​Принсипхои фаъолияти хочагидории фирма

Фаъолияти корхона, хоҳ нохоҳ бо принсипҳои иқтисоди бо-зорӣ (интихоби озодонаи намуд ва шакли фаъолият, баробарҳу-қуқии субъектҳои бозорӣ тибқи шаклҳои гуногуни моликият, нархмуқарраркунии озод, худтанзимкунии фаъолияти хоҷагидо-рӣ, ҷавобгарии иқтисодӣ, худмаблағгузорӣ, худидоракунӣ, худтанзимкунӣ…) алоқаманд мебошад.

Принсипҳои ташкили фаъолияти корхона, новобаста ба сирати шакли зуҳурии онҳо (хусусӣ, дуввӯмдараҷа, ёридиҳанда) ҳамеша дар доираи муҳит ва фазои муайяни иҷтимоию иқтисодӣ сурат мегирад. ҷавҳари марказии онро инсон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, коллектив, ҷомеа ташкил медиҳад. Амалиётҳои онҳо дар асоси дарк ва истифодаи қонунҳои иқтисодӣ ва қонунҳои ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби давлат ё худ маъмуриятҳои маҳаллӣ пеш-ниҳод карда мешаванд, муайян карда мешавад. Аз ин нуқтаи на-зар принсипҳои фаъолияти корхона ҳамчун фишурдаи моҳият ва мазмуни қонунҳои давлат оиди шакли моликият, корхона, фаъолияти соҳибкорӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва ғайра сурат мегирад.

Дар шароити бозор корхона аз субъекти тавлидгар (сотсиализм) ба субъекти хоҷагидор табдил меёбад, чунки воситаҳои истеҳсолот пурра ба худи он таалуқ дорад.

Фаъолияти хоҷагидорӣ, маънои на танҳо истеҳсол кардани неъматҳои иқтисодӣ, балки ба вуҷуд овардани шароити истеҳсолот, фурӯхтани мол ва ба даст овардани фоидаро ҳамчун воситаи ба худ ҷалбкунӣ ва ҳамбастагии мақсад ва вазифаҳои истеҳсолот, тиҷорат, молия ва идора намудани намудҳои фаъолият ба мақсади тавлиди маҳсулоти дорои сифати баланд, ки бозор ба он эҳтиёҷи зиёд дорад дар назар дорад.

Ба ибораи дигар, дар шароити бозор масъулият ва ҳисси ҷавобгарии иҷтимоии корхона нисбат ба инсон ва ҷомеа баландтар мегардад. Ин бештар дар:

— тавлиди маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи озуқаворӣ, ки яке аз омилҳои муҳимтарини солимгардонӣ ва дарозумрии инсон аст;

— пешкаш намудани ҷои кор ҳамчун сарчашмаи таъмини зиндагии коргар ва оилаи он;

— инкишоф додани қобилияти интеллектуалӣ (зеҳнӣ) ва профессионалии кормандони корхона;

— баланд бардоштан ва беҳтар кардани шароити зиндагонии коргар;

— ширкат доштан дар ҳаллу фасли қарорҳову барномаҳои ҳукуматӣ, алалхусус ҳукумати маҳаллӣ;

— иҷро кардани ӯҳдадориҳои ҳатмии иҷтимоӣ, ҳиссагузорӣ ба буҷаи маҳаллию давлатӣ, пардохти суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббӣ, тавлиди маҳсулоти озуқаворӣ, ки ба аҳолӣ ва муҳити зист зараровар мебошад ва ғайра зуҳур меёбад.

Бозор ҷавобгарии корхонаҳоро оиди иҷрои ӯҳдадорӣ, вазифа ва мақсади корхона, фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, тарҳрезӣ, идора ва фаъолияти равобитҳои дохилию бурунмарзӣ хеле ҳам баланд мебардорад.

Корхона нафақат дар назди коллективи худ, балки иҷрои қонуну қонунгузориҳои давлат ва ӯҳдадориҳо дар назди рақибон низ ҷавобгар мебошад.

ҳам корхонаҳои давлатӣ ва ҳам корхонаҳои шакли ҳуқу-қию бидуни ҳуқуқи ҳамеша зери назорати давлат оид ба тақсими даромади корхона, адои пардохтҳо, вазъу ҳолати техникии маҳсулот, иҷрои стандарт ва дигар шароитҳои техникию технологӣ қарор доранд.

