Манзараи илмии олам

Манзараи илмии оламро асоси бунёдии илм мемешуморанд.

Манзараи илмии олам– ин манзараи васеи донишҳо дар бораи табиат ва ҷамъият, ки назарияҳо, фарзияҳо ва фактҳои муҳимро дар бар гирифта, тақозои ҷавҳари ҷаҳонбинӣ буданро дорад. Он аз низоми хулосаҳои илмии афзалиятноктар таркиб ёфта, ҳамчун марҳилаи ҷамъбасту ҳамгирошавии комёбиҳои илмӣ дар низоми ягонаи беихтилоф ҳувайдо мешавад.

Дар манзараи комили илмии олам бояд маълумоти илмҳо оид ба табиати зинда ва ғайризинда, башарият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ муттаҳид карда шаванд. Бунёди манзараи илмии оламро маҷмӯи методҳои умдаи илмҳои сершумор ташкил медиҳад. Он ҳамчун низоми қатъии ҷамъбасткунандаи натиҷаҳои шохаҳои мухталифи маърифати илмӣ зуҳур мекунад ва танҳо аз ҳамин ҷиҳат ҳаққи мавҷудият дорад. Бинобар ин, комёбиҳои на фақат илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ, инчунин комёбиҳои илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ низ мақоми баробар доранд.

Сохтори манзараи илмии олам аз унсурҳои зерин иборат мебошад: а) ҷавҳари назариявии нисбатан устувор; б) фарзияҳои бунёдӣ, ки шартан ҳамчун инкорнашаванда пазируфта мешаванд; в) моделҳои ҷузъии назариявӣ, ки доимо мукаммал сохта мешаванд.

Манзараи илмии олам вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: 1) якҷоякунӣ, ки синтези донишҳои илмии бунёдиро таъмин менамояд; 2) меъёрӣ, ки дар он манзараи илмии олам дар муттако ба таснифи меъёру стандартҳои таҳияшуда, қоидаҳо, системаи муқаррарот ва методҳои азхудкунии универсиум ташкил шудааст, ба ташаккули қоидаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва методии таҳқиқи илмӣ таъсир мерасонад, луғоти метатаърихии ба ҳамин давра хосро ба вуҷуд меоварад; 3) парадигмалӣ: а) аз айнияти эътиқодот, арзишҳо, воситаҳои техникӣ, қоидаю қонунҳои ахлоқии пазируфтаи олимон дарак медиҳад; б) мавҷуддияти анъанаҳои илмиро таъмин менамояд; в) шарти пешниҳод ва ҳалли вазифаҳои таҳқиқотӣ, рафтори олимонро ба қайд мегирад; г) нисбати тахмину фарзияҳо маҳдудиятҳои муайяни «оқилона»-ро гузошта, ба ташаккули қоидаҳои таҳқиқоти илмӣ таъсир мерасонад. Вазифаи парадигмалии манзараи илмии олам барои ба мӯҳлати тӯлонӣ муқаррар намудани низомҳои устувору ҳамоҳанги идеяҳо, донишҳои илмӣ, постулатҳои назариявӣ, меъёрҳои таҷрибаи илмӣ мусоидат менамояд. Ин низом тавассути таълим, тарбия, маориф интиқол меёбад, дастраси омма гардида, менталитети муосиронро дар бар мегирад. Ивазшавии парадигмаҳои илмӣ, гузариш ба давраи «таркиши инқилобӣ» ивазкунии пурра ё ҷузъии таркиби манзараи илмии оламро тақозо мекунад.

Азбаски манзараи илмии олам ба иқтидори илмҳои ин ё он замон такя мекунад, аз ин рӯ таърихияти манзараи илмии оламро дар назар бояд дошт, ки ҳудуди донишҳои дар ҳамон давраи тараққиёташ доштаи инсониятро муайян мекунад. Мафҳуми «манзараи илмии олам» нисбат ба мафҳумҳои «образи олам» ва ё «биниши олам» ҷиддитар мебошад, зеро ба он донишҳое дохил мешаванд, ки ҳаққоният, асоснокӣ ва исботшавии онҳо собит шудаанд. Талаботи муҳими объективият бо байнисубъективиятӣ ва муҳимияти умумӣ сахт вобаста аст. Байнисубъективиятӣ умумияти байни субъектҳои маърифаткунанда, шароити интиқоли дониш, аҳамиятнокии таҷрибаи як субъект барои дигар субъектро қайд мекунад. Муҳимияти умумӣ доштан – ин идеали маърифатии дарки якхелаи ин ё он иттилоот, ки аз ҷониби кулли афроди тафаккуркунанда, ҳамаи аъзои ҷомеа қабул доштани донишро тақозо мекунад.

