Тағйирёбии ичтимоӣ

  1. Мафҳумва навъҳои таѓирёбии иҷтимоӣ<em/>
  2. Қолабитағйирёбии иҷтимой
  3. Тартиби тағйиротҳои иҷтимоӣ
  4. Омилҳоитағйиротҳои иҷтимой
  5. Инкишофи(прогрессии) иҷтимоӣ<em/>
  6. Муътадилии иҷтимоӣ<em/>

Мавзӯитағйирёбии иҷтимоӣ яке аз қисматҳои муҳими илми сотсиологияро дар бар мегирад.Тағйиротҳои иҷтимоӣ ҳар як лаҳза дар ҳаёти одамон ба вуқӯъ мепайванданд.Актуалӣ будани ин мавзӯъро бо он тағйиротҳои иҷтимоие, ки дар тамоми ҷаҳон 6авуҷуд меояд, дарк намудан мумкин аст. Омӯзиши ин мавзӯъ аз муҳаққиқдақиқназариро оид ба тағйирёбии иҷтимоӣ, навъҳои тағйирёбӣ, сарчашмаҳоипешбарандаи тағйирёбӣ, ки одамиятро ба роҳҳои гуманистӣ ҳидоят мекунад, талабменамояд.

Зери категорияи“тағйирёбӣ” пеш аз ҳама ҷараёни ҳаракат, баҳамалоқамандии ашёҳо ва рӯйдодҳо,гузариш аз як ҳолат ба ҳолати дигар, ба вуҷуд омадани хусусиятҳои нав, вазифаҳова муносибатҳоро фаҳмидан лозим аст. Мафҳуми «тағйирёбии иҷтимоӣ» дар илмисотсиология истифода бурда мешавад. Ин мафҳум дар сотсиология бо маънӣ вамазмунҳои иҷтимоӣ ба кор бурда мешавад.

  • Мафҳуми «тағйирёбии иҷтимоӣ»~ро наҳамаи мо хуб қабул менамоем, вале мафҳуми «инкишофи иҷтимоӣ» барои аксаримардум гӯшрас ва хушсадост. Мафҳуми «инкишофи иҷтимоӣ» дар илмҳои ҷомеашиносӣ,сиёсии собиқ Шуравӣ васеъ истифода бурда шудааст. Вале бояд тазаккур дод, кимафҳуми «инкишофи иҷтимоӣ» як қисми тағйирёбии иҷтимоиест5 ки ҷараёнитакмилёбӣ ва беҳшавиро нишон медиҳад. Аммо як қатор тағйиротҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад, ки онҳоронаметавон инкишофи иҷтимоӣ номид. Масалан, пайдоиш, барқароршавӣ, баландравӣ,пастравӣ, нобудшавӣ, давраи гузариш, ҳолати гузариш ва ғайраҳо. Ин тағйиротҳо дар худ на сифатҳои мусбӣ ва на манфиро доранд. Онҳо натамоюл ба инкишоф ва на тамоюл ба пастравиро доранд. Мафҳуми “тағйиёрбиииҷтимоӣ” доираи васеи дигаргуниҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.
  • Зери мафҳумитағйирёбии иҷтимоӣ на ҳамаи тағйирёбиҳое, ки дар ҷомеа рух медиҳад, дар назардошта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки фарқияти тағйирёбии иҷтимоиро аз дигартағйиротҳое, ки дар соҳаҳои ҷомеа (иқтисодиёт, сиёсат, маънавиёт) рӯй медиҳад,дарк намуд. Вақте ки мо доир ба тағйирёбии иҷтимоӣ ҳарф мезанем, пеш аз ҳама батағйироте рӯй меоварем, ки предмети омӯзиши сотсиология аст. Ба ин тағйиротҳомансубанд – тағйирёбии системаи иҷтимоӣ, стратификатсияи иҷтимоӣ, умумиятииҷтимоӣ, ҷараёнҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳо ва баҳамалоқамандиионҳо.

