Мохият, ахамият ва сохтори даромадхо ва харочотхои бучетхои махаллӣ

Даромадхои бучети махаллӣ аз даромадхои андозиву гайриандози инчунин аз воридоти маблаг аз хисоби андозу пардохтхои танзимкунанда иборат мебошад…Даромадхои бучети махаллӣ аз даромадхои андозиву гайриандози инчунин аз воридоти маблаг аз хисоби андозу пардохтхои танзимкунанда иборат мебошад.
Ба даромадхои андози дохил мешаванд:
• Андозхои махаллӣ, ки фехристи онхоро конунгузори Чумхурии Точикистон муайян намудааст.
• Даромад аз андозу пардохтхои танзимкунанда барои Бучети махаллӣ мувофики тартибе, ки Конун дар бораи бучети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ мукаррар кардааст чудо карда мешавад.
• Бочи давлатӣ ба истиснои бочи давлатие, ки мувофики конун дар бораи Бучети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ дар шакли дигар ба бучети махаллӣ ворид мешавад.
Ба даромадхои гайриандози дохил мешаванд:
• Даромад аз бучети чумхуриявӣ, ки дар шакли кумаки молиявии беподошт, мусоидати молияви (субсидия) карзи бучетӣ ё дар шакли дигар ба бучети махаллӣ ворид мешавад;
• даромад аз хизмати пулакие, ки макомоти ичроияи хокимияти махалли, ташкилотхои идориибучети мерасонад;
Бучети давлати муносибати пулиро ифода мекунад, ки дар байни давлат ва шахсони хукуки ва чисмони барои аз нав таксимкунии даромади милли ва кисми бойгарии милли, ки бо ташкил ва истифодабарии фондхои бучети вобаста буда, барои маблаггузории ба иктисодиёти милли, чорабинихои ичтимои – мадани, мудофиа ва идораи давлат равона карда мешавад. Бо воситаи бучети давлат метавонад маблагхои заруриро дар равияхои асосии тараккиёти чамъияти чамъ намояд. Бучет хамчун категорияи иктисодии мустакил баромад мекунад ва у кисми категорияи молиявӣ мебошад ва бо хусусиятхои он доро мебошад. Аммо бо баробари ин хусусиятхо ва хусусиятхои худро дорад, ки бучети давлатиро аз дигар категорияхои молиявӣ фарк мекунад. Ин хусусиятхои зеринро мебошад:
1. Бучети давлатӣ шакли махсуси иктисодии муносибатхои таксимотро ифода мекунад, ки ба чамъ намудани кисми даромади миллӣ дар ихтиёри давлат ва истифодабарии он барои конеъ кардани талаботхои тамоми чамъият ва сохторхои алохидаи давлатии махаллии он.
2. Бо ёрии бучети давлатӣ аз нав таксимкунии даромади миллӣ байни сохахои хочагии халк, махаллхо ва соххахои фаъолияти чамъиятӣ гузаронида мешавад.
3. Сохахои таксимоти бучетӣ дар таркиби молиявии давлат чои марказиро ишгол мекунад. Мохияти даромади бучети давлатӣ хам­чун категория иктисодӣ бо воситаи вазифахои он ифодаи худро меёбад.
1) Аз навтаксимотӣ
2) Назоратӣ
Бо воситаи вазифаи якум ташкил ва истифодабарии фондхои мутамар-кази давлатӣ гузаронида мешавад.
Бо воситаи вазифаи дуюм бошад назорат аз болои ин раванд гузаронида мешавад. Объекти асосии таксимоти бучети даромади софи чамъиятӣ мебошад.
Азбаски бучет бо тарзи объективӣ просессхои иктисодии чамъиятиро инъикос мекунад, вазифаи назоратӣ дар бораи холати иктисодӣ шаходат медихад. Асоси вазифаи назоратиро харакати маблагхои пулӣ ташкил мекунад, ки нишондихандахои муайяни даромад ва харочотхо бучетӣ инъикос мегардад. Бучети давлатӣ хамавакт хамчун фишанги мухим барои таъсир бахшидан ба тараккиёти иктисодиёт ва сохаи ичтимои чамъиятӣ баромад мекунад. Бо ёрии он давлат метавонат ба сохтори истехсолоти чамъияти таъгирот дарорад ва ба натичахои хочагидори таъсири худро расонад. Дар вакти гузариш ба иктисодиёти бозори бучети давлат ахмияти худро гум намекунад ва набояд гум кард. Факат усулхои таъсири бучети давлати ба истехсолоти чамъияти дигар мешавад. Дар шароити нави хочагидори таъсир намудани равияхои истифодабарии воситахои бучети лозим мебошад. Ахмияти калонро сармоягузорони давлатӣ мебозанд, ки барои маблаггузории сохаи прогрессивии иктисодиёт, равияхои стротегии тараккиёт, ташаккули инфраструктураи истехсолию лозими равона карда мешаванд.
