ФАРҲАНГИ ҲИНДИ ҚАДИМ

Ҳинд яке аз кишварҳои қадимтарини дунё буда, мардуми он дар атрофи дарёҳои Ҳинд ва Ганг маскан гирифта, ба зироатчигӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ ва ҳу-нармандӣ машғул мешуданд.Ҳинд яке аз кишварҳои қадимтарини дунё буда, мардуми он дар атрофи дарёҳои Ҳинд ва Ганг маскан гирифта, ба зироатчигӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ ва ҳу-нармандӣ машғул мешуданд. Бозёфтҳои бостонши-носй ва дастовардҳои фарҳангӣ шаҳодат медиҳанд, ки мардуми ҳинд аз давраҳои хело қадим бо мардуми ҳамсояҳо ва давлатҳои дигар робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ доштанд. Маданияти Ҳинди қадим аз давраҳои ҳазорсола-ҳои IV пеш аз милодӣ оғоз ёфта, мавқеи васеъ пайдо кард ва ба тарафи шарқии мамлакат паҳн шуда, мин-баъд маркази он ш. Деҳлӣ ба ҳисоб мерафт. Агар ба тамаддуни мардуми ҳинду назар кунем, аҳди тамадду-ни Ҳинди қадимро Хараппа меномиданд, ки он дар ин сарзамин тамаддуни қадимтарин буд, зеро ки маркази аввалин тамаддуни ин ҷо калонтарин шаҳрҳои Харап-па ва Махинҷо -Доро ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра сатҳи фарҳанг, меъморӣ, санъат, ҳунармандӣ баланд шуда, маданияти ин замон дорои хусиятҳои хоси худ буданд.
Яке аз комёбиҳои муҳимтарини мардуми Ҳинд дар давраҳои қадим он ихтирои хат буд, ки хати қадимаи онҳо низ ба монанди хати Шумеру Аккад ва Мисриёни қадим хати тасвирӣ (иэроглифӣ) буда, он дар ҳазорсо-лаи III- пеш аз милод ба вуҷуд омадааст. Хати қадимаи онҳоро хати браҳмӣ низ меноманд. Дар Ҳинди қадим танҳо дар охири асри III- п.а.м. хати алифбои ҳиҷоӣ паҳн мегардад. Муҳимтарин асарҳои динӣ – фалсафии давраи қадими ҳинд бо хати қадимӣ ведӣ -браҳмӣ ва баъдтар бо хати санскритӣ ва оромӣ таълиф мешуданд. Аввалин дастоварди фарҳангие, ки давраҳои тамадду-ни қадимтарини Ҳиндро дар бар мегирифт он китоби «Махапхарата» мебошад.
Маданияти мардуми ҳинди қадим аз ибтидо дар рӯҳияи динӣ инкишоф меёфт. Таълимоти динии қадим-тарини онҳо дар қисматҳо (навиштаҷотҳо) – и Веда-(хирад, дониш, дониши муқаддас) навишта шуда, ин-кишоф меёфт. Ведаҳо маҷмӯи матнҳои нисбатан қадимаи забони ҳиндй (ведӣ) буда, тақрибан дар ҳазораи ду ва як- и то милодӣ таълиф шудааст. Ин сар-чашмаҳои бонуфузи афкори Ҳинди қадим аст, ки чор қисмати қадимтарини он Ригведа, Самаведа, Яҷурве-да ва Атхарваведа буда, баъзе аз навиштаҷоти онҳо то замони имрӯза омада расида, дорои аҳамиятҳои хоси худ мебошанд.
Дини қадимтарини ҳиндуёнро «Браҳмания» мено-манд, ки дар ибтидои ҳазораи аввали пеш аз милод дар заминаи инкишофи дини ведӣ ба вуҷуд омадааст. Дар эътиқодҳои он худоҳои миллии кабилаҳои гуногун, ақидаҳои тотемистӣ ва парастиши аҷдодӣ мушоҳида мешавад. Пайравони Браҳмания худои бузург Браҳма омиру ҳофизи коинот Вишнӯи валинеъмат ва хароб-кунандаи мавҷудот Шива (рабъу навъи бадӣ)-ро ме-парастиданд ба ҷуз инҳо ҳиндуён худоҳои дуюмдара-ҷа низ доштанд. Браҳма дар натиҷаи пайдоиши дини нав, яъне буддоия тадриҷан ибтидои ҳазораи якуми милодӣ ба ҳиндуия табдил ёфт. Мардуми Ҳинд баъд-тар будпарастӣ карда, худоҳои худ Митра, Ваоруна, Вишна, Кришна, Индира, Гита ва ғайраҳо номгузо-рй намуда, ба ситоиши онҳо рӯй меоварданд. Онҳо анъанаҳои мазҳабии худро бо тавассути браҳманҳо (донишмандони хиради муқаддасро мегуфтанд) ба ҷо меоварданд. Дар оғози пайдоиши бутпарастй пайра-вонаш – дарахтон, ҳайвонот, сангҳо ва ғайраҳоро ме-парастиданд. Минбаъд ба объектҳои парастиш шакли инсонӣ дода, онро инъикоси қувваи фавқултабиӣ ме-пиндоштанд.
