Усули муайян намудани арзиши гумруки дар асоси тархи арзиш

Арзиши гумрукии мол тибқи усули нархгузорӣ дар асоси тарҳи арзиш дар он ҳолате муайян карда мешавад, ки моли нархгузоришавандаи шабеҳ ва ҳамҷинс бе тағйири ҳолати аввалиаш фурӯхта шавад.

Дар раванди истифодаи усули тарҳи арзиш барои муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи воҳиди моле чун асос қабул карда мешавад, ки тибқи он моли шабеҳ ва ҳамҷинс дар баробари воридоти моли нархгузоришаванда ба шахсони бо фурӯшанда новобаста ба миқдори хеле зиёд яклухт фурӯхта мешавад.

Инчунин дар баробари ин мол бояд ҳамзамон бо воридоти моли нархгузоришаванда дар як вақт фурӯхта шавад ва дар сурати дар ин муддат фурӯхта нашуданаш бояд дар давраи наздиктари воридоти моли нархгузоришаванда, яъне дар муддати на дертар аз 90 рӯзи тақвимии воридоти моли нархгузоришаванда фурӯхта шавад.

Аз нархи воҳиди мол хароҷоти зерин тарҳ мешавад:

1) хароҷоти комиссионии пардохтшаванда ё мувофиқашудаи пардохт ё иловапулӣ бо мақсади гирифтани фоида ва пӯшонидани тамоми хароҷоти марбути фурӯши моли воридотии ҳамин навъ ё намуд дар ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) маблағи боҷҳои воридотӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми воридот ё фурӯши он супурда мешаванд;

3) хароҷоти дар ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда барои борбарӣ, суғурта, корҳои борбардорӣ ва борфарории дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашаванда.

Моли ҳамон як намуд ё гурӯҳ ҳамон молест, ки ба гурӯҳ ва дараҷаи моли дар соҳаи муайяни саноат истеҳсолшуда марбут аст, моли шабеҳ ё ҳамҷинсро дар бар мегирад, вале танҳо бо ин хусусиятҳо маҳдуд намешавад.

Бояд қайд намоем, ки ҳангоми дар фурӯш набудани моли шабеҳ ё ҳамҷинси нархгузоришаванда дар ҳамон ҳолате, ки ҳангоми воридот қарор дошт, бо хоҳиши декларант нархи моли коркардшуда бо тарҳи арзиши иловашуда ва риояи талаботи қисмҳои 2 — 4 моддаи 358 КГҷТ истифода шуда метавонад.

370
Нет комментариев. Ваш будет первым!