Омӯзиши тағйиротҳои иҷтимоӣ аз рӯитаҳлили структури функсионалии Т. Парсонс чунин навъро дорост: а) доимотағйиротҳои дохили системавӣ тағйиротҳо бо вайрон намудани алоқаи мувозинат баамал меоянд.

б) Тағйиротихуди система бо таъсири тағйиротҳои дохилӣ ва берунӣ ба амал меоянд. Категорияиасосии ин модели тағйироти иҷтимоӣ ҳангоми ба вуқӯъ омадани вайроншавиимувозинат дар муносибатҳои сохтории элементҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳангомишиддати баланд барои нигаҳдошти мувозинат механизмҳои назоратӣ метавонанд, китоб наоваранд.

Ҳамин тариқ, мафҳуми “Тағйироти иҷтимоӣ” дигаргуниҳое, ки дар як муддативақт дар гурӯҳҳо, ниҳодҳо, ташкилотҳо, ҷомеа ва муносибатҳои байниҳамдигарииодамон ва фард ба вуҷудояндаро дар бар мегирад. Ба таври дигар, «Тағйиротииҷтимоӣ» ин гузариши объекти иҷтимоӣ аз як ҳолат ба ҳолати дигар, дар ташкилииҷтимоии ҷомеа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ, сохтори иҷтимоӣ аз рӯи шаклҳоимуқарраргардидаи рафтор мебошад.

Ин тағйиротҳо метавонанд, дар зинаи муносибатҳои байнифардӣ (масалан,тағйири сохтор ва вазифаҳои оила) дар зинаи ниҳодҳо ва ташкилотҳо (маориф, илм,ки доимо ба дигаруниҳои барномавӣ ва мундариҷавӣ гирифтор мегарданд) дардараҷаи гурӯҳҳои хурд ва калон (дар Тоҷикистон ҳоло шумораи аҳолӣ тағйирмеёбад); дар зинаи глобалӣ ва иҷтимоӣ (рӯйдодҳои мигратсионӣ, инкишофи иқтисодӣ-технологии баъзе мамлакатҳо, карахтӣ, ҳолати кризисии мамлакатҳои дигар,таҳдидҳои ҳарбӣ ва экологӣ барои инсоният ва ғайраҳо) амалӣ гарданд.

Чор навъ тағйиротҳои иҷтимоиро нишондодан мумкин аст:

  • Тағйиротҳое, кидахолат доранд ба сохтори гуногуни ташкилотҳои иҷтимоӣ ва ё тағйиротиструктуравӣ-иҷтимоӣ. Масалан, дар сохтори оила (полигамия, моногамия, бисёрфарзандӣ,камфарзандӣ), дар сохтори дигар умумиятҳои гурӯҳи хурд, тахассусӣ, ҷуғрофӣ,синфӣ, миллӣ, ҳамаи ҷомеа, дар сохтори ҳокимият, дар сохтори арзишҳои иҷтимоӣва ғайраҳо.
  • Тағйиротҳое, ки равандҳоииҷтимоиро фаро мегиранд. Тағйироти иҷтимоиро дар муносибатҳо вабаҳамалоқамандии умумиятҳои иҷтимоии гуногун доимо дида метавонем. Инмуносибати ҳамраъйӣ, тундшавӣ, низоъ, баробарҳуқуқӣ ва ғайраҳо, ки ҳамеша дарҷараёни тағйирпазирианд.
  • Тағйиротҳое, китанҳо ба вазифаҳои системаҳои гуногуни иҷтимоӣ мансубанд, онҳоро тағйиротҳоифунксионалӣ номид. Чунончӣ, дарсарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ҳокимияти қонунбарор ва иҷроя батағйиротҳо дучор гардидаанд.
  • Тағйиротҳо дармаънидоднамоии (мотиватсия) фаъолияти фардӣ ва коллективӣ ва ё маънидод карданитағйиротҳои иҷтимоӣ. Бе баҳс метавон гуфт, ки талабот, хусусияти он, фаъолиятифардӣ ва коллективӣ, рафтор ва ғайраҳо тағйирпазиранд. Мушоҳидаҳо нишонмедиҳад, ки барои аксари одамон дар ҷойи аввал даромади маош истода он рафтор,афкор ва шуури онҳо таъсир мерасонад.

