Таълимотҳои ахлоқию сиёсӣ

(Пайдоиш ва инкишофи таълимотҳои ахлоқию сиёсӣ ба ташаккули аввалин давлатҳо дарШарқи қадим— Миср, Бобулистон, Ҳиндустон, Хитой, Эрон рост меояд. Он боиси такмили ҳаёти одамон, дарёфти сатҳи сифатан нави тамаддун ва ахлоқ гардид. Одамон орзую омоли худро бо тарзҳои гуногун ва шаклҳои мухталиф зохир менамуданд.

Ҷомеа ба ду қисм тақсим гардида буд. Ҳокимон барои ҳимояи манфиатҳои худ аз роҳҳои гуногун истифода менамуданд. Яке аз чунин роҳҳо таъсиррасонии идеологӣ буд. Идеологияи сиёсии ҳукмрон ба ғуломон ва шаҳрвандони заҳматкаши озод пуртокатӣ ва ба тақдир тан доданро талқин менамуд. Ҳар гуна мукобилият ба (ҳокимиятро маҳкум намуда, аз азоби заминию ондунявӣ метарсониданд. Аммо заҳматкашон низ ба он идеологияи худро муқобил мегузоштанд. Гарчадде ки онҳо дар сароғоз таълимоти мукаммале ба вуҷуд наовардаанд. Аммо аз орзу намудан дар бораи xомеаи адолатнок ва башардўст дар канор набуданд.

Маҳз аввалин маротиба дар Шарқи қадим унсурони аввалин донишҳои ахлоқию сиёсӣ пайдо шудаанд. ДарМисри қадим идеоло­гияи сиёсӣ барои ҳимоя ва амалӣ гардонидани ҳокимияти Фиръавнҳо мубориза мебурд. Ҳар гуна норозигӣ ва зиддиятӣ заҳматкашонро бо ҳокимон маҳкум карда, онҳоро бо худо метарсониданд.

Дар Бобулистон бошад, Ғояҳои сиёсӣ бештар дар қонуни шоҳ Хаммурапи (ХVШ то э. мо) инъикос ёфтаанд, ки хосияти илохӣ доштаци ҳокимиятро тасдиқ менамоянд.

Дар Хиндустони қадим афкори сиёсӣ, ки ҳамчун ҳимоягари сохти Ғуломдорӣ ва таxассумгари он баромад менамояд, акси худро дар идеологияи динию сиёсии браҳманизм, буддизм ва рисолаи сиёсии «Драхашастра» меёбад.

Хитойи қадим низ афкори сиёсии ғаннӣ дорад. Мутафаккирон, ҳатто Ғояи хосияти илоҳӣ доштани давлатро рад менамуданд. Зиддиятҳои оштинопазирии синфӣ боиси пайдо шудани навъҳои гуногунии идеология гардиданд. Муқобилияти оммаи мардум дар таълимоти ДАОСИЗМ инъикосн худро ёфтааст. Асосгузори таълимоти мазкур Лао-цзи (VI- V то эраи мо) мебошад. Ҳокимияти шоҳӣ зулму истибдодро аз худо вобаста намедонад. Хамаи нокомиҳои одамонро аз «даои инсонй» (ко-нунко) мебинад. Лаи-сзы тарафдори сохте баромад менамуд, ки ба баробарии тамоми одамон ва фанои зулму золимӣ асос сфтааст.

Ҳамчун химоягари манфиати гуломдорон Конфутсия (551 —479 то эраи мо) баромад мекунад. Дар асари «Лунь юй» «Сўҳбатҳо ва андешаҳо», ки шогирдонаш мураттаб намудаанд таълимоти оригиналии ахлоқию сиёсиро офаридааст. Фаъолият ва рафтори одамон, мақоми xамъвятии онҳоро осмон ва xирмҳои осмонӣ муайян менамоянд. Барномаи сиёснии Конфутсия вазифаҳои ҳар як аъзои ҷомеаро аниқ муайян менамояд. Тарафдори равияи аристократии идоракунии давлат мебошад. Канфутсия таълим медод, ки ҳокимняти давлатӣ бояд сазовори халқ бошад, дар ҳолати дигар он амалӣ карда наметавонад. Ҳокимон бояд барои оммаӣ мардум намунаи ибрат бошанд.

Конфутсия тарафдори Ғайризурии ҳукмронӣ аст. Вай зиддия шуру ошeбҳо ва мубориза барои ҳокимият баромада, сулҳӣ шаҳрвандиро қадр менамояд.

Баъдтар таълимоти Конфутсия ба идеологияи асосии расмии феодалӣ табдил ёфт. Моҳият он аст, ки xомеаро аз ҳаргуна таҒйироту xунбишҳо эмин дорад.

Буддоия, ки яке аз динҳои xаҳонӣ ба шумор меравад, дар тақдири халқҳое, ки онро парастиш менамоянд, аз xумла дар ҳаёти сиёсии онҳо таъсири худро мерасонад. Таълимоти буддоия дар китоби асосӣ муқаддаси онҳо «Типитака» (Се сабад) гирд омадааст. Буддоия ҳамаи одамонро дар «кулфат» ва наxоти баробар дониста, даъват мекард, ки машаққати оламро тавассути зуҳд ва гушанишинӣ, xустexуи саодатин ирфонӣ аз хотир бароранд.

Тарғиб, тарзи ягона ва фаъолиятн xамъоаҳои буддоӣ дар кишварҳои гуногун ҳар хел аст. Дар баъзе мамлакатҳо (Бирма. Шри Ланка) буддоия марказияти катьӣ надорад ва ҷамъоаҳо бевосита ба ҳокимияти давлатӣ тобеъ нестанд. Дар Таиланд бошад, буддоия ба сифати дини давлатӣ амал менамояд. Шоҳ сарвари ҷамоаи буддоӣ аст. Дар Лаос низ ҳамин тавр аст.

Буддоия як қатор ташкилотҳои байналхалкӣ дорад. Моҳияти онро тартиби сарнавишту тақдир, даст кашидан аз муборизаи синфӣ ва олами ҳастӣ, эътирофи ақидаҳои архаистӣ ташкил медиҳад.

