​Шаклхои ташкилию хуқуқии сохибкори

Дар байни донишмандон ва мутафаккирони соҳаи бизнес ҳамдигарфаҳмӣ на фақат оиди моҳият, сабаб, балки доираю ҳавза ва шаклу намудҳои ташкили соҳибкорӣ дида намешавад.

Таҷрибаи кунунии мамлакатҳои ғарб нишон медиҳад, ки доираи амалиёт ва истифодаи бизнес (соҳибкорӣ) ҳадду ҳудуд надорад. Он дар ҳавзаҳои гуногуни хоҷагии халқ, бо тазоду сифатҳои хосаи худ эҳё гашта, ривоҷу равнақ меёбад. Бешубҳа раванди ташаккулу таҳаввули он таҳти омилҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, демографӣ, табиӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бурунмарзӣ ҳархела анҷом меёбад.

Ин сирати зоҳирӣ:

1) вобаста ба шаклу намудҳои моликият, ба сармоя, яъне шаклу намудҳои фирма дар низомҳои гуногуни иқтисодӣ;

2) ҳолат ва вазъи ташкили истеҳсолот, технология, пешрафти илму техника, иттилоот дар фирма;

3) нерӯи истеҳсолӣ ва тарзу услуби ташкили он аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун: сармоя ва захирахои худӣ, сармоя, қарз, ҷалб кардани захираҳои худӣ, сармояи қарз, ҷалб кардани захираҳои бегона;

4) тарзи истифодаи коргари кироя: худӣ, ҷалбкардашуда, аз хориҷ омада, доимӣ ва муваққатӣ коркунанда;

5) тарзу услуб, яъне «технология»-и дар амал истифода гардидани бизнес: соҳибкор ҳамчун тавлидгар, ҳамчун фурӯшанда ё худ миёнарав;

6) ташкили шакл ва намудҳои соҳибкорӣ ва принсипҳои тадбиқи он: мустақил ё тобеъ будани соҳибкор, ҳамшарик ё якҷоя амалиёт гузаронидани он бо дигар соҳибкорон;

7) омилҳои айнӣ: манфиат ва ангезаи шахсӣ, касбу кор(их-тисос)-и соҳибкор, қобилияти фикрӣ ва ақлии он;

8) омилҳои субъективӣ: ҳавзаи тадбиқи фаъолият, ҳолати дороӣ (воситаҳои пулӣ, молӣ, молиявӣ, сарват), эътимоднокию эътибори фирма, қобилияти харидории омма, ҳаҷми бозор ва ғайра сурат мегирад.

Аз боиси гуногуншаклӣ ва шароитҳои ҳархелаи ташаккул фаъолияти соҳибкорӣ (бизнес) тибқи меъёрҳои гуногун:

— шакли моликият ба сармоя;

— шакли ташкили истеҳсолот, тақсими меҳнат, тахсис, кооператсия, комбинаткунонӣ;

— нерӯ (потенсиал)-и истеҳсолӣ — техникӣ, технологӣ, автоматизатсия, компютерикунонӣ…;

— тарзу услуби истифода, яъне ҷалб намудани нерӯи коргарӣ;

— ҳавзаи шуғл, дар соҳаи истеҳсолот, тақсимот, мубодила, миёнаравӣ ва ғайра;

— тарзу услуби ташкили кор — алоҳида, оила, гурӯҳ, коллектив ва ғайра;

— ҷалб намудани захираҳои иқтисодӣ — худӣ, бегона, қарзги-рифташуда…;

— дараҷаи тамаркази истеҳсолот (хурд, миёна, калон);

— истифодаи равандҳои такрористеҳсол (истеҳсолот, тақсим, мубодила, истеъмол) ва ғайра муайян карда мешавад.

Аз ин лиҳоз дар адабиётҳои муосири иқтисодӣ шакл ва намудҳои гуногуну мухталифи он тавсиф карда мешавад.

Асосан, таҳти шакли соҳибкорӣ маҷмӯи меъёр ва низоми нормаҳои ҳуқуқӣ оиди ташкили фаъолияти соҳибкорӣ (бизнес) дар доираи худи фирма, байни фирмаҳо ва субъектҳои дигари иқтисодӣ ва байни корхонаю ташкилотҳои гуногуни давлатӣ, ки раванди рушду нумӯи иқтисод ва дараҷаи беҳбудии оммаро таъмин карда тавонад фаҳмида мешавад.

Асосан чунин шаклҳои соҳибкориро фарқ мекунанд:

— соҳибкории инфиродӣ;

— соҳибкории коллективӣ (бизнеси оилавӣ);

— ҷамъият ва ширкатҳои хоҷагӣ — иттиҳод, ассотсиатсия, картел, синдикат, трест, консернҳо, консорсиумҳо, корпоратси-яҳо, ширкатҳои рафиқона, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ;

— кооперативҳои истеҳсолӣ;

— соҳибкории давлатӣ (корхонаҳои давлатӣ) ва ғайридавла-тӣ;

— ширкатҳои дорои масъулияти комил;

— ширкатҳои дорои масъулияти маҳдуд, ки дар доираи онҳо соҳибкорӣ дар ҳавзаи истеҳсолот, тиҷорат, молия, суғӯрта, миёнаравӣ ва ғайра арзи вуҷуд мекунад.

Дар китобҳои дарсӣ ва масоилҳои таълимию методӣ соҳиб-кориро бештар аз нуқтаи назари моликият ва ҳаҷми он, яъне дараҷаи тамаркази истеҳсолот тавсиф медиҳанд. Дар асоси моликият фаъолияти соҳибкорӣ ба соҳибкории инфиродӣ (хусусӣ), рафиқона (шарикона), корпоратсияҳо (ширкатҳои саҳҳомӣ) ва дар мояи тамаркази истеҳсолот бошад, онро дар доираи корхонаҳои хурд, миёна, калон таҳлил менамоянд.

1.14K
Нет комментариев. Ваш будет первым!