Давлати Хуқуқбунёд ва нишонаҳои он

Давлати хуқуқбунёд – ин шакли ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти ҳокимияти сиёсии омма аст.

Давлати хуқуқбунёд – давлатест, ки дар он хуқуқ ҳукмрон аст.

Нишонаҳои (аломатҳои) давлати ҳуқуқбунёд:

1)Волоияти қонун – ташкил ва фаъолияти давлат, мақомоти он, шахсони мансабдори давлатӣ, ташкилоту шахсони алоҳида дар асос ва тибқи қонун сурат мегиранд.

2)Таҷзияи ҳокимияти давлатӣ – ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ сурат гирифта, омили асо сии манъи худсарии ҳокимияти давлатӣ мегардад, фаъолияти байни онҳо дар асоси принсипи «худ дорӣ ва муқовимат» амалӣ мегардад. Он принсипи бунёдии давлати ҳуқуқбунёд буда, мустақилияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ва худнигаҳдории онҳоро дар назар дорад. Таҷзияи ҳокими ят дар моддаи 9 Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон баён шудааст.

3)Кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шахрванд – давлат на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр вандро эълон ва эътироф менамояд, инчунин ҳимоя ва ҳифзи онҳоро бояд таъмин намояд.

4)Масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс – дар давлати ҳуқуқбунёд давлат ва шаҳрванд дар назди ҳамдигар масъулияти (ҷавобгарии) баланд доранд. Тавре, ки дар қисми 3 моддаи 5 Консти тутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, давлат на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро эътироф мекунад, балки ӯҳдадор аст, ки онҳоро риоя ва ҳифз намояд. ҳамзамон давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шахрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя ва иҷро намояд. (моддаи 10 Конститутсия)

1.12K
Нет комментариев. Ваш будет первым!