Мафхуми шаъну шараф ва эътибори кори

Мафхумхои «шаън», «шараф» ва «эътибори кори» аз чумлаи мафхумхои пахнгашта набошанд хам, дар санадхои гуногуни меъёрии хукуки онхоро дар шаклхои гуногун дучор омадан мумкин аст:

1. Дар Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон:

— «хаёт, кадр, номус ва дигар хукукхои фитрии инсон дахлнопазиранд» (кисми 2 моддаи 5);

— «Дар Точикистон хар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва конунхоро риоя кунад, хукук, озоди, шаъну шарафи дигаронро эхтиром намояд» (кисми 1 моддаи 42);

2. Дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон:

— «Дар сурати тахриф ё истифодаи номи шахрванд бо тарик ё дар шакле, ки шаъну шараф ё обруи кори уро халалдор месозад… » (сархати 2 кисми 5 моддаи 20);

— «хифзи шаъну шараф ва эътибори кори» (моддаи 174);

— «- агар зарар дар натичаи пахни маълумоте, ки шаъну эътибор ва обру кориро паст мезанад, расонида шуда бошад» (банди 3 кисми 2 моддаи 1115);

3. Дар Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон:

— «Кудак ба гамхории падару модар, таъмини манфиатхояш, рушду такомули хамачониба, эхтироми шаъни инсонии худ хукук дорад» (чумлаи дуюми кисми 2 моддаи 55);

4… Дар Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон:

— «Тухмат, яъне дидаю дониста пахн кардни маълумоти бардуруг, ки обрую эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меоварад»( кисми 1 моддаи 135);

— «Тахкир, яъне беадабона бо алфози кабех паст задани обру ва эътибори шахси дигар» ( кисми 1 моддаи 136).

5. Дар дигар конунхо.

Чуноне аз иктибосхои болои маълум мегардад, мафхумхои «шаън», «шараф» ва «эътибори кори » дар чандин шакл истифода шудаанд.

Хатто дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон дар як чо калимахои «кадр», «номус» ва дар дигар чо «шаън» ва «шараф» истифода шудааст.

Ин камбудии чидди аст, зеро:

1.Мувофики коидаи забони точики, нафосати сухан ва мантик мафхумхои «кадр» ва «номус» якчоя истифода намешаванд. Дар забони точики иборахои шаъну шараф, кадру кимат ва нангу номус маълуманд.[1]

2.Аз нуктаи назар техникаи хукуки истифодаи истилохоту калимахои гуногуне, ки хамон як маъниро ифода мекунанд, нодуруст аст. Матни конун ифодаи дакикро талаб мекунад, аз ин ру, истифодаи калимаву истилохоту муродиф зухуроти шаклии онро коста месозад.[2] Гузашта аз ин, ин коида натанхо ахамияти назариявию амалияви, балки меъёри низ дорад. Дар моддаи 40 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки» омадааст, ки истифодаи мафхумхои (истилохоти) гуногуни хаммаъно дар матни санади меъёрии хукуки норавост.[3] Бинобар кувваи олии хукуки доштани Конститутсияи Чумхурии Точикистон ин меъёр нисбати он пахн намешавад, вале барои дигар санадхои меъёрии номбаршуда коидахои Конуни мазкур хатми мебошад.

Ба сифати истилохоти умуми ба фикри мо истифодаи калимахои «шаън», «шараф» ва «эътибори кори» мувофик аст.

Новобаста аз оне, ки мафхумхои болои дар санадхои хукуки истифода мешаванд, мазмуни расмии онхо дар ягон санад пешбини нашудааст. Аз ин ру, дар адабиёти хукуки он ба таври гуноун шарху эзох дода шуда, фикру акидаи ягона чой надорад.

Дар хукуки конститутсиони тахти мафхуми «шараф» махаки муносибати давлат бо шахсият, холати хукукии у хамчун арзиши оли фахмида мешавад. Шараф махз эътирофи хамин арзиш аст, новобаста аз оне, ки онро худи шахс ё дигарон эътироф мекунанд ё не.[4]

Дар хукуки граждани ва чинояти он ба маънои нисбатан дигар истифода мешавад.