Ҳамаи ин тағйиротҳо бо ҳам зич алоқаманд мебошанд. Тағйирёбӣ як навъ боиси тағйирёбии гурӯҳҳои дигармегардад. Аммобояд зикр намуд, ки дараҷаи тағйирёбии иҷтимоӣ бо дигар дигаргуниҳо; фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ғайраҳо хусусияти ниҳоятмураккаб доранд. Дигаргунии як соҳа ба таври автоматӣ ба тағйирёбии соҳаи дигар оварда намерасонад.

Қолаби тағйирёбии иҷтимой

Масъалаитағйирёбии иҷтимоӣ ҳамеша диққати сотсиологҳои машҳурро ҷалб намуда буд. Дар илми сотсиология як бахшро ба омӯзишисохтори системаҳои иҷтимой ва рӯйдодҳо (омори иҷтимой, таҳлил) ва тағйирёбй даринкишоф (динамикаи иҷтимонй, генетикаи иҷтимой) ҷудо намудаанд. О. Конт- олимифрансуз бахШИ омории иҷтимоиро барои омӯзиши сохторҳои иҷтимоииҷомеа воситаи муҳиммеҳисобад.

Яке аз воситаҳоидарки ҷомеаи инсонй, аз аҳди қадим то имруз консепсияи эволютсионии тағйиротҳоииҷтимоӣ ба шумор меравад. Тағйиротҳои иҷтимоии эволютсионӣ — ин зина ба зина,оҳиста – оҳиста, миқдоран дигаргуншавии муносибати иҷтимоӣ ва ашёҳоро дошта,хусусияти кумулятивӣ доранд. Тавсифи кумулятивӣ (ғуншавӣ) эволютсионӣ дар худоҳиста – оҳиста ҷамъ гардидани тағйиротҳои миқдориро, ки ба гузариши тағйиротисифатӣ оварда мерасонад, таҷассум менамояд.

Муқобилиназарияи эвлоютсионӣ назарияи дигар – назарияи тағйирот бо роҳи револютсионӣвуҷуд дорад. Назарияи ревлоютсионии тағйирот, пеш аз ҳама шикасти решаҳоииҷтимоии ҷомеаро пешниҳод менамояд. Тарафдорониин назария дигаргуниро дар ҷараёни револютсия ба амал мебароранд. Револютсияииҷтимоӣ (аз лот. reyolutio– табаддулот, гардиш) -табаддулоти сифатӣ дар ҳама соҳаи иҷтимоӣ дар назардошта шудааст.

К. Маркс револютсияи иҷтимоиро “пешбарандаи таърих”, хонда зикр менамояд,ки вай қувваи инкишофдиҳандаи таърихи башарӣ мебошад. В.И.Ленин дар револютсияииҷтимоӣ “иди халқи заҳматкашро бар болои золимон медид”. П.А.Сорокинреволютсияи Октябри соли 1917-ро “худкушӣ” донистааст. Нависандаи маъруфи рус –И.А.Бунин номи китоби хешро – “Рӯзҳои лаънатшуда» номид.

Яке аз шаклҳои хеле мураккаби тағйиротин тағйироти даврӣ мебошад. Вай дар худ ду хусусият, эволютсионӣ вареволютсиониро дар бар гирифта, раванди болоравӣ ва поёнравиро дорост. Дарбораи тағйирёбии даврӣ сухан ронда тағйирёбии муайяне, ки дар умумият миҷмӯяшон давраро ташкил медиҳад, дар назар доштамешавад. Давр ин маҷмӯи рӯйдодҳо, ҷараёнҳо, ки пайдарҳам гардиши давриротаҷассум намуда, дар доираи вақти муайян ба вуқӯъ меоянд. Тағйиротҳои иҷтимоиидаврӣ вобаста ба вақтҳои сол ба амал меояд ин метавонад якчанд сол ва ҳаттоякчанд садсоларо дар бар гирад.