Аломатҳои пайдоиш ва мабдаи таълимоти сиёсӣ дар осори қадимаи маданияти маънавӣ вомехуранд. Андешаҳои сиёсӣ ҳануз аз қадими давраи то милодӣ дар афкори иxтимоии мардуми эронзамин вомехуранд. Намунаи он зардуштия мебошад, ки дар нимаи дуюми ҳазораи I то милодӣ ба вуқуъ омада, бо номи асосгузораш Зардушти Спитамен маълуми аҳли фозил гаштааст. Асоси зардуштия дар авестои машҳури ёдгории нодири фарҳанги қадима таxассум ёфтааст. Он масъалаҳои мухталифи эътиқод, фалсафа, ахлоқ, ҳуқуқ ва сиёсатро дарбар мегирад. Хосияти асосии зардуштияро ду оғоз некӣ ва бадӣ ташкил медиҳад. Қувваҳои некӣ (Ҳурмуз) ва бадӣ (Аҳриман) замннаи таълимоти фалсафии оштимопазиранд: муборизаи не­кӣ бо бадӣ, нур бо зулмот бо ғалабаи қатъию комили хайру нур меанxомад. Пиндорн нек, гуфтори нек ва кирдори нек ки ба идеалҳои бади то зулмот дар мухолифати оштинопазир қарор доранд асоси равандҳои ахлоқиро ташкил медиҳанд.

Масъалаҳои давлатдорӣ дар зардуштия таваxxуҳи хоса доранд. Подшоҳ шахси барумандтарин ва пуриқтидортарини xомеа ҳисобида шуда, сарвари мутлақи кишвар аст. E вазифаҳои қабули қонун ва иxрои онҳоро ихтиёр намуда, идораи мамлакатро ба куллӣ сарварӣ менамуд. Яке аз хусусиятҳои мақом ва нақши подшоҳ аз нигоҳи зардуштия он аст, ки подшоҳ ба монади Худо парастиш карда намешуд. Ҳоло ан ки қариб дар ҳамаи динҳои дигари Шарқи қадим подшоҳро хосияти илоҳӣ насиб гашта буд.

Дар зардуштия маншаъи накуии хокимият эътироф гардидааст. Аммо андешаи дигаре низ бармехурад, ки ҳокимияти дунявӣ пеш аз мазҳаб вуxуд доштааст ва он расму ойини хосаеро соҳибӣ менамудааст.

Сабабҳои пайдоиши давлату ҳокимият низ рушан аст. Дар ин бора нақши зарурати иxтимоӣ бузург аст.

Зардуштия дар давраи кишвардории Ҳахоманишинон, Ашконнён ва Сосониён ҳамчун мазҳаб амал менамуд. Аммо фақат дар давраи Сосониён зардуштня ҳамчун дини давлатӣ расмият ёфтааст. Аҳкоми динӣ ва фалсафию ахлокии авестоӣ дар сиёсату давлатдорни Сосониён васеъ истифода мегардидаанд.

Шоҳаншоҳ, дар замони Сосониён ҳуқуқу имкониятҳои фавқулодда дошт. Амру фармони шоҳаншоҳ тарҒйирнопазир буда, ҳеҷ кас ҳаққу ҳуқуқи ҳатто, шубҳа намудан ба онро надошт. Муносибати шоҳ бо раият дар сатҳи олӣ қарор мегирифт. Одамон метавонистанд дар хусуси масъалаҳои гуногун ба шоҳ арз намоянд. Адолатхоҳии подшоҳ ба раият умед мебахшид. Аммо шоҳ наметавонист тамоми одамонро қабул намояд ва ба арзи онҳо гуш диҳад. Бннобар ин подшоҳ намояндагони боэътимоди хешро дар маҳалҳо ба шунидани арзу дархостҳои раият ҳидоят мескард ва аз анҳо талаби қатъӣ низ ба миён меовард.

Подшоҳ ба сифати бақои давлат, ободию осудагӣ, адолатхоҳӣ, раиятпарварӣ, риояи назму тартиб, тарсу ҳароси нобакорону душманон доииста мешуд.

Дар оини зардушти ба корҳои ғайридавлатӣ шуғл варзидани подшоҳ сарзаниш карда мешавад. Махсусан, ба тиҷорат ва ҳар гуна хариду фуруши мол сару кор доштани подшоҳ нораво ҳисобида мешавад. Подшоҳ набояд ба зироаткорӣ машғул гардад, зеро ки манфиати зироаткорони дигар халалдор мегарданд. Подшоҳ ғуломонро низ ба хизмати дарбор омода нагардидан. Зеро онҳо маслиҳати дуруст ва судманд дода наметадонанд. Тамоми фаъолияти шоҳ бояд баҳри таҳкими давлатдорӣ нигаронида шуда бошад.

Дар идораи мамлакат ба Шоҳаншоҳ руҳонии бузург, ки баъдтар уро муьбад меномидагӣ шуданд кумак менамуд. вазифаи мазҳабиро ба ҷо меовард, Аммо вазифаи қозил-ул-кузо-ти давлатро низ иҷро менамуд ва масъалаҳои адолату додхоҳиро назора мекард.

Ба гунаҳкорон ва ҷинояткорон ҷазоҳои мухталиф медоданд. Амрҳои ҷазодиҳӣ ва варниранг номида мешуд, ки дар ин ҳолат ростро аз дуруғ бо мудохилаи хаёлии худоён фарқ мекунонданд. Яке аз хусусиятҳои зардуштияро ваҳдати дину ҳокимияти сиёсӣ ташкил медиҳад. Аҳурамаздо ки шаҳриёри кабири осмону замин аст ҳафт вазир дошт. Онҳо ҳам дар олами маънавии Аҳурамаздо ва ҳам дар Замин соҳиби вазифаи олиянд. Масалан, Баҳман дар дунёи Аҳурамаздо Мазҳари гуфтор, кирдор ва андешаи нек буда, дар олами моддӣ фариштаи муваккал ва посбони xонварони нафъовар ва чорпоён ба ҳисоб меравад. Урдибиҳишт бошад ростию такво ва назми комили xиҳати маънавӣй мебошад. E нигаҳдорандаи оташ дар замнн аст. Шаҳривар дар олами қудрату тавоноии худованд буда, дар олами моддӣ посбоми фулузот аст. Нерую шукуҳи шоҳону сиёсатмадоронро адо менамояд.- Спиндормаз бошад, дар олами маънавӣ маҳзари ишқу муҳаббат, дар олами хоки Фариштаи муваккал ва посбони Замини аст.