Муаллиф В.А.Блюмкин шарху маънои мафхумхои шаъну шарафро тадкик намуда, 9 мазмуни «шаън» ва 6 мазмуни «шараф»-ро муайян сохтааст.

Маънохои мафхуми «шаън»:

— сифати ахлоки шахсият;

— мачмуи принсипхои ахлокию маънави, ки инсон дар фаъолияти худ онхоро ба рохбари мегирад;

— шарафи ботини;

— росткори ва покизаги;

— вичдон ва мояи ифтихор;

— мукофот ва унвонхои ифтихори;

— эътибор ва унвон;

— номи нек;

— хисси шаън ва мувофикати сифатхои бехтарин.

Маънохои мафхуми «шараф»:

— арзиши инсон ё умумияти одамон;

— мачмуи сифатхои ахлоки;

— дарки арзиши худ;

— хисси эхтиром нисбат ба худ;

— ифодаи зохирии шараф;

— арзиш, кимат, унвон.[5]

Аз маънохои гуногун доштани мафхумхои шаъну шараф маълум мешавад, ки онхо барои тахлили назарияви басо мураккаб мебошанд. Бинобар ин, бояд мо чанбахои фалсафи ва хукукии онро чудо кунем. Танхо дар ин сурат мафхумхои мазкур дуруст дарк мешаванд, ки аз ин сифати хифзи хукукии шаъну шараф вобастагии калон дорад.

Дар китоби «Большая юридическая энциклопедия» зери шархи мафхуми шаън омадааст:

«Макулаест, ки баходихии ахлокии инсонро аз чониби чамъият ва худбаходихиро ифода мекунад».[6]

Мафхуми шараф чунин шарх ёфтааст:

«Макулаи маънавию ахлокист, ки эхтиром ва худэхтиромнамоии шахсияти инсонро ифода мекунад».[7]

«Шараф – ин аз чониби худи инсон ва атрофиён дарк намудани холати доштани сифатхои бадномнашудаи ахлоки ва зехни мебошад»,-омадааст дар китоби дарсии хукуки чинояти.[8]

С.Н.Братус таърифи зерини шаънро пешкаш сохтааст:

«Шаън – ин баходихии муайяни ичтимоии шахрванд, хусусияти объективии чамъияти мебошад».[9]

Ба акидаи баъзе муаллифон шаън ин баходихии чамъиятии шахсият мебошад, шараф ин баходихии шахс ба сифатхои худ мебошад.[10]

Бархе аз дигари муаллифон шаънро хамчун баходихии мусбат ва шарафро хамчун инъикоси ин хосият дар шуури барандаи он маънидод мекунанд.[11]

Шаън натичаи муносибати байни рафтори шахси мушаххас ва талаботе, ки нисбати у чамъият пешниход мекунад, мебошад.[12]

Дар тамоми акидаи муаллифон як нуктаро дарёфтан имконпазир аст – шаън ин баходихи аст, вале ончунон муаллиф Тагойназаров Ш.Т. кайд мекунанд, дар масъалахои зерин гуногунакидаги чой дорад:

Якум, дар масъалаи он, ки кадом субъект фаъолияти баходихиро ба амал мебарорад. Оид ба ин масъала акидаҳои олимонро ба се гурух чудо кардан мумкин аст: онхое, ки фаъолияти баходихиро ба худи субъект мансуб медонанд; онхое, ки фаъолияти баходихиро ба дигарон мансуб медонанд; онхое, ки фаъолияти баходихиро ба хар ду мансуб медонанд;

Дуюм, дар масъалаи он, ки чи бахо дода мешавад. Кисме аз муаллифон чунин мешуморанд, ки сифтхои ахлокии шахс хамчун объекти баходихи баромад мекунад. Масалан, Л.К. Рафиева, Д.Г. Хесуриани чунин мешуморанд. С.И Вилнянский чунин мехисобад, ки ба хайси объекти баходихи сифатхои ахлоки ва зехнии субъект баромад мекунанд. Объекти баходихи сифатхои ичтимои, рафтори ахамиятноки чамъиятии инсон баромад мекунад, — мегуяд Н.С.Маленин.[13]

Тамоми гуфтахои болоиро чамъбаст намуда, ду чихатро бояд кайд созем:

1)шаън хамчун баходихии чамъиятии шахс;

2)шаън хамчун худбаходихи.