Фаъолияти хоҷагидории фирма бидуни озодии иқтисодӣ, яъне интихоби шакли озод ва намуди дилхоҳи фаъолият имконнопазир аст.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ озодии фаъолияти хоҷагидорӣ на аз ҷониби давлат, балки бозор замонат дода мешавад. Бозор ба ҳар як субъекти иқтисодӣ (фарди алоҳидаи хусусӣ, оила, гурӯҳ, коллективи корхона) имконият медиҳад, ки худи онҳо фаъолияте, ки барояшон мусоид, қулайтар, даромадноку самараноктар бошад интихоб намоянд.

Аз ин нуктаи назар корхона бо таври озод имконияти интихоб намудани захираҳо, тавлиди навъҳои дилхоҳи маҳсулот ва адои хизматро нисбат ба корхонаҳои низоми амрӣ бештар дорад. Дар назди корхона имконияти интихоби васеи фаъолияти соҳибкорию бизнес дар ҳавзаҳои гуногуни иқтисод (тиҷорат, тавлидот, молия, иттилоот, илм, техника…) вуҷуд дорад.

Корхонаҳо метавонанд ҳамагуна навъи фаъолиятро дар со-ҳаҳои тавлид, тақсим, мубодила, азнавтақсимкунӣ ва истифодаи маҳсулоти ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби қонун манъ карда нашудааст истифода кунанд.

Иқтисоди бозорӣ ҳам барои корхона (тавлидгар) ва ҳам истеъмолгар кафолати ҳамаҷонибаи ихтиёран интихоб намудани фаъолияти иқтисодӣ ва хоҷагидориро таъмин менамояд. Корхона бо таври озод бидуни дахолати давлат, бо воситаи бозор тамоми чизҳои барои он зарурбударохарида метавонад.

Фаъолияти бо таври озод хоҷагидори кардани корхона, мустақиман таҳти таъсири принсипи нархгузории озод қарор мегирад. Охирон, ҳамчун механизми баҳаракатдароварандаи фаъолияти соҳибкорию бизнес хизмат мекунад.

Нархгузории озод имкон медиҳад, ки корхона хароҷоти худро нисбат ба хароҷоти рақибон қиёс намояд, барои харҷи бештар кам кардани онҳо ва ба даст овардани фоидаи баланд кӯшиш ба харҷ диҳад.

Азбаски нарх таҳти тақозою арзаи бозорӣ ҳамчун натиҷаи созиши байни фурӯшандагону харидорон сурат мегирад, бинобар ин корхона ҳамчун тавлидгар (пешниҳодгари неъматҳову хадамот) раванди ташкилу инкишоф, густаришу таҳаввули корхонаро, мустақил бидуни дахолати маъмурӣ тибқи миқдор ва миқёси даромади ба даст оварда шуда муайян мекунад.

Таҷрибаи хоҷагидорӣ нишон медиҳад, ки худтанзимкунии фаъолияти хоҷагидории корхонаҳо тибқи ду усул: 1) идораи мустақим (маъмурӣ), 2) муносибатҳои ғайри мустақим, яъне бозорӣ ба роҳ монда мешавад.

Идораи мустақими иқтисод аз ҷониби корхонаҳо ҳамчун тарҳрезии дохили фирмавӣ дар шакли «Бизнес-план» ва танзими давлатии иқтисод дар сатҳи макроиқтисод зоҳир мегардад.

Равияи дуввӯм — худтанзимкунӣ бо воситаи фишангҳои иқ-тисоди бозорӣ сурат мегирад. Он дар мояи амалиёти қонунҳои иқтисодӣ (қонунҳои бозор — нарх, тақозо, арза, рақобат…) ба роҳ монда мешавад.

Дар шароити ҳозира ҳарду аз ин равия дар раванди худтанзимкунии фаъолияти корхонаҳо бо таври васеъ истифода бурда мешавад. Ин принсип имкон медиҳад, ки корхонаҳо аз нав бунёд ё худ таҷҳизонида шаванд, шаклҳои гуногуни онҳо дар асоси гуногуншаклии моликият истифода карда шавад.

Нақш ва мақоми истифодаи фишангҳои молиявӣ — бонкҳо, қарз, пул, қоғазҳои қимматнок, нархҳои озоди бозорӣ, андоз, пардохтҳо, фоизи қарз, ҷарима ва ғайра дар танзим аз худтаъминкунии фаъолияти корхонаҳо боз ҳам қавитар мегардад.

Яке аз афзалиятҳои худтанзимкунии фаъолияти корхонаҳо дар шароити бозор дар он зуҳур мегардад, ки онҳо бештар зери таъсиру нуфузи на идораи маъмурӣ, балки бештар идораи иқтисодӣ сурат мегиранд.