Ғайр аз ин, назарияи синтетикӣ консепсияи тағйироти иҷтимоӣ вуҷуд дорад.Назарияи синтетикии тағйироти иҷтимоӣ бо

ҷаҳонбинии таърихӣ, фалсафӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва ғайраҳо сахт алоқамандаст. Вобаста ба гуногунии назарияи синтетикӣ омилҳое, ки ба тағйиротҳоиэволютсионии иҷтимоӣ таъсир мерасонад, се навъи асосии онро ҷудо намудан мумкинаст: фарҳангӣ-иҷтимоӣ, саноатӣ-технологӣ ва иқтисодӣ -иҷтимоӣ.

Назарияи фарҳангӣ – иҷтимоӣ дар сархати тағйиротҳое, ки дар соҳаифарҳангӣ-иҷтимоӣ аз қабили дин, системаи арзишҳо, минталитети гурӯҳҳои иҷтимоииҷомеа дар ҳамаи давраҳо меистад. Ин шакли тағйиротҳоро тағйиротҳои фундаменталӣмедонад, ки ба тағйирёбиҳои дигаре, ки дар сохтор ва рӯйдодҳои иҷтимоии ҷомеаба вуҷуд меоянд, таъсир мерасонад. Дар байни ин назарияҳо назарияи динамикиифарҳангӣ-иҷтимоии П. А. Сорокин аз дигар назарияҳо тағйир меёбад.

Назарияи саноатӣ-тахнологӣ тағйироти иҷтимоиро дар ин ё он соҳаи технологииистеҳсолоти мавод тафсир медиҳад. Саноати технологӣ омили асосии тағйиротҳои иҷтимоӣ ҳисобида мешавад. Назарияҳои«зинаҳои инкишофи иқтисодӣ»- и У.Ростоу, «ҷомеаи ягонаи саноатӣ»-и Р. Арон,«ҷомеаи баъди саноатӣ»-и Д.Белл, А.Турен, “поёнии қарни идеологӣ”-и Д.Белл, Р.Арон, М.Липсетҷолиби диққат мебошанд.

Назарияи иқтисодӣ – иҷтимоӣ омили асосии тағйиротҳоро дар алоқамандииқувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ мебинад. Назарияи марксистӣмаҳаки ин назарияро дар бар мегирад.

Бо ҳама гуна фарқиятҳояшон назарияи синтетикии тағйиротҳои иҷтимоӣ якумумиятро доро мебошад. Пеш аз ҳам онҳо инкишофи таърихии инсониятро дар шаклинақша баргузор менамоянд. Ҳар яке аз ин назарияҳо мекӯшанд, ки ҳаматарафатағйиротҳои куллиро баён намоянд.

Тартиби тағйиротҳои иҷтимоӣ

Яке аз давраҳои муҳими тағйиротҳои иҷтимоӣ пайдоиш ва мустаҳкам гардидани унсурҳои нав мебошад. Инноватсия (навоварӣ) ин маҷмӯиҷараёнҳои сохтан, паҳн намудан ва истифодабарии ашёҳои навбарои қонеъ гардонидани талаботҳои одамон, аз он ҷумла тағйиротҳои иҷтимоӣмебошад. Ба навоварии иҷтимоӣ шомиланд:навоварии иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ. Ба навоварии ашёҳо маҳсулотҳо, навовариитехникӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Дар ҷаҳони муосир навовариро то як дараҷа тағйиротҳои иҷтимоӣ медонанд.Навоварӣ асосан унсурҳои зеринро дорад: а) навгонии дохилӣ; б) Ихтирои чизе азтарафи навоварон; в)паҳнкунандагон; г) баҳодиҳандагон.