Дар таърихи таълимоти сиёсӣ монавия нуфузи калонро соҳибӣ менамояд. Он ҳамчун таълимоти динию фалсафӣ дар Шарқи паздик пайдо шудааст ва дар асрҳои 3- 11 аз Африкаи Шимолӣ то ба Хитой паҳн гардид. Асосгузори он Форс- Монӣ (216—274 ё 277) аз Вавилион мебишад. E Зардушт, Буддо ва Исоро пешгузаштагони худ меҳисобид ва роҳи асосии таълнмоти худро аз зардуштия гирифта, дар навбати худ ба асосҳои Ғоявию дини зардуштӣ зарба зад. Таълимоти мона­вия аз ду қисмат: назария ва амалия таркиб ёфтааст. Дар амалия инсони муборизро тараннум намуда, онро барои Ғалаба бар қувваҳои бадӣ даъват менамояд. Инсон боял, озод бо­шад ва ба саодати абадӣ мушарраф гардад. Назарияи ин таълимот ба илоҳиёти эардуштия қаробат дорад. Зуҳду тақво ва камоли маънавӣ роҳи озодии инсонро ташкил медиҳанд. Даои таълимоти Монӣ масъалаҳои ахлоқӣ дар xойи намоён меистоданд.

Ҳамаи пайравони монавия баробар набуданд. Аслан, онҳо ба ду табақа xудо мегаштанд. Яке баргузидагон, дигаре xамоа (мустамеъон) ва табақаи аввалро муқаддасон ташкил медоданд. Табакаи дуюм аз пайравони оддй низом ёфта буд.

Монавия як навъ эътирози иxтимоӣ буд. Мардумро ба муборизаи фаъол ба муқобили касе ва ё гурeҳе даъват намекард. Гушанншиниро тараннум менамуд. Дуздӣ, сарватмандӣ ва моликияти хусусиро маҳкум менамуд.

Монавия аз империяи Рим ва Византия аз тарафи давлат ва насронияи қадим танг карда бароварда мешавад. Баъдтар, дар асрҳои 8—9 дар Осиёи Миёна ва Осиёи Марказӣ реша давонда, комил гардида ба дини давлатии уйҒурҳо мубаддал гардид.

Маздакия низ яке аз ҳаракатҳои иxтимоии аҳди пешин аст. Ҳаракати мазкур, ки зери сарварии Маздак Бомдод (соли таваллудаш номаълум ва соли вафоташ 529 дар Истахр) пайдо шуда буд ба Эрон, Озарбойxон ва Осиёи Миёна паҳн гардид. Ин ҳаракат ба муқобили сулолаи Сосониён равона шуда буд ва ҳамчун эътирозест ба сохти мавxуда ва муносибатҳои ҳукмронии xамъятӣ. Зулми ҳокими Сосонӣ хеле баланд гардида буд, ба замми ин хушксолӣ аҳволи заҳматкашонро тоқатфарсо намуд.

Дар бораи маздакия, аслан дар асарҳои паҳлавӣ ба монанди «Зайди Вохуман-ясн» ва «Маздакнома» маълумот дода ме­шавад. Мутафаккирони баъдина, асосан ба маъхазҳои зикршуда такя намуда, дар бораи Маздак ва таълимоти e аидеша меронанд. Дар бораи маздакия Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Ибни Балхӣ дар «Форснома» ва Низомулмулк дар «Сиёсатнома» андешаҳо иброз манудаанд. Бояд таъқид кард, ки дар гузашта назари муҳаққиқон ва махсусан, таърихнигорон ба ҳаракати маздакия манфҳ буда, онро ҳамчуи xунбиши иртиxоӣ маънидод намудаанд. Ҳамзамон Маздакро балвогару баддин муаррифӣ намудаанд. Симои ба ҳақиқат наздики Маздакро А. Фирдавсӣ нишон додааст. Фирдавсӣ ба ҳаракати мазкур назари нек намуда, Маздакро чун шахси донишманд, хайрхоҳ, одилу адолатхоҳ нишон додааст.

Мисли зардуштия ва монавия маздакия низ равобити ду мабдаи қадим—хайру шарро асоси таълимоти худ қарор додааст.

Маздакия ҳамчун таълимоти динию ахлоқӣ пайдо шуда, минбаъд ба ҳаракати иxтимоии оммаи мардум бар зидди аъёну ашроф табдил ёфт. Одамон хама баробар офарида шудаанд ва тақсими нобаробари давлату сарват ҳамчун беадолатии маҳз нишон дода мешавад. Барои таъмини баробарӣ бошад ба ҳама аъзоёни xомеа имконияти истифодаи баробар аз воситаҳои моддӣ дода мешавад. Моликият бояд умумӣ бошад.

Дар маздакия баробарӣ ба маънои тақсими одилона ва якхелаи сарватҳои моддӣ фаҳмида мешуд. Маздак заҳматкашодро ба зeран нест ндмудани нобаробариҳои иxтимоӣ ва молӣ даъват надуда, талаб дошт, ки ҳамаи одамон аз онҳо баробар истифода баранд. Ташвиқу тарҒиби Маздак заҳматкашонро ба шeриш хезонид. Онҳо молу мулки бойҳоро мусодира намуда, феодалонро аз мавзеашон меронданд. Баъди чанде аз музаффариятҳо харакати маздак шикаст хурд ва иштирокчиёнаш гирифтори шиканxаю азоб гаштанд.

Маздакия ба афкори xамъиятию сиёсии баъдина таъсир расонид. Баъзе фирқаҳои бидъатии ислом, махсусан, хуррамия аз он истифода намудаанд. Ғояҳои баробарии иxтимоии маздакия ливои идеологии шeришҳои Муқанмаи Бобак ва днгарон гаштанд. Маздакия ба ташаккул ва инкишофи фирқаҳои масеҳии богомилҳо, хатарҳо ва албигоиҳо таъсир расонидааст.

Таълимоти ахлоқию сиёсии Арасту. Мутафаккири барxастаи Юнони қадим Арасту (384.—322 70 эраи мо) бори дигар кeшиш намудааст, ки сохти мавxудаи xомеаро аз фаношавӣ раҳонад. Масъалаҳои сиёсиро дар асарҳояш «Сиёсат» («Политика») ва «Политияи афинагӣ» баён намудааст.

Арасту сиёсатро ба масъалаи адолатнокӣ мепайвандад. Адолатнокӣ, ки ба сифати хайрияти умум фаҳмида мешавад, объекти сиёсат мебошад. Хайрияти умум мақсади асосии «сиёсат»- и Арастуро ташкил медиҳад. Сиёсатмадор бояд ба ҳисоб гирад, кн инсон гирифтори даҳшат гаштааст ва табиати он вайрон шудааст. Аз ин рe сиёсатмадор мақсади тарбияи шаҳрвандони ахлокан комилро надошта бошад. Максадро он xиҳат ташкил медиҳад, ки шаҳрвандон ба ҳокимият ва қонунҳо итоат карда тавонистанро азбар карда тавонад.