Чӣ корхонаҳои хурд ва чӣ фавқулкорхона ҳангоми ба даст овардани озодию истиқлолият, мустақилияти иқтисодӣ, амалӣ гардондани вазифа ва ҳадафи худ, ташкилу инкишоф додан ё худ касоду муфлисшавӣ ва ғайра, бечуну чаро дучори масрифоти муайяни молиявию қарзӣ мегардад. Подош кардани масрифот аз ҳисоби ду сарчашма:

1) даромади корхона ва 2) қарзи беруна сурат мегирад. Даромади корхона барои таъмин кардани раванди босубот ва муозини фаъолияти хоҷагидорӣ кифоя намебошад. Аз ин нигоҳ, талабот ба воситаҳои қарзӣ ногузиранд. Вале камбудии охирон дар он аст, ки онҳо сари вақт, дар мӯҳлати муайян карда шуда, бо фоизи муайян бояд баргардонда шаванд. Аз ин лиҳоз ҳар як корхона, бояд худро, пеш аз ҳама бо маблағҳои пулӣ таъмин намояд. Яъне корхона фаъолияти худро дар асоси принсипи худкифоӣ ё худбасоӣ, яъне худмаблағгузорию худтаъминкунӣ ба роҳ монад.

Принсипи худмаблағгузорӣ имконият ва сарчашмаҳои рӯпӯш кардани он дар шароити низомҳои гуногуни иқтисодӣ ҳархела сурат мегирад.

Корхонаҳо дар шароити иқтисоди амрӣ (азбаски 90%-и онҳо корхонаҳои давлатӣ мебошанд) асосан, аз ҳисоби буҷаи давлат, вазорат ё худ мақомотҳои дигари ҳуқуқӣ имконияти бо таври васеъ аз маблағгузорӣ, ёрдампулӣ ё худ имтиёзҳо истифода карданро доранд.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ бошад ингуна имконият ва имтиёзҳо аз ҷониби ягон субъектҳои дигари иқтисодӣ ба корхонаҳо пешниҳод карда намешавад. Аз ин нигаҳ, ҳар як корхона кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки фаъолияти хоҷагидории он дар асоси принсипҳои мутлақи истифодаи воситаҳои худӣ, ҷавобгарии моддӣ, пулӣ, сарфаю сариштакорӣ, ҳисобу китоби хароҷоту даромад, ва ғайра ташкил карда шавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳамагуна шакли захираҳо ба воситаи пул хариду фурӯш карда мешаванд. Аз ин лиҳоз худмаблағгузорӣ ва худтаъминкунӣ дар як мазмун тасаввур карда мешавад.

Дар тадбиқи ин принсип нақшу мақоми идоракунии ғайри-марказ ва мустақилияти хоҷагидорӣ бениҳоят калон мебошад.

Фарқи байни иқтисоди амрӣ ва иқтисоди бозорӣ маҳз дар тарзу услуб ба нақшакашию идораи корхонаҳо ва муносибатҳои байни корхонаю давлат зоҳир мегардад.

Фаъолияти хоҷагидории корхона дар шароити бозор дар мояи услуби ғайримарказонии идора ба роҳ монда мешавад. Дар ин асно ҳаққу ҳуқуқи аппарати давлатӣ ва марказии идоракунӣ нисбат ба корхонаҳо маҳдуд карда мешавад. Нақш ва мақоми менеҷмент дар идора баланд бардошта мешавад.

Васеъ гардидани нақш ва мақоми идораи ғайри-муттамарказ маънои пурра даст кашиданро аз танзими давлатӣ надорад.

Исбот карда шудааст, ки иқтисоди бозорӣ бидуни танзими давлатии иқтисод вуҷуд дошта наметавонад. Давлат гарчанде мустақим ба фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ, иҷтимоию иқти-содӣ, идоракунию тарҳрезӣ, фаъолияти бурунмарзии он дахолат накунад ҳам он ба воситаи муқаррар кардани меъёру нормаҳои ҳуқуқи фаъолияти хоҷагидорию тадбиркорӣ онро танзим менамояд. Доираи фаъолият, шароиту имкониятҳои корхона дар қонунҳо дар бораи корхонаҳо ё худ Кодекси гражданӣ муайян карда мешавад. Тибқи қонунгузориҳои давлатӣ, фаъолияти хоҷагидории корхона пурра дар шароити рақобати озод ва маҳдудгардонии амалиётҳои ғайриқонунии зараровар ба ҳаёти инсону ҷомеа сурат мегирад.

883
Нет комментариев. Ваш будет первым!