Текстовые материалы
Калонтарин шаҳрҳои чумҳурӣ – Душанбе, Хучанд, Кўлоб, Кўрғонтеппа, Турсунзода, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Ҳисор аст.
Вилояти суғд, шаҳри Хуҷанд ва ҶТ чӣ қадар аҳолӣ доранд? Вилояти Суғд беш аз 2 миллион, шаҳри Хуҷанд беш аз 180 ҳазор, ҶТ 9 миллион.
Раиси ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) дар Точикистон президент – Раиси Ҷумҳур аст (моддаи 64 конститутсия)
Диёри арҷманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод, Саодати ту, давлати ту бегазанд бод. Зи дуррии замонаҳо расидаем, Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Моддаи аввали Конститусияро номбар кунед. ҶТ давлати соҳибихтиёр демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Шакли давлатдории Тоҷикистон? Шакли давлати Ҷумҳурии президентӣ мебошад. Президент аз тарафи халқ ба таври умумӣ, мустақил, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб мешавад.
Тартиботи сиёсӣ – ин усули амалисозии ҳокимияти сиёсӣ, ҳолати сиёсии ҷомеа аст. Ин дар натиҷаи ҳамкорию зиддияти қувваҳои сиесӣ, фаъолияти тамоми муассисаҳои сиесӣ ба вуҷуд меояд.
Дар Ҷумҳурии президентӣ – президент ба таври умумихалкӣ интихоб карда мешавад. Ҳокимияти пурқуввати президент мавҷуд буда, президент ваколатҳои зиёд дорад.
Ҷумҳурият шакли идоракунии давлат буда, меросӣ нест. Иштироки васеи халқ дар идоракунии давлат дида мешавад.
Шаклҳои идоракунии давлат ду хел аст: монархия ва республика.
Дар давлати демократӣ сардори он аз тарафи халқ интихоб карда мешавад. Мавҷудияти ҳизбҳо ва мафкураҳои гуногуни сиёсӣ мумкин аст. Гуногунандешӣ – плюрализми афкор вуҷуд дорад.
Дар давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи (қисмати) ҳокимият вуҷуд дорад: Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ. Ҳокимияти қонунгузор – мақомоте, ки қонун таҳия ва қабул мекунад.
Кафолати давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон. Давлат бояд иҷрои ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро таъмин намояд.
Волоияти қонун маънои онро дорад, ки қонун барои ҳама як хел аст. Аз коргари оддӣ то сардори давлат вазифадор аст, ки онро риоя кунад.
Давлате, ки ба ҳуқуқ асос меёбад. Давлате, ки волоияти қонун, кафолати давлати ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, тақсимоти ҳокимият вуҷуд дорад.