Аз назари Арасту шарти зарурии ҳукмронӣ карда тавонистанро танҳо накeкории шаҳрванд ташкил дода наметавонад, балки накукории ҳамаи одамон зарур аст.

Арасту барои дарки ҳодисаҳои сиёсӣ бештар методи таҳлилро истифода менамояд. Ҳар як амалро то хурдтарин xузъиёташ таҳлил менамояд.

Арасту дар сохторн сиёсӣ 3 қисм: қонунбарорӣ, маъмурӣ ва судиро xудо менамояд.

Дар «Давлат»-и Арасту нақшн асосӣ ба шаҳрванд марбут аст. Давлат маҳз аз шаҳрвандон таркиб ёфтааст. E шаҳрванд гуфта шахсеро дар назар дорад, ки дар суд ва идоракунӣ иштирок менамояд.

Арасту сабабҳои пайдоиши давлатро баён карда наметавонад. Гeё давлат табиатан мавxуд аст. E қонуниятҳои инкишофи xомеаро дарк карда наметавонад. Таълимоти e дар бораи синфҳои xомеа ва дар бораи хелҳои эҳтимолии ҳокимияти давлатӣ инъикоси ҳолати бeҳронии давлатҳои Ғуломдории афинагӣ ва оҒози фанои синфи Ғуломдорон мебошад. Заминдорон синфи аз ҳама сермаҳсул ва пурсамар мебошанд. Онҳо вобаста ба тарзи ҳаёташон ва парокандагии ҳудудиашон ба масъалаҳои давлатдорӣ ва роҳбарии xомеа фаъолона дахл намекунанд.

Арасту навъҳои зерини ҳокимияти давлатиро нишон медиҳад: а) навъҳои беҳтар. Дар ин анём истифодаи Ғаразноки ҳокимият вуxуд надорад. Ҳокимнят ба тамоми xомеа хизмат менамояд. Шаклҳои зерин: монархия, аристократия ва полития (ҳокимняти синфи миёна, ки дар натиxаи ҳамxояшавии олигархия ва демократия ба амал омадааст) ба навъҳои беҳтари ҳокимияти давлатӣ дохил мешаванд; б) навъҳои бади ҳокимияти давлатӣ аз тирания, олигархия ва демократия иборат мебошанд.

Андешаҳои ахлоқию сиёсии асримиёнагӣ. Яке аз мутафаккири барxастаи асримиёнагӣ Абунаср Форобӣ (с. 870—950) мебошад. E масъалаҳои гуногуни ҳаёти xомеаро мавриди тадқиқ қарор медидад. Масъалаҳои ташаккулёбни идтиҳодияҳои одамон пайдоиш ва вазифаҳои давлат шаклҳои давлатдорӣ, хусусиятҳои тарзи ҳаёти шаҳрӣ, мақом ва нақши инсон дар xомеа ва Ғайраҳо дар маркази диққати вай буданд. Ба фикри Форобӣ xомеа дар ҳолате ташаккул ефт, ки одамон ба воситаҳои моддӣ барои ҳаёт эҳтиёx доштанд.

Фалсафаи сиёсии Фаробӣ хосияти кулл дорад ва оҒози тафаккури фалсафӣ дар тамаддуни Ислом аст. Форобӣ дар сиёсат ва давлатдорӣ пайрави Афлотун аст. Дар бораи бунёди xомеаи идеалии мадинаи фозила сухан ронда, андешаҳон сиёсиаш-ро баррасӣ намудааст. Дар саромади мадинаи фозила хокимон истодааст. E муносибатҳои байниҳамдигарии табақаҳои гуногуни аҳолиро танзим менамояд, инкишофи мавзуни xомеаро таъмин менамояд. Ҳоким, ки худ донишманд ва хирадманд аст аҳли xомеаро аз паси худ мебарад.

Имом ҳокими мутлақ аст. E соҳиби 12 сифати модарзод аст:

камолоти xисмонӣ, борикбинию дурандешӣ ва зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаённи андешаҳо, маърифатнокӣ, камхурокӣ ва камнeшӣ, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дуруҒ ва дуруҒгeён, кадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, нафрат ба чизу молу пул ва ҳар гуна унсурҳони ҳаётӣ, адолатнокӣ, нафрат ба беадолатию золимӣ, қайсарӣ, дар зарурат бо қатъият рафтор намудан, xасур будан. Аммо мутафаккир аз ҳама сифатҳо донишмандӣ ва адолатнокиро болотар мегузорад. Агар ин ду сифат набошад марги давлат мерасад.

Форобӣ ба андешае буд, ки давлатро бояд ақаллият, яъме баргузидагон (элита) сарварӣ намояд. Аҳли xомеаро як намедонад. Мадинаи фозиларо фақат дар доираи иттиҳодияи баҳрӣ бунёд намудан мумкин асту халос. Аз ин xаст, ки қонун-ҳои мадинаи фозила одамони аз шаҳр берунро дарбар на-мегиранд. Барои одамони аз марои мадинаи фозила берунмонда мутафаккир қонун ва тарткботн сохтореро раво медонад.Ҷомеаро ба гуруҳҳо ва табакаҳо ҷудо менамояд. Дар афкори исломӣ низ ба «хоса» ва «омма» xудо намудани одамон Ҳодисаи нав набуд. А. Форобӣ низ дар чунин андеша буд.

А. Форобӣ дар асл тарафдори давлатдории теократӣ аст. Аммо у сохти дагари давлатдорӣ- идораи дастаxамъиро дар мадинаи фозила рад намекунад. Чунин андеша таxассуми воқеияти чамъиятӣ буд. Зеро ҳокимияти дунявӣ дар дасти амиру султону шоҳ гирд омада буд. Халиф бошад ба ҳокамияти динню маънавӣ машҒул буд.

Дар идораи давлат Ҳокими дуюм низ роҳ дода мешавад. Ин дар ҳолате рeх медиҳад, ки ҳокимимо ҳамаи 12 хислати хубро надошта бошад. Ҳокими дуюм бошад бояд 6 хислату сифати варзида дошта бошад. Агар ҳокими дуюм 6 сифати накe надошта бошад, пас ду нафар бояд дар назди e бошанд, ки чунин сифатҳоро доро бошанд.Ҳамин тариқ, онҳо дар маxмeъ метавонанд мадинаи фозиларо идора намоянд.

А. Форобӣ xомеаро аз се қисм таркиб медонад: xомеаи кабир, ни аз халқҳои зиёду гуногун иборат аст; xомеаи миёна, ки як халқро фаро гирифтааст; xомеае ки як шаҳрро дарбар гирифтааст.

