Сиёсати пулию қарзии (монетарии) давлат

Сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) гуфта, маҷмўи чорабиниҳои давлатиеро меноманд, ки дар бахши пулию қарзӣ ба хотири таъмини тараққиёти мўътадили иқтисодӣ андешида мешаванд.Сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) гуфта, маҷмўи чорабиниҳои давлатиеро меноманд, ки дар бахши пулию қарзӣ ба хотири таъмини тараққиёти мўътадили иқтисодӣ андешида мешаванд. Ин гуна сиёсатро Бонки марказӣ дар якҷоягӣ бо Ҳукумат амалӣ менамоянд. Мақсади асосии сиёсати монетарӣ ин идоракунии фаъолияти хоҷагидорӣ, мўътадил гардонидани дараҷаи нарх, бозсозии таркиби иқтисодиёт, мустаҳкам намудани қурби пул, таъмини шуғли пурра ва таъмини рушди иқтисодӣ мебошад. Воситаҳои асосии сиёсати монетарӣ инҳо мебошанд:

Амалиёт дар бозори кушод;
Тағирот дар меъёри захираҳои ҳатмӣ;
Тағироти фоизи қарз.
Аз ҳамин ҷиҳат дар зери мафҳуми сиёсати монетарӣ идоракунии дараҷаи фоиз, бузургии миқдори пул ва идоракунии қарзро низ мефаҳманд.
Амалиёт дар бозори кушод (идоракунии қарз) гуфта хариду фурўши қоғазҳои қимматноки давлатиро аз тарафи Бонки марказӣ меноманд. Агар Бонки марказӣ қоғазҳои қимматнокро фурўшад, пас миқдори пули нақд дар муомилот кам шуда, фоизи қарз зиёд мешавад. Агар Бонки марказӣ қоғазҳои қимматнокро харида гирад, пас миқдори пули нақд дар муомилот зиёд шуда, дараҷаи фоизи қарз паст мешавад. Ҳамин тавр миқдори пул дар муомилот танзим карда мешавад.
Тағирот дар меъёри захираҳои ҳатмӣ яке аз воситаҳои асосии таъсири Бонки марказӣ ба миқдори пул мебошад. Мувофиқи қонун бонкҳои тиҷоратӣ як қисми захираҳои худро ҳатман бояд ҳамчун захира дар Бонки марказӣ нигоҳ доранд, ки андозаи онро Бонки марказӣ муайян мекунад. Агар Бонки марказӣ бузургии онро кам кунад, пас бонкҳои тиҷоратӣ имконияти бештар қарз доданро пайдо мекунанд ва миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад. Дар сурате, ки Бонки марказӣ андозаи захираҳои ҳатмиро зиёд кунад миқдори пул дар муомилот кам мешавад ва фоизи қарз зиёд мешавад.
Тағироти дараҷаи фоизи қарз (сиёсати дисконтӣ) аз ҷониби Бонки марказӣ сурат мегирад.
Дараҷаи фоизи қарз гуфта меъёри фоизеро меноманд, ки ба воситаи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарзи кўтоҳмуддат медиҳад.
Агар Бонки марказӣ дараҷаи фоизи қарзро баланд бардорад, пас фоизи қарзи бонкҳои тиҷоратӣ низ зиёд мешавад ва ҳамин тавр миқдори пул дар муомилот кам мешавад. Дар сурати паст шудани дараҷаи фоизи қарз миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад.
Вобаста ба вазъи иқтисодӣ, сиёсати монетарӣ дар ду шакл зоҳир мегардад.

Сиёстаи пулҳои арзон, ки асосан ҳангоми ҷой доштани бўҳрони иқтисодӣ ва баланд шудани дараҷаи бекорӣ истифода карда мешавад. Мақсади асосии ин сиёсат арзон кардани қарз, зиёд кардани ҳаҷми мабалғгузорӣ, истеҳсолот ва шуғл мебошад. Сиёсати мазкур тавассути чораҳои зерин амалӣ карда мешавад:
паст кардани дараҷаи фоизи қарз, ки ба бонкҳои тиҷоратӣ имконият медиҳад аз Бонки марказӣ бештар қарз гирифта, захираҳои худро зиёд намоянд;
Бонки марказӣ дар бозори кушод қоғазҳои қимматнокро харида мегирад ва ба ивазашон захираҳои бонкҳои тиҷоратиро зиёд мекунад, ки дар натиҷаи он миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад;
Бонки марказӣ андозаи захираҳои ҳатмиро кам мекунад, ки дар натиҷаи он захираҳои зарурӣ ва миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад.
2. Сиёсати пулҳои қиммат, ки бо мақсади кам кардани миқдори пул дар муомилот амалӣ карда мешавад. Чораҳои асосии амалӣ намудани сиёсати пулҳои қиммат инҳо мебошанд:

баланд кардани дараҷаи фоизи қарз, ки боиси камтар қарз гирифтани бонкҳои тиҷоратӣ аз Бонки марказӣ мешавад;
фурўши қоғазҳои қимматнок аз тарафи Бонки марказӣ дар бозори кушод, ки ба кам шудани миқдори пул дар муомилот оварда мерасонад;
баланд кардани дараҷаи захираҳои ҳатмӣ, ки боиси кам шудани захираи зарурӣ ва миқдори пул дар муомилот мегардад.

1.63K
Нет комментариев. Ваш будет первым!