​Хусусиятхои ичтимои демографии, қобилият ва рафтори кормандон

Хусусиятхои ичтимои демографии, қобилият ва рафтори кормандон

Нақша:

1. Демография ҳамчунилм. Демогеография

2.Таъсироти анъана ва урфу одатҳои миллии кормандон

3.Омилҳои ба таҷдиди аҳолй таъсиркунанда

1. Дсмография ҳамчун илм. Демогеография

Калимаи «дсмография» аз ду калимаи юнонӣ иборат аст: демос халқ графос менависам, яьне «халқнависӣ» ва ё сабти аҳолй аст. Вале демография аз ибтидон таърихи наздик 3,5 асраи худ фақат ба тавсифи аҳолӣ машғул нашуда, омӯзишу тадқиқи масьалаҳои мӯҳтали физайл предмети онро ташкил мекунанд: шумораи аҳолй ва тағйирёбии он, сохтори демо-графии аҳолй (ҳайъати ҷинсй, синну солй, ҳайъати оилавии аҳолй), ҳодиса ва равандҳои демографии аҳолй (миқдори таваллуд ва фавт, издивоҷ ва талоқ), таҷиди аҳолӣ ва қонуниятҳои он.

Мавзӯи асосии демография ҳамчун илм тадқиқи қонунҳои таҷдиди табиии аҳолй аст, ки онҳо характери ҷамъиятй-таърихй доранд. Зеро қонунҳои инкишофи демографй қисми ҷудонопазир ва таркибии қонунҳои рушди ҷамъият ба шумор мераванд. Дар ҷамъият тамоми равандҳо: иқтисодй, иҷтимой, сиёсй баҳам алоқаманд буда, робитаи мутақобила доранд.

Дар навбати худ равандҳои демографй ба равандҳои дигари ҷамъиятй бетаъсир нестанд. Масалан, дараҷаи пасти таваллуд сабабгори зиёд шудани саҳми нафақагирандагон дар ҷамъият ва вазнин гардидани проблемаи «падарон ва фарзандон» мегардад. Ё худ тағийр ёфтани миқдори таваллуд баъди гузашти вақти муайян вазъиятро дар бозори» меҳнат ё ҳангоми дохилшавй ба мактабҳои олӣ конкурси довталабонро низ тағийр медиҳад. Бинобар он демография қонунҳои таҷдиди аҳолӣ, раванд ва ҳодисоти демографиро вобаста ба сохти иҷтимой-иқтисодии ҷамъият тадқиқ карда, омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, биологӣ ва географии ба аҳолӣ таъсиркунандаро низ меомӯзад.

Дар демографияи аҳолӣ мафҳуми махсус аст. Дар география аҳолӣ ҳамчун маҷмӯи одамони (сокинони) дар территорияи муайян иқоматкунанда (ҷойгир буда) фаҳмида мешавад. Вале дар демография, аҳолй на маҷмӯи одамон, балки чун маҷмуи одамони худ барқарор кунанда мавриди баррасй қарор мегирад. Барои демограф аломати муҳимтарини аҳолй ин худ барқароркунй, яъне таҷдидй он ба воситаи таваллуд ва фавт мебошад. Қобилияти таҷдид, яъне барқароршавӣ сифати асосии муайянкунандаи аҳолй ҳамчун категорияи демографй аст.

Ҳамин тавр, демография илми таърихан ташаккулёфтаи ҷамъиятиест, ки қонуниятҳои иқтисодй-ҷамъиятии таҷдиди аҳолй, ҳодисот, равандҳо ва вазъи демографй, сохтори демографии аҳолиро дар вобастагй бо омилҳои иҷтимой, иқтисодй, сиёсй, биологй ва географй меомӯзад.

Дар демография, ҳодисаҳои демографй гуфта: таваллуд, фавт, никоҳ ва талоқро мефаҳманд.

Вазъи демографй ҳолати ҳодисот ва равандҳои демографй, ҳайъат ва ҷойгиршавии аҳолй дар ин ё он вақт (сол) дар территорияи муайян мебошад. Вазъи демографй зоҳиршавии аниқи қонуниятҳои обеъктивии иҷтимой-иқтисодии тараққиёти ҷамъият аст, ки тамоюли умумии инкишофи аҳолиро дар территорияи муайян (мамлакат, ноҳия, маҳалли аҳолинишин) инъикос мекунад.