Дар дарки амиқ ва ҳамаxонибаи сиёсатмадорию давлатдорӣ А. Фирдавсӣ (934—1020) низ мақоми баланд дорад. Мутафаккир дар Эрони Шарқӣ, ки ба хайати давлати Сомониён ворид буд умр ба сар бурда, давраи беҳтари фаъолняташро ба сомон расонидааст. Ғояи марказии эчодиёти А. Фирдавсиро муборизаи некӣ ва бадӣ ташкил медиҳад. Қувваҳои некиро ҳурмуз ва қувваҳои бадиро Аҳриман сарваранд. Ҳама қиссаҳои «Шоҳнома» бо Ғалабаи некӣ ба бадӣ анҷом меёбанд.

Маънию мазмуни тамоми офарндаҳои А, Фирдавснро тараннум ва ситоиши кишвар, даъват ба ягонагӣ ва ваҳдати қувваҳои гуногуни мамлакат ташкил медиҳанд. У тарафдори ҳокимияти пурқуввату муттамарказест, ки қудрати рафъи ҳама гу­на дахолати беруӣ ва шикасти дохиларо дошта бошад.

А. Фирдавсӣ ба мақоми подшоҳ ва нақши лашкаркашону паҳлавонон дар таҳкими давлатдорӣ ва ваҳдати xомеа аҳамияти хосаро насиб кардааст. Паҳлавонон ба Ватан ва шоҳ содиқанд. Ҳатто, онҳо ба хотири манфиатҳои умумии давлатӣ ҳар гуна шоҳи ноодилро мебахшад. Зеро ки шоҳро ифодагари ваҳдату қудрати давлат ва кишвар медонанд. Дар навбати худ қаҳрамонони Фирдавсӣ шахсиятҳои барxастаанд, ки онҳо ба қадри худ мерасанд, шаъну шарафи худро ҳимоя менамоянд ва мақоми худро дар кишвардорӣ амиқ дарк кардаанд. Аммо манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ авлотар дониста, анъанаҳо ва суннатҳои давлатдорию лашкаркаширо бечуну чаро риоя менамоянд.

Фирдавсӣ дар хусуси ойини давлатдорӣ андешаҳои пурқимате ба мерос гузоштааст. Бештар дар давлатдорӣ ва роҳбарӣ ва даврон аз фаъолияти шоҳигарии Нуширвони одил бошад, назар мекунад. E Нушервон чун шоҳи одил ва мардумнавоз муаррифӣ менамояд.

А.Фирдавсӣ ба фаъолияти сиёси одамон низ назари хосе дошта, андешаҳояш аз муносибатҳои ҳамзамонон ба куллӣ фарқ менамуданд. Махсусан, андешаҳои e дар бораи шeришҳо пурарзишанд. E тавонистааст, ки маҳдудиятҳои таърихӣ ва синфиро мадди назар намуда, дар бораи моҳият ва хусусиятҳои шeришҳо бештар андешаҳои мусбат баён намояд. Аз xумла, чунин муносибатро ба шeриши Маздак раво донистааст. Сабаби ба шуришҳо бархостани одамонро Фирдавсӣ дар норасогиҳои замона, қашоқию гуруснагӣ мебинад. Ба муқовимати мусаллаҳона ҳамчун ба бадтарин бадбахтӣ барои одамон менигарад. Одамон на танҳо аз ҳуxумҳои душман, балки аз амалиёти аскарони кишвари худӣ низ зарар мебинанд. Аскарон на бояд ба одамони Ғайринизомӣ зарар расонанд. Ҳатто ҳаёти Хусрав Анeширвон қисса менамояд. Анeширвон мефармояд: xанговаре, ки коҳи деҳқононро аз худ намудааст ба қатл расонанд. Ин амали шоҳро А. Фирдавсӣ адолатнокии олӣ ҳисобидааст.

Абурайҳони Берунӣ (973- 1048) мутафаккире буд, ки ҳодисаҳоро дар муқоиса қарор медод, Аз ин рe, дар асарҳои e бо шаклҳои мухталифи идораи сиёси xомеа низ дучор омадан мумкин аст. Вале, мутаассифона, Берунӣ ба кадоме аз онҳо ҳусни таваxxeҳ доштани хешро баён накардааст. Ҳаминаш возеҳ аст, ки e пайрави подшоҳи оқилу одил аст. Вай дар «ҷамоҳир фи маърифат» ном асараш пиромуни шакли демократии ҳокимият, ки дар яке аз давлатҳои Мағриб вуxуд дошт. Менависад дар бораи яке аз шаҳрҳои МаҒриби дур ривоят мекунанд, ки дар он ҳокимият байни аъёну заминдорон аз даст ба дасте интиқол меёбад. Чун навбат ба ҳар фарде, ки мерасид, муддате се моҳ ҳоким мешуд. Xун муддати ҳокимияташ анxом мепазируфт, ихтиёран аз ҳокимият даст мекашид ва ба ҳайси сипос закот ҳам медод. E ба хонадони худ баргашта, аз он ки аз боре халос шудааст хушӣ мекард ва кораш мепардохт.

Берунӣ тамоми файласуфони собиқро рушд додааст. Дар асарҳояш на фақат подшоҳи оқилу одил, балки оид ба вазифаҳои e изҳори андеша кардааст. Ба ақидаи e, тақдири халқу кишварро ба ҳар фард ҳавола кардан нашояд. Аз ин рe, вақти интихоби сарвар ё подшоҳ ба назар гирифтани шартҳои зерин ҳатмӣ аст: қабл аз ҳама ба ҳокимият истеъдоду қобилияти табиӣ доштан, ҳамчунин ба фикру мулоҳизаҳои уқалою фузало гeш кардан ва онҳоро дар умури давлатию кишвардорӣ мавриди истифода қарор додан. Дигар, ҳоким ё подшоҳ вазифадор аст, то Ғами онҳоро ҳамеша дар сар дошта бошад, к шудгор ё кишти заминро пешаи худ қарор додаанд.

Ба ақидаи мутафаккир вазифаи асосии ҳоким байни болоиҳою поёниҳо барқарор карда адолат ва байни қавъиҳою заифҳо барқарор намудани баробарист. Дар xое, ки баробарӣ бошад, вуxуди Ғаму таъмакорӣ низ муҳол аст. Вале, Берунӣ таҳти мафҳуми мазкур аз лиҳози дороӣ баробар буданро нафаҳмидааст. Вай таври ихтиёрӣ аз дороӣ даст кашиданро низ табрик кардааст.