Ҳар як навоварӣ се зинаро дар бармегирад: рӯйгардонӣ, одат кардан, қабул намудан. Тартибитағйирёбии иҷтимоиро Н.Смелзер чунин тавзеҳ медиҳад.

  • Ҷараёнитағйиротҳои иҷтимоӣ аз эҳсоси «қаноатбахш набудан» ба иқтисодиёт, сиёсат ва ёқисматҳои алоҳидаи онҳо ва эҳсоси имконияти беҳтар гардонидани онҳо дар асосисарчашмаҳои дигар пайдо мешавад.
  • Аломатҳоибеқарорӣ пайдо шуда, аз як тараф дар шакли таассури (решения) ҳиссии беасосинақшаи манфӣ, ки дар худ хусумат ва муомилаи душманона эҳсос менамояд ва азтарафи дигар, ноумедиҳо дар афрод хаёлоти беҳ будани замони пешинро бедор менамояд.
  • Кӯшиши пасткардани шиддат бо арзишҳои вуҷуддошта.
  • Дар доираимақомоти олии роҳбарикунанда майлу хоҳиш ва сабри амалӣ гардидани идеяҳоинаввуҷуддошта бошад. Вале бояд зикр кард, ки ин сабр дар шакли эҳтиёткоронасурат гирифта, онҳо мекӯшанд, ки масъулиятро ҳангоми ҷоришавии навгониҳонагиранд.
  • Кӯшиши муайяннамудан ва мушаххас намудани идеяҳои нав, ки онҳо диққати махсусро талабмекунанд, суръат мегирад.
  • Аз тарафи баъзеафрод, ки таваккал карда, навовариро дар амал татбиқ менамояд. Агар ин амалитаваккалии худро мусбӣ нишон диҳад, дар он ҳолат шакли мукофот барои амалӣгардонидани навгонӣ дониста мешавад. Агар таваккалан татбиқи навгонӣ манфӣбошад, пас ин барои афроди татбиқкунанда ҷазо ҳисобида мешавад.
  • Навгониҳо яке аз унсурҳои тарзи ҳаёт гардида, дар ҳаёти ҳаррӯза дохилмегарданд, Ин тарз аз тарафи ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа таҳлил гардида, ба бахши иқтисодӣ,сиёсӣ ва зерсохторҳои ҷомеа мубаддал мегарданд.<strong/>

Ҳангоми фаҳмондани тағйиротҳои иҷтимоӣ бисёре аз муҳаққиқони хориҷӣ васобиқ Шӯравӣ консепсияи «мавҷҳои дароз» (даврҳои калон)~ро тарафдорӣ менамоянд.Тартиби мавҷҳои дароз- ро муаллифони гуногун протссеси паҳнгардии навгонӣ,бадалкунии соҳаҳои пешқадами иқтисодӣ, ҷойивазкунии наслҳо медонанд. «Мавҷҳоидароз» давра ба давра такроршавии хусусиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, вазъитехнологӣ, давомнокии болоравӣ ё паст фаромадани шиддати иҷтимоиро нишонмедиҳад. Ба гуфтаи Аҳмади Дониш ин вазъ ҳар як 50-сол такрор мегардад. Ин вазъаксаран барои мамлакатҳои инкишофёфта якхела мебошанд. Рӯй додани ин вазъ зиёдааз 200-солмешавад, ки дар дафтари (идора) омории мамлакатҳо қайд гардидаанд.