Сохаи бучет аз навтаксимкунии даромади миллиро истифода бурда, давлат метавонад бо ёрии шаклхои мустаким ва гайримустаким танзими бучети таносубхои ба амаломадани иктисодиёти миллиро дигар гуни кунад.
Равона кардани таъсироти механизми бучетӣ ба конъюктураи хочагӣ мувофики максад меёбад. Ба воситаи андоз ва имтиёзхои он маблаггузории бучетӣ ва тарафхои гуногуни хочагидорӣ таъсир расониданаш мумкин аст. Истифодабари барои бучет барои тезонидани прогресси илмӣ техники низ метавонад ба иктисодиёт таъсири калон расонад. Тартиби додани механизми нави маблагигузории бучетӣ, бехтар кардани ситемаи тайёр кардани кадрхои барои сохахои хочаги халк, истифода бурдани речаи имтиёзноки андоз барои фуруши намудхои нави махсулот ва дигар чорабинихои илмӣ кумак марасонад. Барои баланд бардоштани ахмияти даромади бучети давлати дар сохахои ичтимои дигаргуншаваии кули маблаггузории бучетии ин соха мадад мерасонад. Аз хисоби маблагхои бучети аксари сохахои хизматрасони ичтимои маблаггузори карда мешавад (маъориф, тандурусти, ичтимои).
Таъмин кардани талаботхои афзудаистодаи ахолии аз хисоби маблаг-гузори гузаронидани лозим аст ки, ин аз тарафи бисер олимон тасдик карда шудааст.
Дар оянда ахмияти бучети давлатӣ дар просессхои ичтимоӣ меафзояд. Танхо воситахои бучетӣ дар хамрохи бо фондхои гайрибучети барои гузаронидани азнавсозии сохахои ичтимоӣ ва гузариш ба зинаи нави нисбатан баланди хизматрасонии ичтимоии ахолӣ асоси молиявиро ташкил медихад.
Ба гайр аз ин ба воситаи бучети давлатӣ ёрдами моддӣ ба табакахои камбизоати ичтимоии ахолӣ расонида мешавад. Даромади бучети давлатӣ ба воситаи шаклхои махсуси иктисодӣ – даромад ва харочот баромад мекунад, ки онхо зинахои пай дар пайи аз навтаксимкунии арзиши махсулоти чамъиятро ифода мекунад. Даромад ва харочот бучет ин категорияхои мебошанд, ки хар яки онхо ахмияти махсуси чамъияти доранд.
Даромадхо хамчун базаи молиявии давлат баромад мекунад, харочотхо бошанд барои конеъ кардани талаботхои давлатӣ равона карда мешаванд.
Чумхурии тоза истиклоли мо давраи гузариш ба иктисодиёти бозоргони аз сар гузаронидем, бо фарорасии хазорсолаи нав ба мархилахои созандагию бунёдкори ва тахкими пояхои иктисодии давлатдори ворид мегардад. Албатта ягон давлат мустакил бе заминаи устувори иктисодӣ пойдор нест. Давлати мо низ таи чанд соли охир чихати ба вучуд овардани таквияти иктидори иктисоди худ пайваста ба комёбихои назаррас ноил мегардад.
Бинобар ин вазифаи тамоми макомоти давлатӣ, аз чумла Вазорати молия таъмин намудани устувории даромади бучети давлатӣ ва роххои самараноки идоракунии даромадхои бучети давлатӣ дар шароити иктисоди бозорӣ мебошад.
Албатта ин пеш аз хама ба сиёсати бучетӣ ва андозбандӣ вобаста мебошад.
Лоихаи бучети давлатӣ пешниход кардашуда хусусиятхои ба худ хос дошта, аз бучетхои солхои пештара тамоман фарк мекунад.
Пеш аз хама барои роххои самараноки идоракуни даромадхои бучети давлатӣ дар он аст, ки чи хеле ки мо медонем сарчашмаи даромадхои бучети давлатӣ аз андозхо ва даромадхои гайриандозӣ иборат мебошад, то ки бисёртар шудани корхонахои муштараку саноати ва бардоштани сохахои истехсолӣ то ки, аз онхо яъне андозхо ситонида мешавад ва боз асоситарин масъалахои ичтимоӣ хал карда мешаванд, яъне бо чои кори таъмин шудани ахолӣ, чи хеле ки медонем аз хама проблемаи калон ин бо чои кори таъмин шудани ахолӣ мебошад.
Якум, даромади бучети давлатӣ барои соли 2004 бештар дорои хусусияти ичтимоӣ буда, бодарназардошти стротегияи паст намудани сатхи камбизоати дар Чумхурии Точикистон тартиб дода шудааст. Тавре ки айён аст, Президенти чумхурии мо бо фармони худ аз 18 ноябри соли чори хачми хадди акали музди мехнати кормандони сохахои тандурусти, маъориф, маданиятро аз 1 апрели соли 2004-70% зиёд кард.
Хамаи ин бори дигар шаходат медихад, ки президенти мо ба масъалахои хифзи ичтимоӣ, муаллимон, духтурон, коркунони сохаи фарханг ва нафакахурон гамхори доими зохир менамояд.