Буддоия бошад таълимоти динию фалсафиест, ки дар Ҳинди қадим асрҳои VI-V то милод ба вуҷуд омада, зимни инкишофаш баробари масеҳият ва ислом ба дини ҷаҳонӣ табдил ёфт. Асосгузораш шоҳзода Син-харта Гаутама буда, баъдтар ӯро бо номи Буддо ме-шиносанд. Дар аввали мавҷудияташ аз 18 фирқа ибо-рат буд, вале дар ибтидои аввали асри милодӣ ба ду шохаи асосӣ ҳинаяна ва махаяна ҷудо шуда, рукни (та-лаботи) асосии таълимоти Буддо роҷеъ ба «Чор ҳақи-қати асил» (мавҷудияти азоб, сабаби азоб, озодшавӣ аз азоб, роҳи озодшави аз азоб) даъват менамояд. Ҳа-маи ин дар китоби муқаддаси он «Типитака», яъне маънояш «Се қонун, се сабад» навишта шуда, таъли-мотҳои ахлоқии онро дарбар мегирад.
Буддо мегуфт: «Ҳамаи онро бо роҳи қурбонӣ, хай-ру наҷобат, худтарбиякунӣ ба даст овардан мумкин аст». Фарҳангу санъати баланди мардуми Ҳинд ба пешрафти фарҳангу тамаддуни халқҳои гуногун таъ-сири мусбӣ расонида, аксари кашфиёту дастовардҳои фарҳангии онҳо ба сатҳи ҷаҳонӣ расидаанд. Хусу-сан дастовардҳои фарҳангии мардуми ҳиндуён асар-ҳои «Махапхаратта», «Панҷтантаратта», «Рамаяна», «Ригведа», қонуни «Ману ва Кану» ва ғайраҳо буда, ба фарҳангу тамаддуни мардуми Урупо ва Эрону Арабистон таъсири калон расонидааст. Масалан дар замони муосири Ҳиндустон сиёсати хирадмандонаю инсондӯстонаи пешакардаи арбобону олимон, санъ-аткорон Индира Гандӣ, Раджив Гандй, Такур ва ма-ҳсули эҷодиёти ӯ, маҳсули санъати санъаткорон Ами-табх Баччан, Ракхи Гулзар, Рекха. Пракаш Мехра, Рави Тандон, Винод Мехра, Санджив Кумар, Митхун Чакраборт, Раджи Кумар, Санджай Датт ва дигарон хусусиятҳои инсондӯстию ватанпарварии давраҳои қадими мардуми хешро дарбар гирифта аз нав эҳё ме-шуд.
Таъсири маданияту фалсафаи Ҳинд дар эҷодиё-ти бисёр шоирон ва нависандагони Аврупою Амрико -И.Гердер, И.В.Гёте, Г.Гейне, Р.Киплинг Ф.Шиллер, Экерсен, У.Г.Торо, У.Уитмен, Л.Уайт, адибони рус-Карамзин, Н.М.Жуковский, П.Н.Толстой, адабиёт-шиносони форсу тоҷикон- Рӯдакй, Фирдавсӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Бедил, Зебунисо, М.Иқбол, М.Тур-сунзода ва даҳҳо дигарон дар асоси ғояҳои «Гит»- и ҳиндӣ ва форсӣ эҷод мекарданд.
Инчунин санъати мусиқӣ, муҷассамасозй, ва меъ-мории онҳо таърихи хеле куҳан дорад. Хусусиятҳои умумию тафовути маданияти мардуми ҳинду ориёиҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо аз давраҳои қадим бо ҳам алоқаи хеле наздики тиҷоратию фарҳангӣ ва шояд хешу таборӣ низ доштаанд. Масалан: тарзи баъзе гуф-торҳои онҳо бо ҳамдигар монанданд, ба мисли об-ап, бод-зата, дувоздаҳ – двадаша, двадаса, бародар – бра-дар, братар ва ғайраҳо мебошанд.
Яке аз анъанаҳои кӯҳантарини мардуми ҳинд анъ-анаи Сатти (сахамарата) дар танҳой ва ё якҷоягӣ зин-да сӯзондани ҷасади одам буда, онро ба хотири содиқ ва вафодор будан ба ҳамдигар ба ҷо меоварданд. Ин анъанаи онҳо то давраи муосир давом кардааст. Бозии шоҳмот моли мардуми ҳиндуён мебошад. Меъмори-ҳои бузурги онҳо маъбадгоҳҳо, будкадаҳо ва хусусан қасри « Тоҷмаҳал» буд, ки то имрӯз боқӣ монда, ҳам-чун шоҳасари меъмории ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Та-маддуни мардуми ҳиндуёнро ба се давраи тӯлонӣ ҷудо кардаанд:
I. Маданияти то ориёнии Ҳинд
II. Маданияти ҳинду ориёӣ
III. Маданияти ҳинду Аврупой

1.23K
Нет комментариев. Ваш будет первым!