Таълимоти сиёсӣ дар осори Абуалӣ ибни Сино (с. 980—1037) мақоми худро дорад. Дар асарҳои Сино тарҳи ҷомеа ва давлат дучор мегардад. Мувофиқи он ҷомеа ба 3 қисмат тақсим мешавад: ҳокимон, заҳматкашон, ҷанговарон. Ҷомеа дорои тартиботи катъӣ буда, ба қонунгузориҳои махсус асос меёбад.

Ғуломӣ низ дар доираи маҳдуд вуxуд дорад. Снно вазифаҳои давлатро дар таъмини тартибот, ҳалли масъалаҳо ва равандҳои зиддиятноки xомеа медид.

Дар xомеа бояд хазинаи махсус вуxуд дошта бошад, то кӣ ба беморон ва корношоямҳо ёрӣ расонида шавад. Xанговароня низ аз ҳисоби ин хазана нигоҳ дошта мешаванд. Хазинаи мазкур аз ҳисоби айдоа ва хайрияи мусулионон ташкил дода мешавад.

Ҳоким интихоб карда мешавад. Тарҳи «ҷомеа»-и И. Сино аз бисёр ҷиҳатҳо ба таълимоти Афлотун наздикӣ дорад. Масъалан, тақсимоти меҳнат ҳамчун асоси давлат, қонун-воситаи танзими ҳодисаҳои ҷомеа ва ғайраҳо. Аммо И. Сино заҳматкашонро нисбат ба ҷанговарон дар ҷойи баландтар мегузорад. «ҷанговарон»-и Сино фақат вазифаи ҳимояи давлатро иҷро менамоянд.

Яке аз мутафаккироне, ки сиёсатро мавриди тадқиқи мах­сус қарор додааст Унсурулмаолни Кайковус (1020—1099) мебошад. У ки тарбияи ашрофона гирифта буд. Доимо дар орзуи давлатдорию шоҳаншоҳӣ буд. Вай муаллифи «Насиҳатнома» аст. Тарзи зиндагии айону ашрофро тасвир менамояд, тариқи идораи давлат ва сарвари xомеа буданро ба сифати дастуруламал пешниҳод менамояд.

Сиёсатмадору давлатдорро ба Офтоб монанд менамояд. «Подшоҳ чу Офтоб аст. Нашояд. ки ба яке тобаду бар яке натобад». Адлу адолатиро чун пояи давлатдорӣ меҳисобад. Шоҳу шоҳигариро ба масъалаҳои ахлокӣ мепайвандад. Мисолҳои зиёдро дар бораи нопокию бадахлокии тоифае аз ашрофон меорад ва онҳоро маҳкум менамояд. Ба шоҳон тавсияҳои муҳим дар боби ба айшу ишрат дода нашудаи ва ба корҳои давлатдорӣ машҒул гаштанро медиҳад. Шоҳ ҳамеша ақлу хирадро бояд машваратчии худ иатихоб намояд. Ба эҳсосот дода нашавад. Тафаккур бояд дар қабули қарор xойи асосӣ дошта бошад. Кайковус яке аз аркони давлатдориро дар равоншоаникии фармону супоришоти шоҳ мебинад. Муносибат ба лашкар ва раият низ аҳамияти муҳим дорад. Вазъияти иқтисодӣ низ ба омили муҳими давлатдорӣ дохил мешавад. Фақат ба воситаи адлу инсоф хазинаи давлатро пур кардан мумкин аст.

Подшоҳ бояд доимо бо лашкар ва халқ бошад ва ба мардум ҳеx гоҳ нафрат надошта бошад, то ки ба нафрати онҳо дучор нагардад.

Умсурулмаолия Кайковус ба масъалаи хоста гирифтани одамон ба корҳои давлатдорӣ низ диққати махсус медиҳад. Шоҳ бояд аз фаъолияти вазирону вакилон хабардор бошад. Набояд хешу табориӣ вазир амалдор бошанд. Ин ба талаву тороxи давлат оварда мерасонад.

Муҳимтарин хислати шоҳ авф карда тавонистани зердастон аст. Мустакили ва пуртокатӣ ба ин амал далолат мекамоянд. Ҳар хабаре, ки меояд дақиқ санxида шавад ва баъд хукм бароварда шавад. Унсурулмаолии Кайковус рехтани хуни ноҳақро маҳкум намуда, зидди азобу шиканxа кашидани мардум баромад менамояд. Xазоро воситаи ягонаи танзими муносибатҳои xомеа ва масъалаҳои давлатдорӣ намеҳисобад. Шоҳро ба раҳмдилӣ даъват намуда, дар навбати худ хотиррасонл менамояд, ки душманро дар амон гузоштан нашояд.

Дар таърихи афкори сиёсии форсу тоxик ба мисли Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тусӣ (1018—1092) (Низомулмулк) ва асари e «Сиёсатнома» падидаеро дарёфт кардан кори саҳл нест. Маликшох мефармояд, ки дар бораи тартиб, тарз, қоида ва қонунхои асосии давлатдорӣ рисолае тартиб диҳанд. ки он ба сифати дастуруламал истифода карда шавад. Низомулмулк низ, соли 484 (1092) дар ҳаxми 39 фасл асаре менависад, ки ба он «Сиёсатнома» ном ниҳод. Баъдтар ба он 11 ё 15 боби дигар илова карда шудааст.

Фаслҳои аввалини «Сиёсатнома» масъалахои умумии дав­латдориро фаро гирифта, аз ҳаёти шоҳони гузашта, аз қабили Наср бинни Ахмади Сомонӣ, Султон Маҳмуд. Нуширвон, Баҳроми Гур ва дигарҳо ҳикоятҳхои судбахш меорад. Онҳо ҳамчун ибрати давлатдорӣ ва шоҳигарӣ нишон дода мешаванд.

Низомулмулк ба пайдоиши давлат диққат дода, онро мах­сус қайд мекунад. Чун мутафаккири замони худ e аз мавқеи динӣ бунёди давлатро маънидод менамояд. Эзидтаъоло офарандаи давлат дониста мешавад. Ба подшоҳ низ диққати зарурӣ медиҳад. Онро ба сифати намояндаи эзидтаъоло дар замин ва идоракунандаи давлат меписандад. Низомулмулк халқро асоси давлат, такягоҳ, пойдории мулкро дар зиндагии беҳ раият медонад. «Чун дуои халқ ба некуӣ пайваста гардад, он мулк пойдор бувад».

Паҳлeи дигари давлатдориро мутафаккир дар шунидани арзи мардум ва аз рeи адолат ҳукм баровардани шоҳон мебинад. «Чора набошад подшоҳеро аз он, ки дар ҳафтае ду рeз ба мазолим бишинад ва дод аз бедодгар биситонаду инсоф бидиҳад ва сухани раият бишнавад бевосита».