Коршиносон«мавҷҳо»-ро тавсиф намуда, дарознокии онҳоро муайян карда зикрменамоянд, ки онҳо умумиаврупоӣ ва умумиҷаҳонӣ шуда метавонанд.<strong/>

Мавҷиаввал:<strong/>

камтар– Инқилоби кабири франсузи охирҳои асри XVIII;<strong/>

зиёдгар-Ҷанги шурӯънамудаи Наполеон Бонапарт.<strong/>

Мавҷидуввум:<strong/>

камтар– Инқилоби буржуазӣ дар як қатор мамолики аврупоӣ,<strong/>

зиёдтар-Коммунаи Париж, ҷанги франсузҳо ва олмониён.<strong/>

Мавҷисеюм:<strong/>

зиёдтар– Ҷанги аввали Ҷаҳон.<strong/>

Мавҷичорум:<strong/>

камтар – Оғози Ҷанги дуюми Ҷаҳон,

зиёдтар – Қуллаи баланди ҳаракати чаппи радикалӣ дар мамолики мутариққииғарб.

Мавҷи панҷум:

камтар -Барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР),

Омилҳои тағйиротҳои иҷтимой

Сарчашмаҳоитағйиротҳои иҷтимоӣ омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва дохилии сохти структурии иҷтимоӣва муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб мераванд. Ба онҳо баҳамалоқамандии системаҳоигуногуни иҷтимоӣ, сохтор, ниҳодҳо ва инчунин гурӯҳҳо, синфҳо, миллатҳо, давлатҳошомиланд. Яке азшаклҳои тағйирёбии иҷтимоӣ рақобат (конкурентсия) ба шумор меравад. Рақобатисолим дар илм, техника, иқтисодиёт, сиёсат ва дигар соҳаҳои ҳаёт яке азсарчашмаҳои тағйироти иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Муборизаи синфӣдар ҳалли масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ хизмати бузургеро адо кард. Синфикоргар тавассути муборизаи синфӣ тавоннст ҳуқуқҳои иқтисодию шаҳрвандии худро ба даст орад. Бахусус, дар аввали асри XIX ва аввали асри XX ин мубориза ниҳоят васеъ доман паҳн кард. Натиҷаи ин мубориза буд, ки дар аксаримамолики ҷаҳон дараҷаи некуаҳволии синфи коргар ва дигар заҳматкашон хуб гардида, вақти корӣ кам шуда, як қатор чорабиниҳо барои ҳимояи коргарон ва заҳматкашоне, ки маоши кам мегирифтанд, ба амал бароварда шуд. Омилҳои технологӣ ва идеологӣ ҳамчун омили асосӣ ба рафти тағйиротҳои иҷтимоӣ таъсир мерасонанд.

Омили технологии тағйирёбии иҷтимоӣ ин омили илмӣ – технологии инкишофбуда, ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа таъсири ниҳоят калон дорад. Олимони америкоӣ К.Каммайер, Г. Ритсер ва дигарон се тарзи таъсири омили технологиро дартағйирёбии иҷтимоӣ иброз медоранд.

Тарзи аввал: Тағйирот дар технология мушкилоти тартиботи иҷтимоиро ба бороварда одамонро водор мекунад, ки фаъолияташонро дигар намоянд.Тағйиротитехнологӣ меъёрҳои навъи иҷтимоиро ба бор оварда, арзишҳои нав ва вазифаҳоинавъи афрод ва коллективҳои меҳнатиро ба вуҷуд меорад.

Тарзи дуюм: Техникаи нав, техиологияи нав имкониятҳои навро дар фаъолият вамуносибати афрод ва гурӯҳҳо ба бор меорад. Имкониятҳои наве, ки соҳаи алоқаиҷаҳони муосирро фаро гирфтааст, ба телефоникунонӣ ва паҳншавии оинаи нилгунсахт вобаста мебошад. Компютер бо таври радикалӣ хусусияти ҷойи кор, миқдорикоргаронро тағйир дода ва аз коргарон донишҳои нав, малакаҳои нав ва дараҷаитахассусии навро тақозо менамояд.

Тарзи сеюм: Технологияи нав шаклҳои муносибати байни афрод ва умумиятҳоииҷтимоии гуногунро эҷод менамояд. Интиқоли бор ба воситаи мошинаҳои боркаш корикоргаронро фардӣ намуда, шаклҳои баҳамалоқамандии онҳоро дигар менамояд.