Дуюм, сиёсати бучети давлатӣ пеш аз хама ба тараккиёти иктисодиёт ва нишондихандахои макроиктисодиёт, рох надодан ба бекурбшавӣ ва баланд бардоштани курби миллӣ вобаста ба мачмуи махсулоти дохила зиёд намудани чамъоварихои андозхо ва кам намудани касри бучетӣ равона карда шавад.
Сеюм, баланд бардоштани масулияти макомотхои махаллии хокимият-хои ичроия доир ба сиёсати бучет ва андоз, инчунин бештар таъмин намудани худмаблаггузори аз бучетхои махаллӣ.
Чорум, маблаги фондхои гайрибучетӣ дар сметаи ягонаи даромаду харочоти ташкилотхои бучетӣ пешбини шуда, дар хисоботи даромад ва харочот инъикос мешавад.
Самтхои асосии нишондихандахои макроиктисодиёт, ки аз руи лоихаи бучети давлати барои соли 2000-2005 тартиб дода шудааст, ин мачмуи махсулоти дохили, андозаи инфляӣия курби пули миллӣ хачми касри бучет, чамъоварихои андозхо вобаста ба мачуи махсулоти дохила ва гайрахо мебошад.
Дар соли 2001 даромади бучети давлати нисбат ба мачмуи махсулоти дохила бояд 14,5% ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2000 -1,5% зиёд мебошад. Дар соли 2002 воридоти даромади бучет нисбат ба мачмуи махсулоти дохила 15,1%ва дар соли 2003-15,6%-ро ташкил дод.
Хамаи ин нишндихандахои макроиктисодиётро ба назар гирифта, даромади бучети соли 2001 дар хачми 301,6 млн сомониро ва харочоти он 314,0 млн сомониро касри бучети 12,4млн сомони, ки ба 0,6% мачмуи махсулоти дохила баробар аст ба накша гирифта аз руи даромадхои давлатии соли 2001 нисбат ба хачми соли 2000-75,6 млн сомони ва аз руи харочот 49,2 млн сомони зиёдтар мебошад1.
Рушди устувори сохахои иктисодиёт дар солхои охир имконият дод, ки хачми даромад ва харочоти бучети давлати нисбат ба Мачмуи Махсулоти Дохила зиёд гардад. Агар Бучети давлати дар соли 2000 – ум аз руи даромад 252 млн. сомони ё 14 % – и Мачмуи Махсулоти Дохиларо ташкил дода бошад, соли чори ин нишондиханда бояд 1,3 млрд – ро ташкил диханд, ки ин дар хачми Мачмуи Махсулоти Дохили ба 18 % баробар шуда, нисбат ба соли 2000 панч баробар зиёд мебошад. Вале мо ба хуби дарк менамоем, ки ин нишондихандахо хануз ба талаботи рузафзуни иктисодиёт чавобгуй нестанд.
Бо максади истифодаи самараноки маблагхои бучетӣ тамоми харочотхои бучетӣ давлатӣ байни сатххои гуногуни системаи бучетӣ вазифадор ва вобаста карда мешавад, ки паи ба амал овардани онхо макомотхои дахлдори поёнӣ – молиявӣ дороӣ сарчашмахӣи худдӣ ва даромадхои танзимкунанда мебошанд. Харочотхои бучетхои махаллӣ ин хамаи харочотхои мувофики таснифоти вазифагӣ ва иктисодӣ барои маблаггузорӣ аз бучетхои махаллӣ тасдик, карда шудаанд. Хамчун сифати намунаи номгуи харочотхои махаллӣ харочотхои бучети шахри Хучандро инъикос менамоем:

Хамчунин айни маврид аст кайд намоем, ки бо назардошти махдудияти воситахои бучетӣ барои пурра таъмин намудани маблаггузории сохахои мукараршуда ва инкишофу тараккиёти онхо аксар вакт давлат ба кумакхои ташкилотхои байналхалкии молиявӣ эхтиёч дорад, ки пайваста дастгирии ин ташкилотхо барои амали гардонидани маблаггузории сохдхои мухталиф басо мухим ва айни муддао аст. Ин аст, ки тибки маълумотхои оморӣ дар соли 2001 бо макcади амалигардонии Барномаи сармояхои давлатӣ ва ёрии Молиявии Чумхурии Точикистон барои солхоӣ 2001- 2003 Хукумати Чумхурии Точикистон як катор созишномахои карзиро ба имзо расонид, ки ба лоихахои афзалиятнок равона карда шудаанд. Дар соли 2001 аз ташкилотхои байналхалки-молиявй ва фондхои мамлакатхои араб сармояхо дар шакли карз ба маблаги умумии 18,76 млн. доллар ворид гашта, ба сохахои мухталифи иктисодиёти миллй равона шуданд.
1 Суханронии Вазири молияи Чумхурии Точикистон Сафарали Начмид-динов оиди лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бучети давлати Чумхурии Точикистон барои солхои 2001-2005»

Просмотрено: 555

1.83K
Нет комментариев. Ваш будет первым!