Манзараи илмии олам дар чорчӯбаи вазифаҳои меъёрӣ ташаккули яклухти ҷаҳонбинии илмиро таъмин менамояд.Ҷаҳонбинии илмӣмаҷмӯи ақидаҳои илман асосноккардашуда ва мавзун мебошад, ки дар хусуси қонуниятҳои уневирсиуми ташаккулёбанда маълумот дода, мавқеи ҳаётӣ ва барномаи рафтори одамонро муайян месозад. Фарқи ҷаҳонбинии илмӣ аз ҷаҳонбинии динӣ он аст, ки ҷаҳонбинии илмӣ манзараи оламро тавассути мафҳумҳо, назарияҳо, далелҳои мантиқӣ ва исбот ба вуҷуд меоварад, ҳол он ки барои дин эътиқод ба қувваҳои фавқуттабиӣ, умед бастан ба ваҳй ва исботнопазирии мантиқии «догмат»-ҳо хос мебошад.

Се шакли таърихии манзараи илмии олам –классикӣ, ғайриклассикӣ ва баъдиғайриклассикӣ –аз ҳамдигар фарқ доранд. Манзараи илмии классикии олам ҳанӯз бо идеяҳои Галилей ва Нютон оғоз ва ташаккул ёфта, минбаъд ба худ номи «назарияи механикӣ»-ро касб намудааст. Ин назария то нимаи асри ХIХ назарияи ҳукмрон буд.

Дар тасвири классикии манзараи илмии олам муқоисаи алоқаи байни сабабу натиҷа ҳамчун ченаки тафсир хизмат мекард. Манзараи классикии олам тасвири чунин предметҳоеро ба амал овард, ки мансуби соҳаи механика буда, ба таври ҷудогона вуҷуд дошта метавонистанд. Ҳангоми маърифати чунин предметҳо, шарти муҳим ин сарфи назар кардани ҳамаи он ангезандаҳое, ки хусусияти субъективӣ, эҳсосотӣ ва халалрасонӣ дошта, ба омилҳои ғайрипредметӣ мансуб буданд. Тахмин карда мешуд, ки ҳамаи ҳолатҳои феълии оламро чену ҳисоб намуда, дар асоси он ояндаро пешбинӣ кардан мумкин аст.

Баъдан, таҳти таъсири инкишофи термодинамика ҷои манзараи классикии оламро манзараи ғайриклассикӣ ишғол намуд. Дар раванди инкишофи термодинамика ошкор гардид, ки маҳлулҳо ва газҳо сирф низомҳои механикӣ нестанд. Аз ин лиҳоз, дар манзараи ғайриклассикии олам нақшаҳои дақиқи сабабият матраҳ шуда, мавқеи тасодуф дар он ба назар гирифта шудааст. Инкишофи низоми оламро шарҳ дода, намояндагони назарияи ғайриклассикӣ дар айни замон тасдиқ мекунанд, ки ҳолатҳои олами объективӣ омили сабабият надорад. Манзараи ғайриклассикии олам сабабиятро дар сатҳи инфиродӣ инкор карда, онро дар сатҳи низоми куллӣ эътироф менамоянд.

Манзараи баъдиғайриклассикии олам таҳти таъсири дастовардҳои илмии мактаби И.Пригожин дар соҳаи омӯзиши низомҳои худташкилёбандаи номувозинатӣ, ки дар натиҷаи он принсипҳои синергетика кашф карда шудаанд, ташаккул ёфтааст. Дар манзараи синергетикии илмии олам идеяи ногузирӣ ва гуногуннавъии «шуданҳо» ва «ба вуҷуд омаданҳо» ҳукмрон буда, олам ҳамчун як арсаи ҳамзистии имкониятҳо маънидод карда мешавад.

Дар манзараи баъдиғайриклассикии илмии олам тасаввуроти синергетикӣ доир ба сохторёбии номуташаккилу ногаҳонӣ ва пайдоиши низом аз бенизомӣ (хаос) нақши пешбаранда дорад. Яке аз идеяҳои муҳиму пешбиникунандаи илми баъдиғайриклассикӣ он аст, ки низоми мавҷудаи олам имконият дорад, ки хати сайри худро тағйир дода, хотираи муназзамашро гум кунад. Низоми олам ҳолатҳои пешинаи худро «фаромӯш» карда, бетартибона ва таваккалӣ ҳаракат мекунад. Таъсирпазирии имрӯз аз гузашта чандон назаррас нест, имрӯз низ таъсири сабабии худро ба оянда интиқолу густариш намедиҳад. Чунин вазъият далолат мекунад, ки низоми олам «хотираашро гум кардааст».

Синергетика вайроншавии принсипи инкишофи ростхатаи равандҳо ва ба вуҷуд омадани як навъ вазъиятеро ба мушоҳида гирифтааст, ки дар он сабабҳои хурду ночиз ва дуюмдараҷа бо натиҷаҳои аз лиҳози ҳаҷму қувва нисбатан глобалӣ мувофиқ мебошанд. Чунин вазъият ояндаро номуайян, пешбининопазир ва барои тағйиротҳои нав комилан кушод менамояд. Аз ҳамин сабаб, дар манзараи муосири баъдиғайриклассикии олам номуайянӣ ҳамчун атрибути ҳастӣ омӯхта мешавад.

427
Нет комментариев. Ваш будет первым!