Низомулмулк саҳм вазирро низ дар кори давлатдорӣ кам намедонад ва фасодии подшоҳу мамлакатро ба вазир вобас-та медонад.

Барои он ки хиёнату ришвахeрӣ дар идоракунини давлат доман паҳн накунад, Низомулмулк мефаромояд: «… ба ҳар ноҳия ва шаҳр ноибе бифиристад, кутоҳдасту муътамад бошад, то эшон амволро муҳофизат мекунанд. Ва ҳар чӣ равад аз андаку бисёр ба илми ешон бошад ва на чунон ки ба сабаби мушоҳара (моҳона) афтад ба тозагӣ ранx хосил шавад. Ва он чӣ ба нор бояд, аз байтулмол бидиҳанд, то эшонро ба хиёнату ришват ҳоxат набошад ва ин фоидаи, ки аз ростӣ кардан ҳосил шавад».

Дар хусуси қонун ва конунбарорӣ Низомулмулк мефармояд, ки то зарурате пеш наояд, фармон (қонун) набояд навншт: «номаҳо аз дастгоҳҳо бисёр нависанд ва ҳар чӣ бисёр гардад, ҳурматаш набувад. Бояд, ки то муҳиме набувад, аз маxлиси олӣ чизе нанависанд. Бояд, ки ҳурматаш он чунон бувад, ки касро заҳиран он «набошад, ки аз даст бидиҳад, то фарри молро набарад ва агар маълум гардад, ки касе дар ан фармон ба чашми ҳақорат нигарнстаасту андар пеш шудан ба самъи тоат ко­милӣ кардааст, он касро молиши болиғ диҳанд».

Низомулмулк дар ду амал, вазифа адои хизмат намудани як фардро раво намебинад. Ба вазифаҳои масъул мардони покдилу шоистаро раво медонад. Ин мутафаккири варзидатаи асримиёнагӣ дар кори давлатдорӣ иштироки занро намеписандад; — «хоса занон, ки аҳли ситранд (хона) …ва ғараз аз эшон гавҳари насл аст… Ва ҳар гоҳ, занони подшоҳ фармондеҳ шаванд, ҳама он фармоянд, ки соҳибҒаразон эшонро биёмeзанд ва бишунавонанд ва ба раъюлайн чунон ки мардон аҳволи берун пайваста мебинанд, эшон натавонанд, ки дид…».

Низомулмулк инчунин ба таркиби иxтимоии ҷомеа диққати зарурӣ додааст. Ҷомеаро аз табақаҳои болоӣ ва поёнӣ иборат медонад. Ба табақаҳои болоӣ — подшоҳ, вазирон, дабирон, қозию хатибон, надимону муқаррибон- заминдорон ва дигаронро дохил менамояд. Ба табақаҳои поёнӣ бошанд дарбонону посбонон, дехконону ғуломон ва зердастон дохил мегарданд. Табақаҳои поёониро асосои ҷомеа ва бавуҷудовардагони неъматҳоя моддӣ медонад.

Низомулмулк ба муносибатҳои байниҳамдигарии давлатҳо низ диққати зарурӣ медиҳад. Дар ин ҷода нақши расулро (сафир) қадр менамояд. Бояд расулон хуб пазируфта шаванд, чун ки онҳо шахсоне мебошанд, ки тартиби муносибатҳои байни давлатҳо аз фаъолияти онҳо вобастаанд.

Мутафаккир ба гуногунии (этникӣ, ҳудудӣ ва ғ.) лашкар диққати асосӣ медиҳад. Ин аз ҳар ҷихат кобили таваҷуҳ аст. Гуногунии лашкар имконияти ҳар гуна исёну ошубҳоро бар зидди сарони давлат ба нестӣ мерасонад.

Аз нигоҳи Низомулмулк давлат бонд ду хазина дошта бошад: а) хазинаи аслӣ, ки фақат дар айёми зарурӣ, аз xумла дар вақти ҷанг истифода бурда мешавад; б) хазнаи чарx, ки барои пешрафти давлат ва рeзгори мардум истифода меша­вад. Ободӣ ва роҳати мардум аз ободӣ ва пурарзишии хазнна вобаста аст.

Низомулмулк динро бо сиёсат пайваста, онро дар хизмати сиёсат гузоштааст: «Ойинро ба дунё мефурушанд ва ҳамаи корҳо ба қоидаи хеш бозгаранд. Ҳар касро ба андозаи вай бидоранд, то корҳои ойиливу дунявӣ бар низом бошад. Ба ҳар чӣ бар хилофи ин бувад, подшоҳ рухсат надиҳад ва камубеши корҳо ба тарозуи ақл ва шамшеру сиёсат рост кунад».

Абдуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ (1058—1111) низ дар сиёсат фаҳмию дарки усулҳои давлатдорӣ макоми хос дорад. Назари сиёсии ў дар «Насихат- ул- мулук» гирд оварда шудааст. Сиёсатро яке аз қисматҳон илми фалсафа медонист. Ғазолӣ худоро сабабгори ҳамаи ҳодисаҳо медонад. Давлатро низ худо офаридаст. Сарвари давлат, подшоҳ «…сояи ҳайбати худост бар руи замин, яъне ки бузург ва баргумоштаи худояст бар халқи хеш». Бузургтарин хислати подшоҳиро дар одилӣ мебинад. Адл пояи устуворин давлат буда, меъёри он танҳо Ғамхорӣ нисбат ба раият мебошад.

Ғояҳои инсондўстии Ғазолӣ баҳри таъмини амиият ва осудаҳолии раият хизмати босазоест.

Ғазолӣ низ масъалаҳои давлатдориро тобиши ахлоқӣ ме-диҳад. Сиёсатро воситаи такомули давлатдорӣ, адлу инсоф ва ҳимояи раият меҳисобад.

Ғазолӣ дар тамаддуни исломӣ нақши махсус дорад. исломро аз ҳар гула омилҳо ва тамоюлҳои динию ғайридинӣ ҳифз намудааст. Дар сиёсатфаҳмию кишвардорӣ низ фақат аз назари Ислом назар намудааст, Худоро сабабгори ҳамаи ҳодисаҳо донистааст. Ин нуқта аз ибтидо то интиҳо ҳифз карда шудааст.

