Назарияи мегаиқтисод

Дар баробари микроиқтисод ва макроиқтисод, мегаиқтисод низ яке аз қисматҳои асосии назарияи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад…Дар баробари микроиқтисод ва макроиқтисод, мегаиқтисод низ яке аз қисматҳои асосии назарияи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар баъзе адабиётҳои иқтисодӣ, мафҳумҳои «интериқтисод» ва «супериқтисод»-ро низ истифода меукнанд, ки бо мафҳуми мегаиқтисод ҳаммаъно мебошанд.

Мегаиқтисод як қисми назарияи иқтисодӣ мебошад, ки шароит, омилҳо ва натиҷаҳои тараққиёти иқтисоди ҷаҳониро меомўзад.
Назария мегаиқтисод дар асрҳои XVI-XVII ба вуҷуд омада дар инкишофи он барҷастатарин олимони соҳаи иқтисод А. Смит, Д. Рикардо, В.И. Ленин, Ҷ. Кейнс, Э. Хекшер, Б. Олин ва дигарон саҳмгузорӣ намудаанд.
Объектҳои асосии омўзиши мегаиқтисод чунин масъалаҳои иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд: тиҷорати байналхалқӣ, бозори ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналхалқии асъорӣ, масъалаҳои глобалии ҷомеа ва ғайра.

305
Нет комментариев. Ваш будет первым!