Яке аз омилҳои асосии тағйирёбии иҷгимоӣ ин идеология мебошад. Ҳама итағйиротҳои иҷтимоӣ зери таъсири омили идеологӣ-сиёсӣ ба вуқӯъ меоянд. Ҳизбҳоисиёсӣ барномаҳои худро зери ин шиорҳои дигарсозии ҳаёти иҷтимоӣ тағйир дода,сари қудрат меоянд. Ҳар қадаре ки тағйиротҳо ҷиддӣ бошанд, ҳамон қадар таъсирисиёсат намудор мегардад.

Гурӯҳҳои иҷтимоӣ ё синфҳо ба воситаи тағйиротҳои сиёсӣ мехоҳанд, кинавигариҳо ворид намоянд ва дар мавридҳои дигар навгониҳоро қабул надоранд.

Бозиҳои сиёсӣ дар ҷараёни муборизаи сиёсӣ барои тағйирдиҳии иҷтимоӣ изни худромегузорад, чунки сиёсати партикулярӣ (манфиатҳои гурӯҳи хурд) дар ин ҳолатҳо мақоми асосироишғол менамояд. Сиёсати партикулярйманфиати ками аҳолиро ифода карда, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои чашмгуруснаи хеш мехоҳанд, дигаргуниҳоро дар ҷомеаворид созанд. Дар чунин ҳолатҳо рӯй додани низоъ байни ин гурӯҳҳо ва дигарқисмати аҳолӣ мумкин аст. Масалан, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳуриимо чунин гурӯҳҳо барои манфиатҳои худ аксари аҳолиро ба гирдоби ҷанги дохилӣкашидаанд. Барномаи тағйирдиҳии иҷтимоӣ дорои мақсаду мароми муайян буда, пешаз ҳама дар асоси манофеи аксари аҳолӣ ба амал бароварда мешавад. Чунин барнома азтарафи аксари аҳолӣ пуштибонӣ меёбад.

Инкишофи (прогресс) иҷтимой

Зери мафҳумипрогресс ( инкишоф, тараққиёт) одатан такмилёбии сохтори иҷтимоӣ ва ҳаётимаънавии инсон фаҳмида мешавад. Инсоният аз аҳди қадим то ба имрӯз ҳамеша даркӯшиши беҳтар намудани ҳаёти иҷтимоии хеш мебошад. Прогресси иҷтимоӣ ин якнавъи соҳаи иҷтимоӣ буда, дар он як қисми унсурҳо, рӯйдодҳо, ба зинаи олиитараққиёт мерасад.

Дар умумият инкишофи инсоният бо роҳи инкишофи прогресси иҷтимоӣ вобастагӣдорад. Аз аҳди бостон то ҷаҳони муосир тараққиёти инсоният бо хатти прогрессииҷтимоӣ ҳаракат мекунад. Прогресси иҷтимоӣ хусусияти такрориро дорост. Боядзикр намуд, ки баъзе паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ тараққӣ наменамояд. Ба ин қисматсанъат мансуб мебошад, санъат дар як ҷо шах шуда намемонад, на ҳамеша дартағйирпазирист. Вале мафҳуми тараққиётро дар санъат истифоданамебаранд. Дар санъат тарафҳои дигари инкишоф – инкишофи бадеӣ ва эстетикииинкишоф (эволоютсия) баррасӣ мегардад. Инкишофи тарафи техникии маводҳоитараққиёт, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани санъат мавриди истифода қарор мегирад.

Ба мисли санъат дар як қатор ниҳодҳои иҷтимоӣ мафҳуми тараққиётро истифоданамебаранд. Масалан, дин инкишофи дин ҳамчун системаи фалсафӣ эътирофгардидааст, вале мафҳуми прогрессро барои он истифода намудан мумкин нест.

Тағйиротҳои иҷтимоиро вобаста ба натиҷаи характери онҳо баҳо додан мумкинаст.