2.Таъсироти анъана ва урфу одатҳои миллии кормандон

Инсоният доимо дар рушду таҷдид аст. ‘Мувофиқи маълумоти охири асри XX(соли 1999) дар кураи Замин дар ҳар дақиқа 192 нафар, соат 11,6 ҳазор нафар, шабонарӯз — 271 ҳазор ва сол 94-96-млн. нафар сокинони навпайдо шуда истодаанд. Бо ибораи дигар соле (с.2000) дар ҷаҳон 152-156 млн. нафар таваллуд мешаванд ва 60-64 млн. нафар вафот мекунавд. Ҷавон ҳамешаҷои солхурданро иваз мекунад. Ин қонуни диалектика аст.

Вобаста ба характери ивазшавии насл намудҳои зерини типи таҷдиди ҳозира имконпазир аст, ки дар давлатҳои мухталифи ҷаҳон ба назар мерасад:

а) Таҷдиди васеъ ва ё мӯътадили аҳолй.Он ҳангоми зиёд будани таваллуд- назар ба микдори фавт рух дода, миқдори насли нав (фарзандон) назар ба насли кӯҳиаи гузаштаистода (волидон) зиёд мешаванд. Чунин намуди тавдиди аҳолй сабаби афзудан имиқдори аҳолй (бо суръатҳои мухталиф) мегардад. Онро алҳол дар аксари давлатҳои ҷаҳон дидан мумкин аст;

б) Таҷдиди оддии аҳолӣ. Он ҳангоми ба ҳам баробар будани миқдори таваллуд ва фавт ба вуҷуд омада, миқдори насли фарзандон ба миқдори насли волидон (гузаштаистода) як хел, яъне баробар мешавад. Дар натиҷа шумораи умумии аҳолй тағйир наёфта, устувор мегардад.

в) Таҷдиди танги аҳолй. Он дар вақти зиёд будани миқдори фавт назар ба таваллуд ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат миқдори насли фарзандон назар ба миқдори насли волидон кам шуда, он сабаби кам шудани шумораи умумии аҳолй мегардад.

Қонунияти асосии таҷдиди аҳолй, пеш аз ҳама, характери таърихй доштани он аст, яъне бо мурури гузашти вақт ва рушди ҷамъият намуд ва типи таҷдиди аҳолй низ тағйир меёбад. Сониян, баробари тараққиёти иҷтимоӣ — иқтисодӣ, рушди фарҳангиву маънавиёти ҳаёти мардум, характери таҷдиди аҳолй низ дигаргун мегардад, яъне он бадараҷаи рушди иқтисодй — иҷтимой ва маданию фарҳангии ҷомеа вобастагии калон дорад.

3. Омилҳои батаҷдиди аҳолӣтаъсиркунанда

Ба таҷдиди аҳолй (ҳаракати табии аҳолӣ) миқдори зиёди омилҳо таъсир мекунанд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст.

1.Омилҳои табий биологй. Аҳолии кураи Замин дар шароитҳои мухталифи табий зиндагй мекунанд, таваллуду фавт ва•афзоиши табии аҳолй равандҳои биологӣ мебошанд. Бинобар ин ба таҷдиди табии аҳолӣ омилҳои табий–биологй низ таъсир накарда наметавонанд.Одам баробари организми биологй будану зери таъсири қонуниятҳои табиат рӯҳдодани таваллуд, фавт ва афзоиши табиии аҳолй да ряквақту қувва.маҳсули рушди ҷамъият мебошад ва ба дараҷаи умумии таваллуду фавт қонуниятҳои тараққиёти ҷамъият ва як қатор омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, психологию сиёсй таъсири ҳалкунанда

2.Омилҳои: иҷтимою иқтисодӣ дар ҳаракати табии аҳолиро калон мебозанд. Ба ин:омилҳо дараҷаи некӯаҳволии аҳолй, рушди хизматрасонии тиб ва ҳифзи тандурустй, мавқеи:.умумии занҳо дар ҷомеа, намуди машғулият (меҳнат), маҳалли зист ва ҳолати санитарй–беҳдошти он, муносибатҳои аграрй ва монанди инҳо мансубанд.

