Самтхои асосии давлат (функсияхои давлат)

Функсияи давлат – самтҳои асосии фаъолияти давлат мебошад, ки барои ҳалли вазифаҳои он татбиқ мешаванд.

Самтҳои фаъолияти давлат, ки барои амалӣ гардонидани вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ равона карда шудаанд, функсияи давлатро ташкил медиҳанд.

Намудҳои функсияҳои давлат:

-1.Дохилӣ

-2.Берунӣ

1.Функсияҳои дохилии давлат:

1)Сиёсӣ — Фаъолияти давлат дар соҳаҳои: иштироки шаҳрвандон, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ дар идоракунии давлат.

2)Иқтисодӣ — Фаъолияти давлат дар соҳахои иқтисодӣ; банақшагирӣ; таҳияи барномаҳои иқтисодӣ; муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии иқтисоди бозорӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ, ҳифзи моликият, ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ғ.

3)Иҷтимоӣ — Фаъолияти давлат дар соҳаи иҷтимоӣ: таъмини шароит барои ҳаёти арзанда ва инки шофи озодонаи инсон ба воситаи кафолатҳои иҷтимоие, ки аз ҷониби давлат дода мешаванд. (таъмини нафақа, дастгирии оилаҳои камбизоат, маъюбон, бепарасторон ва дигарҳо).

4)Экологӣ — Таъмини муҳити зарурии зист барои инсон, ҳифзи экология ва ғ.

5)ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, сохтори конститутсионӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ —кафолат ва таъмини арзишҳои номбурда аз ҷониби давлат.

2.Функсияҳои берунии давлат:

1)Мудофиа — Нигоҳ доштани сатҳи зарурии иқтидории мудофиавии мамлакат

2)Нигоҳ доштани тартиботи мавҷудаи ҷаҳонӣ — Дар арсаи ҷаҳонӣ нигоҳ доштани сулҳ, пешгирӣ ва аз байн бурдани ҷанг, яроқпартоӣ, барҳам задании яроқи қатли ом, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил, терроризм ва экстримизм, маводи мухаддир ва дигарҳо.

3)ҳамроҳ шудан ба иқтисодиёти байналмилалӣ — Барои пешравии иқтисодии давлат ҳамроҳ шудан ба созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии иқтисодӣ (Созмони байналмилалии савдо, Фонди байналмилалии асъор, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд ва дигарҳо).

4)ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ — ҷустучӯ ва дарёфти ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ: демографӣ, экологӣ, кайҳон ва дигарҳо.

1.59K
Нет комментариев. Ваш будет первым!