Ин баҳодиҳӣ метавонад субъективӣ бошад, метавонад дар асоси нишондодҳоиобъектӣ сурат бигирад. Баҳодиҳии субъективӣ аз хоҳиш, кӯшиш, мавқеи гурӯҳҳоиҷудогона ва ё қишрҳои иҷтимоӣ бармехезад. Мавқеи асосиро дараҷаи қаноатмандиигурӯҳҳои иҷтимоӣ ҳангоми ислоҳот дар бар мегирад. Ислоҳоти иҷтимоӣ (аз калимаифранс. Reforme, лотинии. reformo – азнавсозӣ) гирифта шудааст. Ин азнавсозӣ, тағйирдиҳӣ, бозсозӣ бо ёрииқонуну фар- монҳои нав дар ҳаёти иҷтимоӣ татбиқ карда мешавад. Реформа аз“боло” барои такмилдиҳии сохти вуҷуддошта бе тағйир гузаронида мешавад.

Агар тағйиротҳои иҷтимоӣ хусусияти манфӣ дошта бошанд ва ба як қаторқишрҳои иҷтимоӣ таъсири манфии худро расонанд, вай нодаркор ҳисобида шуда,ғайридавлатӣ, зиддихалқӣ, зиддидавлатӣ ҳисобида мешаванд. Баъзе ҳолатҳо аз индигаргуниҳо танҳо як гурӯҳ бурд менамояд, натиҷаи ин бурдро дар баъзе ҳолатҳомусбӣ ва дар баъзе ҳолатҳо манфӣ маънидод менамоянд.

Мӯътадилии иҷтимой

Мӯътадилиииқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳаёти иҷтимоиро кулли мардуми ҷомеаи муосири Тоҷикистонбесаброна интизоранд. Зери мафҳумимӯътадилӣ пеш аз ҳама кор карда тавонистани система, сохтори пештара ва нигоҳдоштани мизон фаҳмида мешавад. Мӯътадилии иҷтимоӣ яке аз шартҳои асосии ҳамагуна ҷомеа мебошад.

Дар ҷаҳони муосир ақидае роиҷ аст, ки ҳама гуна тағйирёбӣ мақоми одамон ванекӯаҳолии онҳоро бад намуда, ба мӯътадилии иҷтимоӣ рахна меандозад: Мӯътадилиииҷтимоӣ ин ҳамрадифи дигар нашудани муносибатҳо ва системаҳои иҷтимоӣ нест.Агар ҷомеа тағйир наёбад, чунин ҷомеаро ҷомеаи шахшуда, меноманд.

Мӯътадилии иҷтимоӣ чун мафҳуми сотсиологӣ ин таҷдиди сохтори иҷтимоӣ,муносибатҳои иҷтимоӣ дар доираи салоҳияти худи ҷомеа мебошад. Ин таҷдид такроризинаҳои пешин набуда, балки унсурҳои гуногуни тағйирёоиро дар бар мегирад.

Ҷомеаи мӯътадил ҷомеае мебошад, ки инкишоф ёфта, мустаҳкамии худро нигоҳмедорад. Ҷомеаи мӯътадиле, ки дар онҳо тағйиротҳои иҷтимоӣ дар як низоми муайянқарор дорад ва ин гуна ҷомеаҳо муборизаи сиёсиро инкор менамоянд, дар охир бавайроншавӣ омада мерасад. Ҷомеаҳои авториторӣ, тоталитарӣ низ метавонанд ҷомеаимӯътадил бошанд. Вале бояд зикр намуд, ки чунин системаҳо дер идома намеёбандва дар онҳо низоъҳо, нооромӣ ба вуҷуд меояд.

Ҳамин тариқ, мӯътадилӣ дар ҷомеа аз ҳисоби ҳал намудани масъалаҳоиҳалталаби ҷамъиятӣ дар ҷойи лозимӣ ба даст оварда мешавад.

812
Нет комментариев. Ваш будет первым!