Таъсири омилҳои, иҷтимоию иқтисодй бавоситаи гурӯҳи омилҳои 3-иҷтимой- маданй (дараҷаи умумии саводнокии аҳолй, рушди маданият, фарҳанг, маънавист) ва ё гурӯҳи 4- омилҳои психологӣ (анъанаҳо, расму русум, аҳкоми динй, ҳудогоҳии шахсй ва миллӣ) мегузаранд. Зеро дар ҷамъияти инсонӣ раванди таҷаиди аҳолй бо омилҳои шуури шахсй ва ҷамъиятӣ алоқаманд буда, амали як қатор нишондодҳои иҷтимоии дар зери таъсири шароитҳои моддии ҳаёти ҷамъият ба вуҷуд омада, бе шуурнокии шахсӣ ва ҷамъиятй имкон нопазир аст. Мисли, анъанаи серфар-зандй дар: баъзе халқҳои ҷаҳон.

3.Омилҳои демофафй — ба ин гурӯҳи омилҳо сохтори демографии аҳолй, яъне таркиби ҷинсй иа сину солии аҳолй,. никоҳ, қатъи никоҳ (микдори талоқ), сатҳи оиладоршавии аҳолй дохил мсшаванд.

Механизм ва дараҷаи таъсири гурӯҳҳои, дар боло зикр шудаи омилҳобатаҷдиди аҳолйякхела: нестанд. ва ба ҳам мухталифу мутақобиланд. Масалан, таъсири омилҳои табии-биологй нисбат ба фавт бевосита набуда, он ба воситаи касалиҳое мегузарад, ки паҳншавии ин, касалиҳо ба шароитҳои табии муҳит вобаста аст. Ё беҳтар шудани.шароити зиндагии одамон, шароити мусоиди соҳаи тиб дараҷаи фавти. аҳолиро, бахусус, фавти кӯдаконро кам намуда, сабаби дароз гардидани умр мегардад. Ин ҳолат боиси зиёдшудани саҳми солхӯрдагон дар шумораи умумии аҳолй дар навбати худ, сабаби зиёд шудани фавт мегардад.

Ҳамин тавр, ба раванди таҷдиди аҳолй миқдори зиёди омилҳо таъсир мекунад ва баъзан натиҷаи таъсири онҳо баҳам мухолифаст. Аз тарафи дигар, таъсири наҳамаи омилҳо ба таври бояду шояд тадқиқ карда шудаанд. Масалан, роли омилҳои иҷтимой — маданй ва психологй ҳамоно ҳаматарафа омӯхта нашудааст.

МАВЗӯИ СЕМИНАР:

Мактабҳои психологӣ, назарияҳо ва консепсияи иҷтимоӣ-демографӣ

Мактабҳои психологӣ дар ташаккулдиҳии консепсияи кори ташкилот зарур аст. Зеро махз усули психологии низоми идоракунӣ самаранокии кори ташкилотро давра ба давра нишон медиҳад. Ташкилотҳои байналхалқӣ низ маҳз бо татбиқнамоии консепсияи психологӣ соҳиби обрӯву эътибори байналхалқи бо молу маҳсулоташон гардидаанд. Таҷрибаи ҷумҳурии мардумии Чин дар татбиқнамоии мактаби психологӣ метавонад намунаи ибрат бошад.

МАВЗӯИ КМРУ-и 1.Идоракунии касбияти кормандон

Идоракунии касбияти кормандон хусусияти фаъолияти кори ташкилотро инкишоф дода бо системаи автоматикунонии ҷойҳои корӣ, ҳаракати дохиликорхонавии коромандон, бозомӯзи ва ташакаккулдиҳии донишҳои назариявӣ, мобилнокии касбии кормандон метавонад инкишоф диҳад. Замони муосир, ки хусусияти тағйирёбии касбии кормандонро бо навовариҳои соҳавии касбӣ ба инобат мегирад мутобиқ намудани он бо назарияҳои пешрафта метавонад омили асосии касбии кормандонро идора намояд.