Имом Ғазолӣ усули эътиқодро тарзе баён намудааст, ки аҳамияти барҷастаи методологӣ дорад ва дар дарки xаҳонбинии мутафаккир мақоми муҳим дорад; «Бидон эй малик, ки ту офаридаӣ ва туро офаридагорест, офаридагори ҳама олам ва ҳар чи дар олам аст ва яке аст, ки уро ҳамбоз нест ва ягона аст, ки уро ҳамто нест ва ҳамеша буд, ки ҳастии уро аввал нест ва ҳамеша бошад, ки будани eро охир нест ва ҳастии вай бар худ аст, ки вайро ба ҳеx сабаб ниёз нест ва ҳеx чиз аз у бениёз нест, балки буди вай ба худ аст ва буди ҳама чизҳо ба вай аст».

Мутафаккир ба подшодигарӣ хосияти илоҳӣ мебахшад. Дар бораи таркиби xомеа ибрози андеша менамояд. Назарияи хоса ва оммаро ҷонибдор буда, онро ба таври ба худ хос тафсир намудааст. Ба сифати баргузидагони ҷомеа пайгамбарон ва подшоҳон амал менамоянд. Подшохӣ мақоми фавкулодда дорад. Одамон ба подшоҳ, ки «сояи ҳайбати худост бар руи замни» дар итоати бечунучаро бошанд. Шаккокӣ ба подшоҳ ва норозигӣ аз e номумкин аст. Ба подшоҳон чунин хосиятҳое мансуб медонанд, ки онҳоро аз сифатҳои заминӣ чудо месозанд.

Имом Ғазолӣ дар пайвастагии дин ва подшоҳигарӣ андешаҳои амиқ баён намудааст. Дину подшоҳиро дар баробари якдигар мегузорад. Яке аз вазифаҳои подшоҳӣ ҳимояи дин, тарҒибу ташвиқ ва хизмат ба ислом аст. Подшох нагузорад, ки дар қаламрави вай ба дин касе беҳурматӣ зоҳир намояд ва бар хилофи фармудаҳои ислом амал намояд. Подшоҳро зарур аст, ки ин гуна шаккокон ва Ғайриисломиёнро ба ҳузури хеш хонад ва маxбур созад, ки тавба кунанд, ва аз амали зиддидинӣ даст бикашанд. Подшоҳ ин гуна одамонро xазо дода, қодир аст онҳоро аз мулк биронад, покизагии дин ва кишварро ҳимоя намояд. Подшоҳ бояд фаъолияте барад, ки раияти заҳматкашро аз ҳар гуна бадкирдориҳо раҳо намояд, ба накукорон ёрӣ ва подош диҳад. Нагузорад, ки бадахлоқон ба фозилон зулм ва ё бадкирдорнро раво бинанд. Подшоҳ ба он кeшад, ки одамон аз бадию бадкирдорӣ хазар намоянд, аз сиёсати e битарсанд ва рe ба амали нек оранд.

Одамон ба подшоҳон назарат менамоянд ва чигунагии фаъолияти, онҳо ба кирдару рафтор ва нияти подшоҳ обаста аст. Подшоҳи бадкирдор одамонро низ бадкирдор менамояд. Умеду орзуҳоро барҳам мезанад, ҳиммати одамонро беқадр мена­мояд. Одамон ба e бовар намекунанд, адлу адолатиро мунтазир нагашта, ҳар касе аз паси кори хеш ва муроди хеш мешавад. Дар ин xода муносибати подшоҳ ва одамон тарафайн аст. Одамон низ ба рафтору кирдори худ ба подшоҳ таъсир мебахшанд ва подшоҳ аз хислатҳои одамон низ дар кишвардорӣ истифода мекунад. Андеша дар бораи «чи тавре, ки бошед, хамон тавр ба шумо ҳукм ронанд» бархақ аст, ки дар шакли дигар онро дар фалсафаи сиёсии асри ХIХ Аврупо дар таълимоти Гегель барxаста дучор хоҳем омад. Подшоҳон аз таҷрибаи шоҳигарию мулкдории ниёгон истифода намоянд, пандномаҳои онҳоро бихонанд ва дар фаъолияти худ исти­фода баранд. Подшоҳ, вазифадор аст, ки ба ҳамаи ходисаҳо ва амалҳое, ки дар мулкаш ба вуқeъ меояд назорат намояд. Нагузорад. км одамонро озор диҳаид, рeзи бад оранд. Зеро мардум ҳама амалро ба подшоҳ вобаста менамояд. Подшоҳ бехатарӣ ва амнияти одамонро таъмия намояд. E бояд тавассути сиёсат чунин амалҳоро ба xо орад. Подшоҳ чунон босиёсат бошад, кн одамон аз ҳазар намоянд.

Ғазолӣ дар раванди идораи давлат ба мақоми вазир диққати махсус медиҳад. Вазир сиёсати подшоҳро воқеӣ мегардонад. Вазир бояд хислатҳои донишмандию хирадмандӣ, меҳрубонӣ, ростгўӣ, накукориро дошта бошад. E садоқатмандона вазифаашро иҷро намояд, садди роҳи ҳар гуна амалҳои манфӣ дар идораи давлат гардад. Бо маслиҳати худ тавонад подшоҳро аз қабули қарорҳои нодуруст гардонад. Вазир бояд шахси пир ва варзида бошад.

Яке аз донишмандани соҳаи давлатдорӣй ва сиёсатмадорӣ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1314—1384) мебошад. E заодаи Ҳамадон буда, дар шаҳри Кулоб манзили доймӣ қарор додааст. Ақидаҳои сиёсии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, асосан дар «Захирот-ул-мулук» гирд омадаанд. E бештар дар бораи давдати исломӣ сухан меронад. Асар ҳамчун дастури амал барои синфи ҳоким навишта шудааст. Он дар асри ХIХ ба як қатор забонҳои аврупоӣ низ тарxума гаштааст, ки аз аҳамияти он дарк медиҳад.

Мир Саид Алии Ҳамадонӣ тарзи ҳокимияти хилофат, подшоҳӣ ва салтанатро, ки ба ислом пайравӣ мекунад, эътироф менамояд. Дар байни мансабҳон набувват ва ҳокимӣ фарқ мегузорад. Ҳокимӣ аз рeи манфиатҳои қонун ва xомеа бармеояд. Одам алайҳиссаломро дар мансабҳои набувват ва салтанат эътироф менамояд. Мансаби набувватро худо ба ашхоси хос медиҳад. Мансаби салтанат ва ҳоким ба хоҳиши хоким вобаста аст. Аз ин хотир, ақидаи мутафаккир аз пешгузаштагон ва ҳамзамономи худ дар ин хусус ба куллӣ фарқ ме­намояд, яъне e подшоҳиро пазируфтаи худо намеҳисобад.

1.24K
Нет комментариев. Ваш будет первым!