​Истилоҳи экология, пайдоиш ва мазмуни фишурдаи он

Экология илмест роҷеъ ба робитаи тарафайни мавҷудоти зинда, системаҳои биологй ва муҳите, ки онҳо фаъолият мекунанд.

Бо вуҷуди таърихи тӯлонии мушоҳидаи набототу ҳайвонот, шароити иклимии гуногун ва фаъолияти шууро-наи инсон, танҳо нимаи дуюми асри 19 экология чун илми мустакил ташаккул ёфт. Бори аввал ин мафҳумро биологи олмонй Эрнст Геккел (1866) чун яке аз шохаҳои зоология пешниҳод намуда буд. Истилоҳи «экология» аз калимаи юнонии «ойкос» омада, маънои «хона», «манзил» дорад. Таълимоти таҳаввулотии Дарвин (1859), ки робитаи печ-дарпечу хеле мураккаби байни худи мавҷудоти зинда ва та-биати ғайризиндаро ошкор намуд, дар бунёди маърифати экологии имрӯза амалан кадами катъии аввалин буд. Орга-низми зинда ва муҳити атроф ҳамеша дар инкишоф ва аз ҳамдигар вобастаанд. Ин вобастагӣ дар вазъи мувозинатй ва ё ғайримувозинатии муҳити экологй зоҳир мешавад. На-тиҷаи мувозинати шароитҳои табиӣ ва таъсирот ба муҳит-ҳаёти муътадили мавҷудоти зинда аст. То оғози истифодаи босуръати неъматҳои табий аз тарафи инсон низоми эко-логй бештар буд. Инкишофи кувваҳои истеҳсолкунанда ва истифодаи бебаркаши онҳо сабаби вайроншавии бештари мувозинати экологӣ шуданд. Ифлосшавии атмосфера, обҳои зеризаминӣ, баҳру уқёнусҳо, ғуншавии партовҳои гуногун, бештар шудани моддаҳои заҳролуди таркиби маҳсулоти хӯрокворй, ошубҳои номатлуби садоӣ ва ғайра нишонаҳои назарраси вайроншавии мувозинати экологи-анд, ки тамоили афзояндаи онҳоро дар ҳама минтақаҳои сайёра ҳис намудан мумкин аст. Всбаста ба тағйироти шароитҳои муҳити беруна организм бешак дигаргун ва ба ша-роити нав мутобик мешавад, вале аввалан, дар бадали но-комии экологие ба комёбии иқтисодӣ ноил шудан аз ман-фиати наслҳои оянда сарфи назар кардан аст. Сониян, му-тобикшавӣ ҳадди муайян дорад, зеро маҷмӯи муайяни ша-роитҳои ногувор сабаби маҳви мавҷудоти зинда мешавад. Ин аст, ки имрӯз ба ҳалли проблемаҳои иқтисодӣ машғул будани танҳо иқтисодшиносон кофй нест. Яъне тадқиқоти муштараконаи мутахассисони гуногун бо риояи талаботи экологӣ зарур аст.

Дар киеси илмҳои дигар, масъалаи зинаҳои инкишофи илми экология истисно нест. Дар ибтидо вай чун яке аз соҳаҳои биология маҳсуб буд. Сонитар чун илм роҷеъ ба шароитҳои мавҷудият ва робитаи мавҷудоти зиндаву муҳит, илм роҷеъ ба морфологияи ҳамзистии инсон ва на-бототу ҳайвонот, ё илме, ки шароитҳои ҳаёти мавҷудоти зинда ва муҳитро меомӯзад, қаламдод мешуд. Шиносоӣ бо самтҳои мухталифи биологияи муосир (аз қабили зообио-логия, гидробиология, геоботаника, экологияи ландшафт, биокимиёвй, таҳаввулӣ, морфологй, иҷтимоӣ, математикй, палеэкология, аутэкология, синэкология) ақидаи болоро тасдиқ менамояд.

Аз ин ҷо дида мешавад, ки мафҳумҳои «мавҷудоти зин-да», «мухит», «таъсиру робитаи тарафайни махлуқоти муҳит» ҷузъиёти асосии ҳамагуна таърифоти илми эколо-гия мебошанд. Пас масъалаҳои муносибати ба муҳитдоштаи мавҷудоти зинда, робита ва таъсири тара-‘файни онҳо мавзӯи омӯзиши экологияанд. Мақсади асосии ин илм тасвияти (формулировкаи) принсипҳои ҳамзистии организмҳои ҳама соҳаҳои ҳаёт аст. Аз, тарафи дигар бо вуҷуди ҳиссаи табиат буданаш, инсон аз ҷиҳати саҳму таъсири ба олами атрофдошта аз мавҷудоти дигари зинда-ву ғайризиндаи заминӣ фарқ дорад. Ин аст, ки мафҳумҳои экологияи наботот, экологияи ҳайвонот ва экологияи ин-сон дучор меоянд.Истилоҳи «экологияи инсон» нисбатан ҷавон аст. Вай дар адабиёти илмй (Борҷес, Парк, 1921) чун яке аз соҳаҳои тиб дохил шуда буд.

Пас мазмуну мундариҷаи ин илм, ки ба барномаҳои таълимии донишгоҳҳои Аврупо солҳои 1913-20 дохил карда шуда буд, тадриҷан такмил ёфта, доираи масъалаҳои эко-логӣ то рафт васеъ мешавад.

Пешрафти босуръати илму техника ва истеҳсолот дар даҳсолаҳои охир зарурияти шиносой ва омӯзиши экологи-ро бештар намудаанд, зере ҳар дахолати ғайриматлуби ин-сон сабаби ҷароҳати навбатии муҳити зист мегардад, ки баъзан ислоҳи он амалан номумкин аст. Аз байн рафтани баъзе аз намудҳои набототу ҳайвонот ва зимни ин нокомӣ таъсиси «Китоби сурх», фоҷиаи Баҳри Арал, қариб ба нестӣ расидани фаунаи Беп1аи палангон, эрозияи заминҳои корам мисолҳои равшани исботи ақидаи болост.

1.21K
Нет комментариев. Ваш будет первым!