Пас, шаън ду чанба дорад:

— зохири, ки онро объективи (айни) низ меноманд;

— ботини, ё худ субъективи (зехни).

Шаън ба маънои субъективи ин ангезандаи ботинии рафтори шахс мебошад.

Ба маънои объективи бошад, он ифодасозандаи эътироф ва эхтироми хизматхои шахсият аз чониби чамъият, акидаи атрофиён оид ба эътибор ва номи неки шахси дигар мебошад.[14]

Шарафро дар фалсафа ба се намуд чудо мекунанд:

— шахси;

— махсус;

— инсони.

Шарафи шахси ин мачмуи арзишхои фардии шахси муайян мебошад, ки дар сифатхои рухи ва ахлоки ифода ёфта, аз нуктаи назари талаботи чомеа арзишнок мебошад.

Шарафи махсус ин мачмуи сифатхои шахсият мебошад, ки боиси мансубияти шахс ба умумияти муайяни одамон гашта, чавобгуи талаботхои хамин умумият мебошад.

Шарафи инсони ин арзишхои хар як шахсият новобаста аз сифатхои инфироди, баромади ичтимои, макоми чамъияти ва гайра мебошад.[15]

Шараф низ дорои ду чанба мебошад:

— объекиви;

— субъективи.

Ба маънои объективи шараф дар арзиши оли эътироф гаштани инсон ифода меёбад.

Ба маънои субъективи шараф ин чахони ботинии инсон, чахонбини ва эътикоди у мебошад. Ба таври дигар, шараф дар ин маъни бо хиссиёт ва дарки арзиши ахлоки ва ба чамъият муфидии худи инсон алокаманд аст.

О.А.Дюжева шаъну шарафро чунин шарх додааст:

« Шаън ин баходихии мусбати дорои ахамияти ичтимоии шахс аз нигохи акидаи чамъияти мебошад. Шараф ин баходихи ба сифатхои ахлоки, касби ва дигар сифатхои худ мебошад.»[16]

Дар ин замина у хулоса баровардааст, ки шаън ин ченаки шарафи шахрвандон ва ташкилотхо мебошад.

Дар хакикат, байни шаън ва шараф умумиятхои зиёд мушохида мешаванд. Алокаи онхо то хадде наздик аст, ки дар этика (илми ахлок) ва ахлок хамчун иборахои чуфт истифода мегарданд.[17]

Дар баробари ин умумият байни онхо тафовут чой дорад, ки мухтасаран чунин ифода намудан мумкин аст:

1. Шаън сатху дарачаи эътироф ва эхтироми шахсиятро аз чониби чамъият муайян мекунад.

Шараф баробарии имконияти хар шахс барои ноил шудан ба чунин эътироф ва эхтиром мебошад;

2. Мазмуни мафхуми шаън назар ба шараф махдудтар аст;

3. Шаън бештар эътирофи зохириро талаб мекунад – мукофот, мансаб ва гайра.

Шараф эътирофи зохириро талаб намекунад;

4. Шаън хосияти объективи дорад, зеро дар он шакли зохириаш ахамиятнок аст.

Шараф худбаходихи аст. Чун чихати субъективи дар он бештар бартарият дорад, шарафи инсон бештар аз тарбия, чахони ботини, мухити тарбия ва ташаккули равони вобаста аст.[18]

Новобаста аз ин, чихати субъективиро набояд мутлак шуморид. Вагарна шарафи кудакони хурдсол ва шахсони гирифтори беморихои рухи аз доираи ин мафхум берун мемонад ва мувофикан мавзуи танзими хукуки граждани намегардад.

Пас, шараф ин арзиши шахсияти инсон аст, арзиши оли эътироф гаштани у мебошад.

