбошад.пардохтҳои умумӣ одатан дар ғайриистеҳсолӣ истифода карда мешаванд. Моҳиятанонҳо нархи воқеии иҷозатномаро нишон медиҳанд. Подош дар намуди пардохти умумӣба сармоя гардонидани роялти, яъне пардохти пеш аз мӯҳлати яккаратаи он ба ҳисобмеравад; в) “каст плас “ (англ, cost plus – нарх ҷамъи) – пардохтҳо барои хизматрасониҳои иловагӣ аз рӯи нархҳоимувофиқкардашуда илова ба нархҳои пешакӣ муайян кардашуда. Аломати асосии ноу-хау махфияти он,яъне махфӣ будани иттилооти мазкур ба ҳисоб меравад. Одатан ноу-хау бо гузаштивақт арзиши тиҷоратии худро гумм мекунад ва ба гурӯҳи васеи шахсон дастрасмегардад. Тиҷоратикунонии ноу-хаудар таҷрибаи байналхалқӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ноу-хау объекти мустақилидодугирифтҳои литсензионӣ (иҷозатномаҳои бепатент) ба ҳисоб меравад. Бисёрширкатҳо назар ба патенткунонӣ дар асоси иҷозатнома ба сифати ноу-хаусупоридани ихтироот, ҷараёнҳо ва усулҳои навро афзалтар медонанд. Таъминнамудани ҳуқуқҳои соҳиби ноу-хау, пеш аз ҳама аз шартҳои ба таври возеҳу равшановардашудаи шартнома вобаста мебошад. Дарамалия се намуди асосии шартномаҳои литсензионӣ ташаккул ёфтаанд: иҷозатномаиоддӣ, истисноӣ ва пурра. Бошартномаи иҷозатномаи оддӣлитсензиар бо шартҳои муайян истифода намудани ноу-хауро иҷозат медиҳад, ҳамзамонӯ ҳуқуқи мустақилона истифода намудан ва бо иҷозатномаҳо бо чунин шартҳо пешниҳоднамудани онро ба дигар шахсон дар дасти худ нигоҳ медорад. Шартномаи иҷозатномаиоддӣ дар он соҳаҳое васеъ истифода карда мешавад, ки маҳсулоти истеҳсолшавандааниқ ба ҳисоб гирифта намешавад ва ба он талаботи зиёд мавҷуд аст, масалан, ҳангомиистеҳсоли доруворӣ, маҳсулоти хӯрока ва ғ. Мувофиқи шартномаи иҷозатномаи истисноӣ ба иҷозатномагирандаҳуқуқ барои истифодаи сирри истеҳсолот дар доираи дар шартнома пешбинишуда додамешавад ва иҷозатномадиҳанда аллакай наметавонад иҷозатномаҳои дигарро бо чуниншартҳо ба дигар ширкатҳо диҳад. Аммо ин иҷозатномадиҳандаро аз ҳуқуқи мустақилонаистифода намудани объекти иҷозатномаи мазкур ва ба дигар шахсон додани иҷозатномаҳое,ки бо шартҳои иҷозатномаи якум зиддият надоранд, маҳрум намекунад. Мувофиқишартномаи иҷозатномаи пурра иҷозатдиҳандаба иҷозатгиранда тамоми ҳуқуқҳоро барои истифодаи сирри истеҳсолот дар давомитамоми мӯҳлати амали шартнома гузашт мекунад. Ҳамзамон худи иҷозатномадиҳандадар давоми ин мӯҳлат ҳуқуқи истифода бурдани иҷозатномаро аз даст медиҳад.Шартномаи иҷозатномаи пурра одатан дар вақте истифода бурда мешавад, ки иҷозатномадиҳандана барои мустақилона истифода бурлани ихтироот ва на барои гузаронидани корҳоитиҷоратӣ оиди амалӣ намудани ихтироот дар бозори дигар харидорони эҳтимолӣимконият надорад. Соли1988 дар конференсия дар Оттава (Конференсияи Оттава) аз ҷониби намояндагони 55давлат Конвенсия дар бораи лизинги молиявии байналхалқӣ қабул шуда буд. Ҳадафи он – ба шакл даровардани танзими ҳуқуқиимуносибатҳое мебошад, ки дар алоқамандӣ бо амалӣ намудани амалиётҳои лизингимолиявии байналхалқӣ ба вуҷуд меоянд. Конвенсия он амалиётҳоеро танзим мекунад,ки лизинггиранда ва лизингдиҳанда дар мамлакатҳои гуногун қарор доранд ва мӯҳлатилизинги таҷҳизот ба мӯҳлати истеҳлоки он наздик меояд.

193
Нет комментариев. Ваш будет первым!