МАВЗӯИ КМРУ-и 2: ҳалли тестҳо ва кори мустақилона

Супориш барои кори мустақилона:

1.Демография ванақши он дар рушди иҷтимои иқтисодӣ.

2. Омили демографӣ ва таъсири он ба низоми идоракунӣ.

3.Таъсири анъана ва урфу одатҳои мардуми ҳамчун омили демографӣ.

4.Аҳолии фаъоли иқтисодӣ ва ғайри фаъоли иқтисодӣ.

5.Зиёдшавии аҳолии ҷаҳон ва ҳалл намудани муаммоҳои мавҷуда ба он.

6.Танзими давлатии аҳоли дар низоми иқтисодӣ бозоргонӣ.

ҳалли тестҳо:

1.Омилҳои демографӣ ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд?

а)5

б)3

в)2

г)7

2.Зери мафҳуми ташкилоти плюралӣ чиро фаҳмидан мумкин аст?

а)бо ташаббуси одамон яъне мардум

б)боташаббусиҷамъият

в)бо ташаббуси гурӯҳи одамон барои қонеъ гардонидани талаботҳои иҷтимоӣ таъмин карда мешавад

г)ҷавоби дуруст мавҷуд нест

3.Ташкилотҳои кооперативӣ ин:

а)бо ташаббуси гурӯҳи ташкилотҳои хурд барои расидан ба мақсадҳои хурд равона карда шудааст

б)гурӯҳи ташкилотҳои калон мебошад

в)гурӯҳи одамоне, ки дар корхона фаъолият мебаранд

г)ҷавоби а ва б дуруст

4.Демография аз кадом забон гирифта шудааст?

а)лотинӣ

б)юнонӣ

в)англисӣ

г)арабӣ

5.ҳодисаҳои демографӣ кадомҳоянд?

а)таваллуд ва фавт

б)синну сол

в)ҳайати оилави аҳолӣ

г)ҷавоби дуруст нест

6.Омилҳои ба таҷдиди аҳолӣ таъсиркунандаро интихоб намоед:

а)омилҳои дохила

б)омилҳои табии, иҷтимоӣ, иқтисодӣ

в)омилҳои беруна

г)милҳои дохила ва беруна

ҳАЛЛИ МАСЪАЛАҳОИ ҳОЛАТИ:

Роҳбарони корхонаҳои хурде, ки фоидаи ба мақсад мувофиқро ба даст намеоранд, аз фаъолияти худ қаноатманд нестанд. Сабабҳои инро:

Гуруҳи якум дар номукаммалии қонунгузорӣ, андозбандӣ ва тарзу усули муомилаи ғайриқонунии роҳбарони идораҳои давлатӣ нисбат ба тоҷирон мебинанд.

\"*\"Гурӯҳи дигари роҳбарони корхонаҳо фоидаи ками фаъолияти худро дар сатҳи пасти дониши дар мактабҳои олӣ омӯхтаашон мебинанд.

\"*\"Гурӯҳи сеюми идоракунандагони корхонаҳо даромади ба мақсад мувофиқи фаъолияти кормандонро ба қобилияти роҳбарии худ ва иқтисодиёти мамлакат алоқаманд менамоянд.

Ба саволҳои зерине, ки аз ин вазъҳо бармеоянд, дар шакли хаттӣ ҷавоб нависед.

1.Соҳибкорони гурӯҳҳои алоҳида дар асоси кадом меъёрҳо ба натиҷаи фаъолияти иқтисодии корхонаҳои худ баҳо додаанд?

2.Муайян намоед, ки аз тарафи ин гурӯҳҳо хусусиятҳои иқтисодии муосир чӣ тавр қабул карда шудаанд?

3.Ин гурӯҳҳо аз рушди иқтисодии корхонаҳои худ кадом натиҷаҳоро интизоранд ва онҳо дар соҳаи тиҷорат кадом мавкеъро ишғол менамоянд?

4.Сабабҳои ноомади фаъолияти бисёри корхонаҳои савдоро дар чӣ мебинед?

5.Ба соҳибкорони муосир кадом усулҳои самарабахши роҳбарикуниро таклиф менамоед, ки ба туфайли истифодаи онҳо, соҳибкорон аз муваффақиятҳои худ қаноатманд бошанд?

426
Нет комментариев. Ваш будет первым!