Хаминро низ бояд кайд кард, ки шаъну шараф нисбати шахсони вокеи истифода мегардад. Чун сухан да бораи шахсони хукуки равад, истилохи дигар – эътибори кори истифода мешавад.

М.Н.Малеина эътибори кориро чунин шарх додаааст: ин мачмуи сифатхо ва баходихихо мебошад, ки дорандаи он дар тафаккури хамкорон, муштариён, истеъмолкунандагон, мухлисон, интихобкунандагон тасаввур шуда, байни дигар сохибкасбони ин соха фарди мегардад.[19]

О.А.Дюжева эътибори кориро чунин таъриф додааст:

«Эътибори кори ин акидаи чамъияти дар бораи тарафи касби ва камбудихои шахсият (шахрванд ё ташкилот) мебошад».[20]

Муаллиф инчунин эътибори кории шахсони хукукиро аз эътибори кории шахсони вокеи фарк мегузорад ва охиринро васеътар мешуморад.

Эътибори кории шахсони хукуки ин баходихии мусбати шахси хукуки хамчун сохибкори бовичдон аз чониби иштирокчиёни дигари муомилоти молумулки мебошад.

Эътибори кории шахрвандон ин баходихии сифатхои касбии шахс хамчун мутахассиси ин ё он соха мебошад.[21]

Бояд кайд сохт, ки эътибори кори на хамеша вокеиятро инъикос мекунад. Акида дар бораи эътибори кори танхо дар доираи иттилооти муайян дар бораи объект ба вучуд меояд, аз ин ру, мумкин аст ба холатхои вокеии кор мувофик наояд. Махз аз хамин сабаб хангоми тавсифи эътибори кори мафхуми хакикат истифода намешавад.

Хамин тавр, аз тахлили мафхумхои «шаън», «шараф» ва «эътибори кори» маълум гашт, ки онхо дар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар шаклхои гуногун (кадр, номус, обру, обруи кори ва гайра) истифода шудаанд, ки аз нигохи техникаи хукуки норавост.

Азбаски дар конунгузории Чумхурии Точикистон мафхуми расмии шаъну шараф ва эътибори кори пешбини нашудааст, дар адабиёти хукуки онхо ба тарзи гуногун маънидод шудаанд.

Дар боло таърифхои гуногуни мафхумхои шаъну шараф ва эътибори кори пешкаш гаштанд, ки хар яки онхо лоики дастгири мебошад. Вале бояд дар ин замина таърифи нисбатан маъмул ошкор карда шавад. Таърифхои зерин шояд мувофик ва ошкорсозандаи мазмуни мафхумхои шаъну шараф ва эътибори кори бошанд:

Шаън ин баходихии мусбии сифатхои рухию маънавии шахс дар тафаккури атрофиён мебошад. Дар ин чо диккат бештар ба чихатхои зохирии шаън дода шудааст, зеро мавзуи хифзи хукуки граждани махз хамин мешавад.

Шараф ин баходихии мусбии сифатхои рухию маънавии шахс дар тафаккури худи шахс мебошад.

Шаъну шараф танхо ба шахсони вокеи тааллук доранд. Ташкилотхо – субъектони сунъи дорои шахсият ва мувофикан шаъну шараф шуда наметавонанд. Ин нукта мазмунан аз матни кисми 8 моддаи 174 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон низ бармеояд. Мувофики он нисбати ашхоси хукуки ибораи эътибори кори истифода мешавад.

Эътибори кори ин баходихии мусбии фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки, сатхи касбии шахсони вокеи ва пешбурди бовичдононаи фаъолияти сохибкори аз чониби онхо мебошад, ки дар тафаккури атрофиён, хусусан иштирокчиёни муомилоти амволи тасвир шудааст.

Аз ин чо бармеояд, ки мазмуни эътибори кори то дарачае ба мафхуми шаън ба маънои объективи муофикат мекунад. Ин дуруст аст, зеро шаън, шараф ва эътибори кори байни худ дар алокаи узви карор доранд.

1.14K
Нет комментариев. Ваш будет первым!